Нафаре, ки худро корманди Хадамоти почта вонамуд карда, нафақахӯронро фиреб медодааст, боздошт шуд.
Любов Белова, сокини шаҳри Хуҷанд, аз ҷумлаи он бознишастагонест, ки ба доми ин корманди дурӯғини Хадамоти почта афтодааст. Вай дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, "шом буд, ки дари кулбаамро куфтанд. Вақте дидам, як марди болобаланди миёнсол истодааст. Ӯ худашро корманди почтаи марказӣ ва номашро Абдусаттор муаррифӣ кард ва гуфт, барои Шумо аз Русия бо ҳавопаймо бор омадааст ва ҳоло ба ман 40 сомонӣ пардохт кунед ва фардо субҳ метавонед борро бигиред."
Хонум Белова афзуд, "медонам, ки дар ин гуна ҳолатҳо ҳуҷҷат пурсидан лозим аст. Аммо чун гуфт, ки чизи омада аз номи духтарам аст, бовар кардам. Худ 21 сомонӣ пул доштам, бо шитоб аз ҳамсояам 20 сомонӣ қарз гирифта, ба дасти вай додам."
Ин сокини бознишастаи Хуҷанд танҳо рӯзи дигар дар почтаи марказӣ фаҳмидааст, ки ба монанди ӯ 7 нафари дигар барои бори набуда пул пардохтаанд. Любов Белова мақоми шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро дорад. Ягона духтараш соли 1992 Тоҷикистонро тарк карда, ҳоло дар Санкт-Петербург ҳамроҳи хонаводааш ба сар мебарад. Духтараш бисёр мехостааст Белова ба Русия назди фарзанду наберагон баргардад. Вале ӯ мегӯяд, аз як сӯ бародар ва аз сӯи дигар меҳри бастааш ба Тоҷикистон ӯро намегузоранд, ки Тоҷикистонро тарк намояд.
Дар пайи шикояти хонум Белова ва ду зани дигари рустабори фиребхӯрда, кормандони ҳифзи ҳуқуқ Исмоил Худоёров, сокини 48- солаи ноҳияи Конибодомро дастгир кардаанд. Фаррух Ҳоҷибоев, муовини сардори шуъбаи қисмати "Соҳили рост"-и Хуҷанд гуфт, ҳоло дар муқобили Худоёров мутобиқи банди "қаллобӣ"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст.
Ӯ гуфт, қаблан Худоёров дар шаҳри Қайроққум низ бо роҳи қаллобӣ ба даст афтода, нисбат ба вай парванда боз шуда буд, аммо бар асоси Қонуни афв озод шудааст. Ин навбат вай дар Хуҷанд худро кормани масъули почтаи марказӣ вонамуд кардаву шаҳрвандони солхӯрдаву танҳои рустаборро фиреб дода ва 150 сомонӣ пули онҳоро аз худ кардааст.
Ба гуфтаи кормандони интизомӣ, дар Хуҷанд чунин усули қаллобӣ ва аз худ кардани маблағи дигарон нахустин бор ба қайд гирифта шудааст. Мақомоти интизомӣ пулҳои нафақахӯронро аз Худоёров гирифта, ба соҳибонаш бозгардонидаанд.
Дар посух ба саволи "Озодӣ", ки оё танҳо як каси дастгиршуда танҳо ба қаллобӣ машғул шуда, ё ҳамроҳи гурӯҳ ин корро анҷом додааст, масъулони тафтиши парванда гуфтанд, ки аз рӯи натиҷаҳои тафтиши аввалия ин амал аз ҷониби як кас сурат гирифтааст. Исмоил Худоёров сокини яке аз деҳаҳои Конибодом буда, дар ҷойе кор намекардааст ва ба хотири дарёфти маблағ барои аҳли хонаводааш роҳи фиребу қаллобиро пеш гирифтааст. Роҳе, ки сода буд, аммо хеле кӯтоҳ.