Даҳҳо ҳазор ҳектор замини Хатлон дар "тасарруф"-и малах

Малахи навъи марокашӣ дар ҳазорҳо ҳектор замину пуштаҳои Хатлон тухмгузорӣ карда, хатари интишори он ба киштзорҳо афзудааст.
Қутбиддин Мирзоев, раиси корхонаи воҳиди давлатии мубориза бо малах дар вилояти Хатлон, гуфт, ҳоло 82 ҳазор ҳектор замину пуштаҳо дар 12 ноҳияи минтақа зери, ба истилоҳ, «тасарруф»-и малах қарор гирифтааст.

НИГАРОНИИ КИШОВАРЗОН

Дар ҳоле, ки коршиносони умури кишоварзӣ, хушксолӣ ва коҳиши тавлидоти гандуму дигар маҳсулоти ғизоӣ дар соли ҷориро пешгӯӣ мекунанд, хароб шудани даҳҳо ҳазор ҳектор замин дар пайи ҳамлаи малах, сокинони ҷануби Тоҷикистонро нигарон кардааст.


Давлати Шоҳэътибор, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, болоравии қиматҳо дар бозорро ба вазъи бамиёномада аз ҳамлаи малахи марокашӣ ба заминҳои кишти Хатлон ва хушксолию талафи ҳосил марбут медонад: «Вазъият хеле ташвишовар аст, ҳамлаи малах хеле заминҳоро хароб кардааст. Ҳама тоҷирону кишоварзонро ин ҳолат нигарон карда, сабаби ташвишу изтироб ва болоравии нархи озуқа дар бозор шуд. Ягон роҳеро намебинам, ки нархҳои болорафтаи бозорро поин барад ва вазъи таъминоти аҳолӣ бо маводи озуқа беҳтар шавад…»

МАҚОМОТ: "ХИСОРОТ НОЧИЗ АСТ"

Вале ба иддаои Қутбиддин Мирзоев, раиси идораи зиддималахи Хатлон, хисороти расида аз ҳамлаи малах ба заминҳои кишти гандум ночиз мебошад, аммо дарвоқеъ, хушксолии имсола сабаби домангустарии малах дар саҳро ва пуштаҳои Хатлон шудааст.

Бештар аз ҳама навоҳии марзии Панҷу Қумсангир ва Шаҳритусу Носири Хусрав аз ҳамлаи малах зиёни молӣ бардоштаанд. Ҷаноби Мирзоев гуфт, ҳанӯз мутахассисон ҳисобу китоби зарари умумии харобкориҳои малах ба иқтисоди Хатлонро ба поён нарасонидаанд, аммо афзуд: «Дар 74 540 ҳектор коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд, дар корҳои безарарсозӣ 2493 нафар иштирок кардаанд. 1180 аппарати дастӣ, зиёда аз 300 адад аппаратҳои моторӣ ва 26 ОВХ, яъне тракторҳои дорупош истифода шуда истодааст…»

Ҷаноби Мирзоев гуфт, ки барои одамоне, ки дар ду моҳи ахир ба маҳви малахи марокашӣ машғул ҳастанд, аз 200 то 500 сомонӣ дастмузд дода шудааст ва барои умури безарарсозӣ беш аз 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ маблағ масраф гардидааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки имсол аз буҷаи давлат барои мубориза бо малах 4 миллиону 200 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 910 ҳазор доллари амрикоӣ ихтисос дода шудааст.


МУБОРИЗАИ НОМУАССИР БО МАЛАХ

Аммо ба иддаои коршиносон, наҳваи мубориза бо малах дар чанд соли ахир номуассир мебошад, чун сол аз сол майдони ҳамлаи малах бештар мешавад. Агар имсол дар 100 ҳазор ҳектор замини Хатлон тухмгузории малах мушоҳида шудааст, соли гузашта ҳамлаи малах дар 55 ҳазор ҳектор замин сабт шуда буд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, агар дар умури маҳвсозии малах аз ҳавопаймоҳои дорупош истифода мешуд, хатари домангустарии он бамаротиб коҳиш меёфт.

Ҳоло дар ихтиёри ташкилоти мададгори мудофиаи вилояти Хатлон ду адад ҳавопаймои хурди АН-2 вуҷуд дорад, ки аз ҷумла барои анҷоми умури кишоварзӣ ва маҳви малахҳо ихтисос дода шудааст. Ба гуфтаи Собир Шарифов, раиси ташкилоти мазкур, дар як соати кор ин ҳавопаймоҳо беш аз як тонна заҳрдоруро дар майдонҳои васеъ ва дастнораси малахнишин пошида метавонад.

Аммо Қутбиддин Мирзоев, раиси корхонаи воҳиди давлатии мубориза бо малах дар вилояти Хатлон, қимати истифода аз ин ҳавопаймоҳо хеле баланду миёншикан мебошад: «Ниҳоят гарон аст нархи хизматрасониашон. Ба ғайр аз дастмузди лочинҳо ва дигар хароҷот, танҳо барои як соат истифода кардан аз ин ҳавопаймоҳо 1900 сомонӣ бояд бипардозем. Ин нархи дастнорас аст барои мо…»

Беборишию хушксолии имсола ба он сабаб шуд, ки дар кӯҳу пуштаҳо алафи бисёр нарӯид ва малах ба саҳроҳо ва майдонҳои кишт сарозер шуд. Як адад малах то 120 адад тухм мегузоштааст, ки ин гувоҳи паёмадҳои бас нохуш доштани тахрибкориҳои малахи марокашӣ мебошад.