Рӯзи 5-уми август бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи Кохи матбуот баргузор шуд.
Ин кохи 13-ошёна баландтарин бино дар маркази вилояти Суғд аст, ки бо сарфи 18 миллион сомонӣ аз соли 2007 то кунун бунёд шудааст.
ХУҶАНД ДАР "НАЗОРАТ"-И ХАБАРНИГОРОН
Ҷаноби Раҳмон ифтитоҳи чунин коргоҳи бузургро ба расонаҳо ва хабарнигорони Суғд табрик гуфт. Вай ҳуҷраҳои кории кохи мазкурро барои фаъолияти рӯзноманигорон хуб номид ва зимни сӯҳбати кӯтоҳ дар ҳузури хабарнигорон
ҳазломез илова кард, ки аз баландии ин кох маркази вилояти Суғду фаъолияти раҳбарони вилояту шаҳр зери назари хабарнигорон хоҳад буд. Ин ҳамзамон ишорае буд ба нақши матбуот дар ҳаёти ҷомеа.
Ҷовиди Аштӣ, хабарнигори нашрияи «Ҷумҳурият» дар Хуҷанд гуфт, раисҷумҳур ба ҳар дафтари корӣ даромада, бо хабарнигорон мулоқот ва барори корҳои эҷодӣ таманно намуд.
РАСОНАҲОИ ДАВЛАТӢ ВА ҒАЙРИДАВЛАТӢ
Ҷӯра Юсуфӣ, муовини сардабири нашрияи «Вароруд», яке аз расонаҳои мустақили вилояти Суғд гуфт, нашрияаш дар ду соли ахир дар шароити ногувори молӣ қарор дорад ва пардохти ҳаққи иҷораи дафтар барояшон ба сахтӣ даст медиҳад. Агар утоқҳои Кохи матбуот бо нархи қобили қабул пешниҳод шавад, ба ин ҷойи нав кӯч хоҳанд баст. Зеро утоқҳои Кохи матбуот дорои компютеру принтер ва шабакаи интернет аст.
Зимнан, ҳукумат расонаҳои худро дар биноҳои ҳукумативу муассисаҳои дигари давлатӣ дар канори хеш гирифтааст. Мушкили дафтар асосан хоси расонаҳои ҳамагонии мустақил аст.
Бархе рӯзноманигорони Суғд мегӯянд, ҷо додани ҳама расонаҳо дар зери як бом назорат ва контроли онҳоро барои мақомот сабук хоҳад кард.
ХАБАРНИГОРОНИ ПУШТИ МИЛАҲОИ ЗИНДОН
Боз шудани Кохи матбуот дар ҳоле сурат мегирад, ки аз поёни соли гузашта то кунун ду хабарнигор дар вилояти Суғд дар пайи фаъолияти касбӣ ба паси панҷара кашида шуданд. Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори маҳаллии нашрияи «Нури зиндагӣ» дар ноҳияи Ашт дар пайи чопи мақолаҳои танқидӣ дар бораи фаъолияти раҳбарони ҳукумати ин маҳал бо хости ин раҳбарон моҳи нуҳум аст дар маҳбас қарор дорад.
Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар вилояти Суғд бо иттиҳоми собитнашудаи мансубият ба Ҳизб-ут-таҳрир як
моҳро дар боздошт сипарӣ кард. Алайҳи ин ду хабарнигор парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.
Бархе аз хабарнигорони Суғд мегӯянд, ки онҳо ҷиҳати пешбурди кори худ ба таъмини ҳуқуқӣ ва таҳаммулпазирии раҳбарон дар баробари навиштаҳои танқидии онҳо, бештар аз коху қасрҳо ва утоқҳои муҷаҳҳаз ниёз доранд. Онҳо мегӯянд, ки танҳо гиромидошти ҳуқуқи касбиашон ба фаъолият ва баёни озоди онҳо мусоидат хоҳад кард.
Сафари кории раисҷумур Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, ки дар зимни он Кохи матбуотро боз кард, рӯзи чоршанбеи 3-юми август аз шаҳри Панҷакент шурӯъ шуд. Анҷоми сафар рӯзи 6-уми август дар Хуҷанд бо баргузории намоиши ботантанаи ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар ҷойи қаблии ҳайкали Ленин дар назар аст.