Дракахруст: "Порлумони нав чун қабристон хомӯш нахоҳад буд"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар пайи интихоботи рӯзи 12 сентябр ду вакили мухолифи ҳукумати Беларус соҳиби курсӣ дар порлумон шуданд. Шореҳи бахши беларусии Радиои Озодӣ Юрий Дракахруст мегӯяд, садои ду зани вакил имкон дорад, на танҳо дар байни 110 вакил, балки дар саросари дунё шунида шавад.