Урунбой Усмонов мегӯяд, "ҳақ ба ҳақдор мерасад"

Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ

Ба қавли вакили мудофеи Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ, нафари таҳти ҳимояташ шиканҷа шудааст.
Файзинисо Воҳидова гуфт, боздошти Урунбой Усмонов санаи 13-уми июни соли ҷорӣ сурат гирифта, аммо дар протокол як рӯз дертар, 14-уми июн сабт шудааст.

Дар тӯли ин як шабонарӯз, ба гуфтаи хонум Воҳидова, хабарнигори Би-би-сӣ мавриди озору азият қарор гирифтааст. Бинобар ин, ӯ аз додгоҳи вилояти Суғд хостааст, то он кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки Усмоновро боздошт кардаанд, ҷиҳати бозпурсӣ даъват карда шаванд.

Рӯзи панҷшанбеи 25-уми июн қарор аст бозбинии парвандаи Урунбой Усмонов аз сар гирифта шавад ва боздошткардагони ӯ низ
Файзиннисо Воҳидова

дар додгоҳ ҳозир хоҳанд шуд. Хабарнигори "Озодӣ" дар сӯҳбате, ки бо Урунбой Усмонов дошт, нахуст пурсид, ки ба ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ чӣ назар дорад?

Урунбой Усмонов: "Хушбахтона, дар ҷараёни мурофиа айбномае, ки бар зидди ман эълон карда буданд, исботи худро наёфт ва сохтаву бардурӯғ будани он рӯшан шуд. Вале як чизро намефаҳмам. Додрас гаштаву баргашта аз ман мепурсад, ки чаро Шумо дар бораи мулоқот бо ду узви Ҳизбуттаҳрир хабар надодед. Ман ҳам посух гуфтам, ки дар пайи фаъолияти касбӣ бо онҳо дидор ва мулоқот кардаам. Аз тарафи дигар, ман як иғвогариеро дар муқобили худ эҳсос мекунам, аммо намедонам он аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё созмоне ва ё ягон нафари алоҳида роҳандозӣ мешавад."

Озодӣ: Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Шумо аз ду маврид дар парвандаатон ёдовар шуд. Аввал ин ки Шумо рӯзи 13-уми июн боздошт шуда, як шабонарӯз мавриди шиканҷав қарор доштед. Дуввум, мақомот санаи боздошти
Урунбой Усмонов (чап) бо вакили мудофеъ, Абдуқаюм Юсуфӣ

шуморо расман 14-уми июн эълон кардаанд, ва он рӯзи бадрафтории мақомот аз парванда "гум" шудааст. Шумо ҳам инро таъйид мекунед?

Урунбой Усмонов: "Аслан ба худам қавл дода будам, ки дар бораи бадрафторӣ ва шиканҷае, ки бар алайҳи ман раво дида шуд, сӯҳбат накунам. Вале чун рӯзи мурофиа вакили дифоъ дар ин бора сухан гуфтанду ба ман рӯирост савол доданд, маҷбур будам, ки ҳақиқатро бигӯям."

Озодӣ: Дар ҳақиқат Шуморо озору шиканҷа карданд?

Урунбой Усмонов: "Хоҳиш мекунам, дар ин бора ҳоло сӯҳбат накунем. Вақташ ояд, мумкин дар ин бора муфассал ҳарф мезанем."

Озодӣ: Алъон хонум Воҳидова тақозо дорад, то он нафароне, ки Шуморо боздошт ва шиканҷа кардаанд, ба додгоҳ ҳозир шуда, посух гӯянд. Шумо ҳам ба онҳо саволе доштед?

Урунбой Усмонов: "Мумкин аст дар ҷараёни мурофиа саволе пайдо шавад. Аммо ҳоло агар як чизро нагӯям беадолатӣ мешавад. Нисбат ба ман аз тарафи ду нафар муфаттиш ягон шиканҷа ё бадрафторӣ нашуд… Лекин Шумо ба гуфтаи ман аҳамият диҳед, ки ҳозир танҳо дар бораи ду нафар ҳарф мезанам. Лекин дар бораи дигар нафароне,
Урунбой Усмонов пас аз раҳоӣ аз боздоштгоҳ дар ҳалқаи дӯстону наздикон

ки маро боздошт карданд, ҳеҷ чиз нагуфтам. Аз Худо мехоҳам, ки дар ин рӯзҳои Рамазон ба онҳо инсоф диҳад, агар виҷдон дошта бошанд, виҷдонашон азоб мекашад, Барои чӣ онҳо дурӯғ мегӯянд? Хайр, вақт довар аст. Ман ба ин бовар дорам."

Озодӣ: Ҳоло чӣ ҳол доред, ба чӣ кор машғулед?

Урунбой Усмонов: "Аслан ман дар даст роҳхат доштам ба бемористони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров. Гӯшам каме вазнин шуда буд ва дар хона табобат мегирам. Инчунин, бемории сар дорам, ки бояд ба табобати он низ машғул шавам. Аммо додрас гуфтанд, ки не, ба ин баъд машғул мешавед. Ҳоло умед аз Худо дорам, ки шифо бубахшад. Дар 31 рӯзи боздошт 9 кило хароб шудам. Ҳамаи он чиро, ки аз сарам гузашт ва дарду бемориҳоямро бигӯям, гиря гулӯгирам мекунад. Ҳамааш гузашт. Ман ба касе ҳам даъво надорам. Чуноне ки гуфтам, вақт довар аст ва ҳақро ба ҳақдор мерасонад. Аз таҳти дил бовар дорам, ки давлати Тоҷикистон як давлати дунявию демократӣ бунёд карда истодааст. Як мисоли оддӣ ин ки худи президент – Эмомалӣ Раҳмон дар бораи озод кардани ман, ҳарчанд дар замони тафтишот бошад ҳам, тасмим гирифтанд. Ҳозир ҳам умедворам, ки аз тақдири ман огоҳ мешаванд. Умед дорам, додгоҳ низ чун президент одилона рафтор мекунад."