Муҳоҷирон захмиёни “Домододеово”-ро аёдат карданд

Аз рост, Сайидбек Искандаров, захмии таркиши "Домодедово" ва аз чап Иззат Амон, раиси Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар бемористони рақами 7, Маскав, 29-уми январи соли 2011.

Як гурӯҳ ҷавонон аз тоҷиконе, ки дар таркиши “Домодедово” захмӣ шудаанд, дар бемористонҳо дидан карданд.
Намояндагони созмони Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия захмиёни таркиши рӯзи 24-уми январ дар фурудгоҳи “Домодедово”-ро ки дар чанд дармонгоҳи Русия муолиҷа мешаванд, аёдат карданд.

Раҳбари ин созмон, ки гуфта мешавад, се сол пеш дар Маскав таъсис ёфтааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, наздик ба 20 нафар аз аъзои иттиҳод ба осебрасидагон меваю ширинӣ бурданд ва барои онҳо хун додаанд.

Сарвари иттиҳод, Иззат Амон, меафзояд, дастикам дар як бемористон шоҳиди ин шудаанд, ки захмиёни тоҷик мавриди муолиҷаи комил қарор надоранд ва ҳатто то ҳанӯз оҳанпораҳои инфиҷор аз ҷисми онҳо бароварда нашудааст. Намояндагони Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия бо сарпизишки ин бемористон мулоқот ва масъаларо матраҳ кардаанд.

Дар бемористони дигар аъзои ин созмон парастории захмиёнеро, ки бе кӯмаки дигарон бархеста наметавонанд ва ё бояд сари болинашон навбатдорӣ кард, бар зимма гирифтаанд.

Ҷаноби Амон бар ин аст, ки аёдати захмиён онҳоро рӯҳбаланд ва дар муқобили машаққаташон қавитар мекунад, ба дигарон нишон медиҳад, ки ин захмиён соҳибу пуштибон доранд.

Мусоҳибаи моро бо созмони Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия, Иззат Амон, дар гӯшаи “Чандрасонаӣ” бишнавед.