Таҳқиқи марги як корманди ҳукумати Душанбе дар Тавилдара

Акс аз бойгонӣ

​Мақомоти пулис ба таҳқиқи марги Саидраҳмон Шарифов, ҳуқуқдони ҳукумати шаҳри Душанбе шурӯъ кардаанд, ки гуфта мешавад, гӯё дар пайи қарздории зиёд дар зодгоҳаш - Тавилдара худкушӣ кардааст.

Идораи умури дохилии ноҳияи Тавилдара ба таҳқиқи марги Саидраҳмон Шарифов – корманди шӯъбаи маъмурию ҳуқуқии шаҳрдории Душанбе сар кардааст, ки гуфта мешавад, дар ҷангалзори назди деҳаи Рубоднов, дар қарибии зодгоҳаш, гӯё худкушӣ кардааст. Ин ҳодиса бегоҳи чоруми июн иттифоқ уфтода, мақомоти пулис ҳам мегӯянд, ҳанӯз хулосаи ниҳоӣ дар бораи марги Шарифов эълон нашудааст.

Вале як мақоми бахши кофтукоби ҷиноии Идораи умури дохилии Тавилдара бидуни зикри номаш 8 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки Саидраҳмон Шарифов бо истифода аз ресмон худро овехтааст ва далелаш, ба қавли ӯ, қарздорияш будааст.

Ӯ афзуд, "аз сӯҳбат бо наздиконаш маълум шуд, ки Саидраҳмон Шарифов бино ба мушкили қарздорӣ худро овехтааст. Аммо ҳанӯз норавшан аст, ки аз кӣ ва чӣ қадар қарздор будааст."

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, Саидраҳмон Шарифов қабл аз ин ҳодиса ба яке аз дӯстони наздикаш дар Тавилдара тамос гирифта ва гуфта будааст, ки ба ҷангалзори назди деҳаи Рубоднов расидааст ва омада ӯро ба хонаашон бибарад. "Вақте дӯсти наздикаш ба ҷангалзор меояд, алакай ҷасади Саидраҳмон дар дарахт овезон будааст," -- идома дод ӯ.

Падари Саидраҳмон Шарифов мегӯяд, интизори натиҷаи таҳқиқи марги ӯ ҳаст ва то ҳоло ба худкушии писараш бовар намекунад. Маҳмадулло Шарифов, падари Саидраҳмон ва пизишки яке аз Марказҳои саломатии шаҳри Душанбе, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол ба ин савол посух надорад, ки чигуна писари таҳсилдидааш худро ба дор кашидааст? Вай афзуд, ҳатто дар бораи қарздории Саидраҳмон чизе намедонист ва матраҳ шудани ин масъала баъд аз марги писараш ӯро ба кӯчаи сарбастае ворид кардааст.

Аммо бародари Саидраҳмон Шарифов дар сӯҳбат бо маъмурони пулис гуфтааст, ки чанд рӯз пеш аз рӯйдод Саидраҳмон аз ӯ барои пардохти қарзаш пул хоста будааст. Асомуддин Сафаров, сардори бахши кофтукоби ҷиноии Идораи пулиси Тавилдара ба нақл аз бародари Саидраҳмон гуфт, ӯ чаҳор говашро фурӯхта ва пули онҳоро ба бародари худ ба Душанбе фиристодааст.

Саидраҳмон Шарифови 38-сола зодаи ноҳияи Тавилдара буда, баъд аз хатми донишгоҳ дар ҳукумати шаҳри Душанбе кор мекард ва се фарзанд доштааст.

Сардори шуъбаи маъмурию ҳуқуқии ҳукумати шаҳри Душанбе мегӯяд, Саидраҳмон тайи тақрибан даҳ сол боз дар ин идора кор мекард ва бо рафтори хубаш намунаи ибрат буд. Вале гуфт ӯ, Саидраҳмон чанд рӯзи охир ба кор ҳозир нашудааст: "Ӯ дар рухсатӣ набуд, аммо ду-се рӯз ба кор наомад. Мо ҳам парешон будем. Якбора ин хабарро шунидем."

Номи Саидраҳмон Шарифов ҳанӯз дар соли 2005, дар пайи рад шудани дархости ҳизби сабтиномнашудаи Тараққиёти Тоҷикистон расонаӣ шуда буд. Он вақт Саидраҳмон Шарифов далели рад шудани дархости гирдиҳамоиро чунин шарҳ дода буд: "Мувофиқи қонун онҳо бояд 15 рӯз пеш аз гирдиҳамоие, ки рӯзашро муайян карда буданд, ба раиси шаҳр хабар медоданд. Аммо мактуби онҳо се рӯз пеш омад ва онҳо меъёри қонунро риоя накарданд. Дуюм ин ки имзои худи раис дар нома набуд ва Ҳизби Тараққиёт ҳамчун ҳизби расмӣ ба қайд гирифта нашудааст."