Сокинони кӯчаи "Телман"-и пойтахт аз тахриби манзилҳояшон изҳори нигаронӣ карданд.
Роҳи наве, ки дар маҳаллаи мавсум ба "Кирпичний"-и шаҳри Душанбе сохта мешавад, даҳҳо сокини кӯчаи Қурбон Раҳимови ноҳияи Исмоили Сомониро дар дуроҳаи тақдир гузошт. Онҳо мегӯянд, ба маблағе, ки дар ивази хонаҳояшон дода мешавад, манзил харида наметавонанд.
Ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ мегӯяд, масъулияти ҷуброни манзилҳое, ки бояд тахриб шаванд, дар дӯши ширкати "Роҳсоз-7" аст, ки ҳаққи навсозӣ ва васеъ кардани ин роҳи мошингардро дар музояда ба даст овардааст.
Қурбонбой Холов, яке аз сокинони миёнсоли ин маҳалла гуфт, он маблағе, ки ширкати роҳсоз ба ивази тахриби хонааш медиҳад, ӯро қонеъ карда наметавонад: "Як сол қабл хонаи маро 180 ҳазор доллар нарх карда буданд. Аммо ҳоло бар ивази хонаам 50 ҳазор доллар доданиянд. Дар хонаи ман 5 оила зиндагӣ мекунад. Бо ин миқдор ман хонае харида наметавонам, ки 5 оиларо ғунҷонад."
Мисли ҷаноби Холов боз 10 сокини кӯчаи Қурбон Раҳимов, Телмани собиқ, ки ба пуррагӣ манзилҳояшон вайрон мешавад, аз нархгузории ширкати "Роҳсоз-7" розӣ нестанд. Ба гуфтаи онҳо ҳар як метри мураббаъ манзили онҳо аз ҷониби ширкати роҳсоз аз 400 то 550 доллари амрикоӣ нархгузорӣ шудааст, ҳол он ки як метри мураббаъ манзил дар шаҳри Душанбе аз 900 то 1300 доллар мебошад.
Намояндаи ширкати "Роҳсоз-7" дар гуфтугӯи телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз шарҳи масъала худдорӣ кард. Вале ошкор шудааст, ки ин ширкат нархи манзилҳои тахрибшавандаро бо ёрии мутахассисон аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ муайян кардааст.
Хуршед Мирзоев, раиси Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба нархгузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ пиромуни шикояти сокинони пойтахт гуфт, "мо дар асоси методи нархгузории муқоисавӣ манзилҳои шаҳрвандонро нархгузорӣ мекунем, ки на онҳо зарар бинанд ва на буҷаи давлат. Аммо мушкил дар он аст, ки бори аввал ширкати фармоишгар гуфта буд, нисфи хонаи ҳамин шаҳрвандон вайрон мешавад, аммо ҳоло мегӯянд ҳамааш тахриб мешавад. Ҳамаи нофаҳмиҳо аз ҳамин ҷо сар задаанд."
Аммо ҳуқуқшинос Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон ҳангоми тахриб ва ё кӯчондани манзили шаҳрванд ба хотири ягон сохтмони дорои аҳамияти муҳим амволи шаҳрванд бояд бо нархи бозор ҷуброн шавад: "Мувофиқи қонунгузорӣ манзили шаҳрванд ҳангоми кӯчондан бояд бо нархи бозор баҳогузорӣ шавад. Аммо агар баҳои пешниҳодкардаи мақомот ба манзили шаҳрванд ӯро қонеъ накунад, ӯ метавонад ба ширкатҳои хусусии мустақили арзёбии нархи амвол муроҷиат кунад."
Мушкили дигари сокинони кӯчаи Қурбон Раҳимов ин аст, ки ягон ширкати мустақили арзёбии баҳои манзилҳо нахост, нархи хонаи онҳоро баррасӣ кунад. Як корманди чунин ширкат дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, ӯ ба раҳбараш пешниҳод кардааст, нархи аслии ин манзилҳоро муайян кунанд, аммо ҷавоби рад гирифтааст. Соҳибмулкон ҳоло роҳеро барои баромадан аз ин доираи сарбаста наёфтаанд ва мақомоти давлат низ ба кӯмаки онҳо намешитобанд.