Дарко Младич: "Падарам дар қатли ом даст надорад."

Ҳамсар ва писари генерал Ратко Младич, ки пас аз 16 соли фирор боздошт шуда, ба ҷиноятҳои ҷангӣ муттаҳам мешавад

Писари Ратко Младич, як серби муттаҳам ба ҷиноятҳои ҷангӣ, ки пас аз 16 соли фирор боздошт шуд, мегӯяд, падараш ба қатли ом дар шаҳри Сребренитсаи Босния даст надорад.
Дарко Младич дар ин бора баъд аз мулоқот бо падараш сухан гуфт, ки
Ӯ миллати моро дифоъ мекард ва мо бояд берун омада ва ҳимояти худ аз ӯро нишон диҳем...

мунтазири истирдод аз Сербистон ба Додгоҳи Созмони Милал дар Гаагаи Ҳолланд аст.

Вакили дифои Ратко Младич вазъи сиҳатии ӯро мояи ташвиш хондааст. Ратко Младичи 69-сола ба тарҳрезии қатли дасти кам 7 ҳазор нафар босниҳои мусулмон дар шаҳри Сребренитса муттаҳам мешавад.

Ин ҳодиса дар ҷангҳои Боснӣ дар солҳои 1992 то 1995 ба вуқӯъ пайвастааст. Имрӯз садҳо нафар аз миллатгароёни тундрави серб дар
Дарко Младич, писари генерал Ратко Младич, ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки падараш дар қатли оми мусулмонҳои серб даст надорад...

шаҳри Белград ба нишони эътироз аз боздошти Ратко Младич, раҳпаймоӣ карданд.

Яке аз онҳо, Слободан Божич мегӯяд: "Ратко Младич, фармондеҳи миллати серб буд ва боздошти ӯ шарми бузург барои мардуми серб ва кишвари мост. Ӯ қаҳрамони миллати серб аст, ӯ миллати моро дифоъ мекард ва барои ҳамин мо бояд берун омада ва ҳимояти худ аз ӯро нишон диҳем."

Ин дар ҳолест, ки боздошти генерал Ратко Младичро сарони ҷаҳон гарм истиқбол карда, хостори муҳокимаи байналмилалии ӯ шудаанд.

Раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама гуфтааст, “ҳарчанд мо тавони баргардондани мардуми кушташударо надорем, Младич акнун бояд ба қурбониҳои худ, ба дунё ва ба додгоҳи қонун посух бигӯяд.”

Обама афзуда, ки Амрико чашм ба роҳи истирдоди зуди Младич ба додгоҳи Ҳейг хоҳад нишаст.

Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ боздошти Младичро қадами дигари Белград ба сӯи пайвастан ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо номидааст.

Дабири кулли Созмони милал, Бан Кӣ Мун низ боздошти гумонбари асосӣ дар ҷиноёти ҷанг ва ҷиноёт алайҳи башарият дар солҳои ҷанги Боснияро “як рӯзи таърихӣ” барои тантанаи адолати байналмилалӣ хондааст.

Айбдоршаванади ҷиноятҳои ҷангӣ Младич боздошт шуд