Додгоҳи олӣ аз "гуноҳ"-и панҷ сокини Чоркӯҳ нагузашт

Файзиннисо Воҳидова мегӯяд, барои "сафед" кардани ин панҷ сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфара талош мекунад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми 5 сокини Исфараро, ки дар куштори як корманди комиссариати ҳарбӣ муҷрим шинохта шудаанд, бетағйир монд. Моҳи марти соли ҷорӣ додгоҳи вилояти Суғд ин панҷ сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфараро ба куштори Содиқ Ашӯров, корманди комиссариати ҳарбӣ гунаҳкор дониста, аз 12 то 14 сол ба ҳабс маҳкум карда буд.

Вале Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеъ (адвокат)-и ин афрод мегӯяд, нафарони таҳти ҳимояташ бидуни асос боздошт ва маҳкум шудаанд. Ӯ ба ин назар аст, ки зерҳимоятонаш далеле барои қатли корманди коммисариати ҳарбӣ надоштанд, чун ҳамаи онҳо аз хидмат дар сафи Артиш озод буданд.

"Мутаассифона, аз он ки адолати судӣ дар кишвари мо мавҷуд нест, Додгоҳи олӣ низ ҳукми ғайриқонунии додгоҳи вилоятиро бетағйир гузошт. Яъне, панҷ нафаре, ки ҷиноятро содир накарда ва ба он рабте ҳам надоранд, ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ кард. Аммо шахсоне, ки воқеан ин ҷиноятро содир кардаанд, дар озодианд",-таъкид кард вакили мудофеъ.

Файзиннисо Воҳидова

Хонум Воҳидова афзуд, шоҳидони айнӣ ҳанӯз дар додгоҳи вилоятӣ ба бегуноҳии нафарони таҳти ҳимояташ шаҳодат доданд, аммо додгоҳ онро ба эътибор нагирифтааст. Ба гуфтаи он шоҳидон, нафарони маҳкумшуда дар вақти содир шудани ҷиноят дар ҷойҳои дигаре қарор доштаанд. Аммо додгоҳ ин далелҳоро ба назар нагирифта ва ҳатто аз додситонии Исфара тақозо карда буд, алайҳи се шоҳид бо айби "шаҳодати бардурӯғ" парванда боз кунад.

Содиқ Ашӯров, масъули мизи ҳарбии ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, шаби 12 ба 13-уми сентябри соли 2011-ум лату кӯб ва қатл шуда буд.

Ноҳияи Исфара, ҳаммарз бо Қирғизистон, аз минтақаҳои фаъолияти гурӯҳу ҳаракатҳои тундрав ба мисли Ҷунбиши Исломии Узбакистон маҳсуб мешавад ва солҳои охир чанд корманди низомӣ дар ин маҳал ба қатл расидаанд. Аммо панҷ нафари маҳкумшуда ба ҳеҷ як созмони тундрав иртиботе надошта, қаблан ба гумони содири ҷинояте муҳокима нашудаанд.

Файзиннисо Воҳидова мегӯяд, ӯ ва волидайни маҳкумшудагон тасмим гирифтаанд, талоши худро барои сафед ва аз ҳабс озод кардани панҷ нафари таҳти ҳимояташ идома хоҳанд дод. Ӯ илова кард, нахуст аз додситонии кулл тақозо хоҳанд кард, ки алайҳи ҳукми Додгоҳи олӣ эътирози назоратӣ оварад ва тафтиши дигарбораи онро талаб кунад.

"Нафарони таҳти ҳимоятам бегуноҳ ҳастанд ва агар додгоҳ боинсофона барпо шавад, исботи бегуноҳии онҳо душвор нест. Аммо аз ҳайати имрӯзии Додгоҳи олӣ чунин умед надорем",-мегӯяд Воҳидова.