Криcтофер Дорнер оқибат муҷозот шуд

Полиси вилояти Калифорнияи ИМА ҳуввияти мардеро тафтиш мекунад, ки ҳангоми талоши боздошт муқовимат карда ба ҳалокат расидааст. Ҳадс зада мешавад, ки ӯ – корманди собиқи полис Кристофер Дорнер аст.

Ҳафтаи гузашта Дорнер дар саҳифаи Фейсбуки худ таҳдид карда буд, ки барои барканории "ноодилона"-аш аз полиси Лос-Анҷелес дар соли 2008, ӯ аз ҳамкорони собиқаш ва ва аҳли хонаводаашон интиқом меситонад. Ба думболи ин рӯзи якшанбе хабар расид, ки аз тири туфанги Дорнер як ходими амният ва арӯсшавандаи ӯ кушта шуданд. Ҷасадҳои онҳоро дар ҷануби Лос-Анҷелес, дар як қароргоҳи мошинҳои шаҳри Ирвин, пайдо карданд.

Кристофер Дорнер баъд аз панҷ рӯзи кофтукоб дар як фарғатгоҳи мамнӯъгоҳи миллии Сан-Бернардино, воқеъ дар 150-километрии шаҳри Лос-Анҷелес, ошкор шуд. Ӯ аз таслимшавӣ сарпечӣ кард ва сӯи кормандони полис тир андохт. Дар ин тирандозӣ муовини раиси полис ба ҳалокат расид ва як полиси дигар маҷрӯҳ шуд.

Кормандони полис ба камингоҳи Дорнер норинҷакҳои баландсадо андохтанд. Сипас садои тир баланд шуд ва хона оташ гирифт. Баъд аз хомӯш кардани сӯхтор аз ҷойи ҳодиса ҷасади сӯхта ошкор шуд ва акнун полис таҳқиқ мекунад, ки он ҷасади Дорнер аст ё аз каси дигар.

Ёдовар мешавем, ки барои иттилоъ дар бораи маҳалли будубоши собиқ афсари полиси Лос-Анҷелес мақомот як миллион доллар ваъда карда буданд.