Боздиди президент Раҳмон аз Покистон ба поён расид

Шоми дирӯз боздиди расмии Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Покистон ба поён расид. Ин боздид 3 рӯз давом кард. Дар поёни боздиди худ раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар обҳои бандари Карочӣ меҳмони киштиронони Покистон шуд. Вай дар ҷараёни ин боздид дар Исломобод бо Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳур, бо Юсуф Ризо Гилонӣ-нахуствазир ва дар Карочӣ бо тоҷирону соҳибкорони ин кишвар мулоқот кард. Ду кишвар дар бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба, ба вижа дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва дар бахши энержӣ қарордодҳои ҳамкориии дуҷониба имзо карданд. Ҷониби Покистон ба Тоҷикистон қавл дод, ки бандарҳои обии худро барои ҳамлу нақли коло дар ихтиёри Тоҷикистон мегузорад.