Бар асари сӯиқасд ба волӣ духтари раҳгузар кушта шуд

Абдул Башир Солангӣ

Волии вилояти Парвони Афғонистон Абдулло Башир Солангӣ имрӯз ҳадафи сӯиқасд қарор гирифт.

Як маргталаб худро дар ҳоле тарконд, ки мошини волӣ аз қароргоҳаш берун мешуд. Ва аммо Солангӣ дар мошин набуд.

Бар асари таркиш як духтари раҳгузар – толибилми мактаб ба ҳалокат расид, муҳофизи волӣ ҷароҳат бардоштааст.