Евро: Соли имтиҳонҳо гузашт, соли сарнавиштсоз омад

Соли 2011 ҳамчун соли "имтиҳони хеле мушкил" барои пули умумии Аврупо унвон дода мешавад.
Соли 2012 барои пули аврупоӣ ҳалкунанда хоҳад буд. Маҳз дар ҳамин сол барномаи наҷоти евро, ки аз тарафи Олмону Фаронса пешниҳод шудааст, мавриди иҷро қарор мегирад. Натиҷаи он ё пирӯзии рӯҳияи ваҳдати аврупоӣ ва ё тавсеаи кашмакашҳои миллии кишварҳои ин минтақа хоҳад буд.

Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, барномаи мазкур, ки 9 декабр дар Брюссел матраҳ шуд, на танҳо барои минтақаи гардиши евро, балки тамоми кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо муҳим аст.

Хосе Мануэл Баррозу, раиси Кумиссиюни аврупоӣ, ниҳоди иҷроияи Иттиҳодияи Аврупо, дар ин бора гуфт, “ин созиши 17 кишвари минтақаи гардиши евро набуда, мувофиқатномаи 27 кишвари узви созмон аст. Ҳафтаи гузашта раҳбарони аксари кишварҳову ҳукуматҳои узви Иттиҳодия ба татбиқи барномаи ҳамоиши аврупоӣ дар самти танзими Иттиҳоди пулӣ омодагӣ нишон доданд. Онҳо собит намуданд, ки ҷонибдори тавсеаи ҳамоиши Аврупо ҳастанд, на мухолифи он.”

Ҳадаф аз барнома эҳёи эътимоди сармоягузорон ба пули аврупоӣ мебошад. Бар пояи он кишварҳои хилофкор, яъне кишварҳое, ки касри беш аз ҳадди буҷа доранд, мавриди муҷозот қарор мегиранд. Ба ақидаи муаллифони барнома барои наҷоти минтақаи евро кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бояд бахше аз соҳибихтиёрии худро ба ниҳодҳои аврупоӣ таслим намоянд. Аммо Бритониё, ки шомили минтақаи гардиши евро намебошад, аз дастгирии ин барнома сарпечӣ кардааст.

Хосе Мануэл Баррозу

Яке аз сабабҳои дигари мухолифат ба барнома ин аст, ки баъзе кишварҳоро онро ҳамчун стратегияи аз тарафи Олмон боршуда арзёбӣ мекунанд. Дар ҳақиқат, бахши бузурги сармояи харидории қарзҳои минтақаи евроро Берлин пардохт хоҳад кард. Тибқи нақшаи Олмон кишварҳо бояд барномаи хуруҷ аз бӯҳронро пайгирона иҷро кунанду Олмон ба ҳайси муҳаррики Иттиҳодияи Аврупо аз ҳисоби содирот ва афзоиши истеҳсоли иқтисодӣ евроро ба истилоҳ муолиҷа хоҳад кард.

Вале шореҳи пажӯҳишгоҳи Легатуми Лондон ба иҷрои ин барнома зиёд эътимод надорад: “Кишварҳои канораҳои Аврупо рақобарпазириашонро аз даст медиҳанд. Сарфи назар аз омодагии Олмон ба содирот, агар иқтисоди олам ва кишварҳои аврупоӣ дар ҳоли бӯҳрон қарор гиранд, эҳтиёҷоти онҳо ба содироти олмонӣ ҳам коҳиш меёбад. Ба фикрам, ин намуна имкони зиёди татбиқ надорад.”

Ҷумҳурии Чех ва Полша ё худ Лаҳистон низ аз ин барнома, ки тавсеаи ихтиёроти Иттиҳодияи Аврупоро мадди назар дорад, хушҳол нестанд. Ду кишвари ёдшудаи Аврупои марказӣ узви минтақа евро набуда, суол гузоштаанд, ки чаро онҳо аз ҳисоби худ хатоҳои кишварҳои минтақаи евроро ислоҳ кунанд.

Барномаи аврупоӣ ҷамъи 2000 миллиард евроро мадди назар дорад, ки бояд ба Сандуқи байналмилалии пул ирсол шуда, таввассути он ба кишварҳои ниёзманди аврупоӣ тақдим шавад. Хуллас, дар соли 2012-ум барномаи наҷоти евро роҳи пур печу тобе дар пеш хоҳад дошт.

Соли 1997 хеле барвақттар аз оғози гардиши пули аврупоӣ иқтисодшиноси маъруфи амрикоӣ Мартин Фелдстайн таъкид карда буд, ки бидуни Иттиҳоди сиёсиву молӣ евро пули умумиаврупоиро сарнавишти норӯшане мунтазир хоҳад буд. Ӯ ҳамчунон хотирнишон кардааст, ки агар кишварҳои аврупоӣ бо ҳадафи наҷоти пули умумӣ ҳамоишро таҳким бахшанд, таввсеаи ихтилоф миёни кишварҳои аврупоӣ ва ҳатто низоъ имконпазир хоҳад шуд.

Тахмин меравад, ки дар ҳоли нокомии барномаи наҷоти минтақаи евро Олмон ва дигар кишварҳои сарватманди минтақа ҳозир хоҳанд буд, имкони ташкили як минтақаи хурдтари гардиши пули умумиро баррасӣ кунанд, ки дар он назорати молӣ дар савияи баландтаре қарор гирад. Агар ин ҳолат рӯй диҳад, минтақаи евро аз байн рафта, Аврупо ба марҳилаи нав ва то кунун фатҳношуда қадам хоҳад монд.