Як куртаву пойафзол. Тӯҳфа ба камбизоатони Кӯлоб

Акс аз бойгонӣ

Дар тӯли як ҳафтаи гузашта андозаи пой ва тани беш аз панҷ ҳазор сокини минтақаи Кӯлобро мушаххас ва сабт кардаанд.
Масъулини Оҷонси ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ мегӯянд, ба ин 5 ҳазор сокини минтақа иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, садамаи чернобил, ҷанги Афғонистон ва афроди ниҳоят камбизоат шомил мешавад.
Дар дини ислом омадааст, вақте бо дасти ростат хайр мекунӣ, бояд дасти чапат огаҳ набошад. Аммо дар тамоми Тоҷикистон ё шаҳр овоза карданд, ки фалон шахс ду кило равғану
даҳ кило орд хайр кард. Ин чӣ маъно дорад?


Қурбоналӣ Дӯстмуродов, корманди масъули ин Оҷонс мегӯяд, ба онҳо супориш шуда буд, ки то ин корро дақиқ анҷом бидиҳанд, зеро ба ҳангоми тақсими курта ва пойафзол ба ин табақаи ниёзманд ва фарзандони онҳо иштибоҳ содир нашавад.

Ба гуфтаи ӯ, бо қарори ҳукумати маҳаллӣ ва ҳукумати марказӣ тасмим аст, дар ростои таҷлил аз 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон ба афроди ниёзманд курта ва пойафзол ҳадя карда шавад.

Ҷаноби Дӯстмуродов афзуд: "Мо ин корро ба он хотир кардем, ки дар бисёр ҳолат, вақте кӯмак мешуд, андозаҳо нодуруст меомад. Ҳоло мо аз 20 то 43 андозаи пой чен кардем. Бори аввал аст, ки ин миқдор ниёзмандонро бо либосу пойафзол, Худо хоҳад, таъмин мекунем. Иншоолоҳ, ин кор пеш аз истиқлолият мешавад."

ХАЙР Ё ГУРЕЗ АЗ АНДОЗ?


Дар Тоҷикистон расм шудааст, ки дар ростои ҳар ҷашни давлатӣ ва идҳои мазҳабӣ аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ намоишкорона ба афроди ниёзманд кӯмак расонида мешавад.

Рустами Саъдулло, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, чунин корҳои ба истилоҳ хайриявӣ дар моҳи Рамазон афзоиш меёбад. Ба қавли ӯ, кӯчактарин чунин иқдом аз телевизиони марказӣ ё маҳаллӣ намоиш дода мешавад, ки ин мӯҳтавои савоб ва хайр карданро зери суол мебарад.

Ӯ мегӯяд: "Дар дини ислом омадааст, ки вақте бо дасти ростат хайр мекунӣ, бояд дасти чапат огаҳ набошад. Аммо дар тамоми Тоҷикистон ё шаҳр овоза карданд, ки фалон шахс 2 кило равғану даҳ кило орд хайр кард. Ин чӣ маънӣ дорад? Ба фикри ман, ин намоишдиҳиҳо фақат гурези корхонаҳову масъулин аз андози давлатӣ ҳаст, ки каме хайр мекунанд ва андозашон кам карда мешавад."

ИШТИРОКЧИИ ҶБВ: "НАФАҚАИ ХУБ МЕГИРЕМ"


Гузашта аз ин, чунин хайру кӯмакрасониҳо ба зиндагии маъюбон ва иштиркочиёни ҷанг чӣ таъсире мегузорад? Ҷумъа Пулодов, собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ мегӯяд, нафақаи онҳо хеле боло бурда шудааст, ки барои рӯзгузаронӣ кифоят мекунад.

Пӯлодов афзуд: "Нафақаамон аз ҷониби ҳукумат боло бурда шудааст, ки ин бароямон басанда аст. Хеле миннатдорем, ки ба қадри мо иштиркчиёни ҷанг мерасанд."

Теъдоди иштиркочиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон кам боқӣ мондааст ва сол то сол ҳукумати Тоҷикистон нафақаи онҳоро афзоиш медиҳад.

КӮМАКҲО НА БА ҲАМА МЕРАСАНД...

Аммо чанд тан аз иштирокчиёни садамаи Чернобил дар Кӯлоб, ки нахостанд, номашон зикр шавад, изҳор доштанд, ки чунин кӯмакҳо аслан ба онҳо хеле кам дастрас мешавад ва ҳеҷ таъсире дар зиндагиашон немгузорад. Ҳатто ба гуфтаи онҳо бархе имтиёзҳояшонро наметавонанд, истифода баранд.

Ба андешаи онҳо, аз ҳама хубтар бояд ҳукумат онҳоро ба таври имтиёзнок бо ҷои кор таъмин кунад, ки худ тавонанд, зиндагиашонро беҳбуд бахшанд.

Масъулини Оҷонсии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ мегӯянд, шумори чунин эҳтиёҷмандон дар минтақа аз сад ҳазор бештар аст, ки бо навбат ба онҳо ҳукумати кишвар ва корхонаву идораҳо дар арафаи ҷашни истиқлол кӯмак хоҳанд кард.