Шоми имрӯз нозирони араб вориди Сурия мешаванд

Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, имрӯз нируҳои амниятии Сурия дастикам 13 нафарро дар шаҳри Ҳомс ҳадафи тир қарор додаанд.Ин дар ҳолест, ки қарор аст имрӯз ҳудуди 50 нафар нозирони кишварҳои Ҷомеаи Араб вориди ин кишвар шаванд. Муҳаммад Салим Илмиковӣ-нозир аз Иморотии Муттаҳидаи Араб дар фурудгоҳи Қоҳира ба рӯзноманигрон гуфт:

“Баъд аз он, ки ҳукумати Сурия протоколро имзо кард, акнун чанд нуктаи он бояд иҷро шавад. Тибқи он амнияти нозирон таъмин мешавад, онҳо ҳақи гашту гузори озод дар кӯчаву хиёбонҳоро доранд, ҳақ доранд аз зиндонҳо боздид кунанд ва бо намояндагони мухолифон мулоқот анҷом диҳанд”.

Ҳафтаи гузашта як гурӯҳи 9 нафарии нозирони араб ба Димишқ-пойтахти Сурия омада буданд. Боздиди нозирони кишварҳои арабӣ бахше аз тавофуқотест, ки миёни ҳукумати Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия ва Ҷомеаи Араб ба даст омадааст. Қарор аст то охири моҳи ҷорӣ 150 нозири араб вориди Сурия шаванд.