Як мақоми расмии Украина гуфтааст, ки Виктор Янукович-раиси ҷумҳури пешини ин кишвар ва 4 нафари дигар аз мақомоти баландпояи ҳукумати вай шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд.
Антон Ҳерашенко-вазири корҳои дохилаи Украина дар сафҳаи Facebook-и худ 3 октябр навишт, президент Владимир Путин “фармони махфӣ”- е ба имзо расондааст ва бар асоси он Янукович , Микола Азаров-нахуствазири пешин, Виктор Пшонка-Додситони кулли пешин ва аъзои хонаводаи онҳо шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд.
Украина бар зидди ин се мақоми бадандпояи пешин парвандаи ҷиноӣ боз кардааст ва онҳоро барои куштори эътирозгарони ғайримусаллаҳ муттаҳам медонад. Дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозӣ охири моҳи феврал ин се нафар аз Украина фирор карда буданд.
Мақомоти муҳоҷиратии Русия аз тавзеҳот дар бораи ин фармон худдорӣ кардаанд.