Ёрӣ ба ҳайвоноти ваҳшӣ дар сармои зимистон

Сангин Қурбонов, экологи тоҷик

Идораи ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд амалиёти "як моҳи ҳифзи олами ҳайвонот"-ро эълон кард.
Ин тасмим барои ҳимояти ҳайвоноту паррандагон аз сардиҳои зимистони имсола рӯи даст гирифта шудааст. Сангин Қурбонов, як масъули Идораи ҳифзи муҳити зисти Суғд мегӯяд, сардиву сербарфӣ ва камбуди ғизо ба ҳайвоноту паррандагони Тоҷикистон, ки бархе аз онҳо нодиранд, хатари нобудӣ пеш овардааст.

Бинобар ин, гурӯҳи табиатдӯстон, кормандони идораҳои муҳити зист, хоҷагии ҷангал ва сайёдон якҷоя ба тақсими беш аз 20 тонна алафи хушку дона, аз ҷумла меваи ангат дар маҳалҳои зисту чаро оғоз намудаанд.

Ҷаноби Қурбонов: "Мо ин корро дар зимистонҳои сербарф, ки ғизо ёфтан ба ҳайвонот душвор мешавад, ба тариқи иловагӣ анҷом медиҳем. Аз ҳайвоноти шикорӣ: бузи кӯҳӣ, оҳуи бухороӣ, хуки ёбоӣ, хирси малла; аз паррандаҳоҳо: кабки сангсор, мурғи ҳилол, тазарви зарафшониву сирдарё, лочини балобак, мурғи дуғдор, ки ба китоби Сурхи Тоҷикистон шомиланд, ба ин гуна ғамхорӣ ниёз доранд."

Ёрӣ ба ҷонварони ваҳшӣ умдатан дар мамнӯъгоҳ ва парваришгоҳҳои Шаҳристону Панҷакент, Айниву Ашт ва ҳавзаи рӯди Сир роҳандозӣ шудааст. Ба ин монанд, дар қисмати ҷануби Тоҷикистон низ кормандони ҳифзи муҳити зист ба ҳайвоноти аз сармо ранҷдидаи мамнӯъгоҳҳои Мӯъминобод, Шӯрообод, Ховалинг ва Балҷувон дасти кӯмак дароз кардаанд.

Бархе сокинони манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон мегӯянд, сардиву сербарфии имсола селаи кабку кабӯтарони кӯҳиро маҷбур кард, ки дар ҷустуҷӯи ғизо ба бому ҳавлии одамон фуруд оянд.

Табиатдӯстони вилояти Суғд мегӯянд, саршумори бархе аз ҳайвоноти нодир, мисли бабр ва хирси малла, ки кӯҳистони Зарафшон маскани онҳо буд, тақрибан ба нестӣ расидааст. Ба гуфтаи ҷангалбонҳо ва муҳофизони табиати Суғд, дар ҳоли ҳозир дар парваришгоҳи Зарафшон ҳудуди 50 оҳуи бухороӣ, ки яке аз 5 ҳайвоноти нодири ба китоби Сурхи Ҷаҳонӣ воридшудаи Тоҷикистон аст, ва тақрибан ҳамин қадар оҳуи навъи ҷайрон дар парваришгоҳи Ашт ба сар мебарад. Аммо бабру хирси маҳаллӣ ангуштшумор боқӣ мондаанд.

Толиб Ҳобилов, донишманди табиатшинос, раҳбари итттиҳодияи дӯстдорони табиати Суғд, роҳандозии амалиёти "як моҳи ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ"-ро дар ҳифзи ҳайвоноти нодир иқдоми ҷиддӣ ва муҳим донист.

Амалиёти "Як моҳи ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ" аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар ҳама манотиқи кишвар роҳандозӣ шуда, то 13-уми марти соли ҷорӣ идома хоҳад дошт.