Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур аз баррасии даъвои хабаргузории "Авесто" алайҳи ширкати "Сомон Эйр" худдорӣ кардааст.
Зафар Абдуллоев, сардабири нашрияи "Факти и комментарии" ва хабаргузории "Авесто" аз болои чанд ширкат, аз ҷумла ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ба додгоҳ шикоят бурда ва даъво кардааст, ки ин ширкат ба саволҳои нашрия посух нагуфта, қавонини ҷории кишварро зери по гузоштааст.
"Тасмими сиёсӣ на ҳуқуқӣ:
Оқои Абдуллоев мегӯяд, ӯ ҳеҷ гуна даъвои иқтисодӣ надорад, ки баҳсро ба додгоҳи иқтисодӣ бикашад. Балки даъвои ӯ аз болои раиси "Сомон Эйр" барои посух надодан ба саволҳои нашрия ва зери по гузоштани чанд қонун, аз ҷумла Қонуни матбуоти Тоҷикистон аст.
Зафар Абдуллоев ҳамчунин дар вокуниш ба ин тасмими додгоҳ гуфт: "ин тасмими додгоҳи сиёсӣ аст, на ҳуқуқӣ. Ва номи ширкати мазкур ба гуфтаи коршиносон, ба Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси президенти Тоҷикистон ва шахсони наздики ӯ робита дорад. Барои ҳама маълум аст, ки ӯ дар низоми сиёсии Тоҷикистон як мӯҳраи муҳим аст. Фикр мекунам, ки ин дар тасмимгирии додгоҳ таъсир дошта бошад. Намедонам, ки бар кадом асос додрас ин масъаларо ба додгоҳи иқтисодӣ ҳавола кардааст."
Раҳбари хабаргузории "Авесто" мегӯяд: “Аз "Сомон Эйр" пурсида будем, ки оё дарвоқеъ дуруст аст, ки муассисони он дар минтақаи офшори Вирҷиния ҳастанд? Чӣ робитае бо "Талко менеҷмент" доранд? Ва аз кадом сарчашма 180 миллион доллар барои харидории ду "Боинг" нав дарёфт мекунанд? Ва умуман моликони аслии ин ширкати ҳавопаймоӣ киҳо мебошанд ва он чӣ гуна таъсис шудааст ва бар асоси кадом усулҳо дар Тоҷикистон амал мекунад?»
Аммо масъулини додгоҳ аз ҳар гуна шарҳи ин масъала худдорӣ карда ва мегӯянд, ки даъвогар агар норозӣ бошад, ҳақ дорад нисбати ин тасмими додгоҳ дар замони муайяннамудаи қонун ба додгоҳи болоӣ шикоят барад.
"Авесто" ба додгоҳи Душанбе шикоят мебарад
Оқои Абдуллоев низ қасд дорад, аз болои ин тасмими додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят барад. Аммо ба назар мерасад, масъулини «Авесто» тақрибан фурсати шикоят ба додгоҳи шаҳрӣ низ маҳрум шудаанд. Зеро қонун барои шикоят аз болои қарори додгоҳ ба додгоҳи болоӣ даҳ рӯз фурсат муайян кардааст. Аммо масъулини хабаргузории «Авесто» мегӯянд, ки бо вуҷуди посухи додгоҳ, ки гӯё рӯзи нуздаҳум навишта шудааст, аммо онҳо бо гузашти 8 рӯз, яъне рӯзи 27 -уми январ онро дарёфт кардаанд. Ва танҳо як рӯз дар ихтиёр доранд то шикояти худро ба додгоҳи шаҳрӣ бирасонанд.
"Сомон эйр" изҳори бехабарӣ мекунад
Ин дар ҳолест, ки масъулини ширкати «Сомон эйр» ҳатто аз доштани ҳар гуна иттилоъе дар мавриди ин қазия худдорӣ кардаанд. Масъулини ин ширкат мегӯянд, аз шикояти «Авесто» ба додгоҳ огоҳ набудаанд ва ба ин далел имкони ҳар гуна фишор болои додгоҳ аз сӯи онҳо вуҷуд надорад.
Сухангӯи «Сомон эйр» Темур Бандишоев ба Озодӣ гуфт: «Мо ҳеҷ гуна иттилое на аз додгоҳ ва на аз даъвогар дарёфт накардаем, мо низ гӯё мисли дигарон аз як ҷониб ин қазияро назора дорем. Аз расонаҳо ва аз интернет роҷеъ ба ин масъала иттилоъ мегирем».
Аммо ба ҳар ҳол маҳофили хабарнигорӣ чунин иқдоми додгоҳро ба фоли нек намегиранд ва мегӯянд, ин идомаи нодида гирифтани ҳаққи матбуот ва хабарнигорон ва навъе эҷоди монеъа дар роҳи дастрасӣ ба манобеъи иттилоотӣ аст.
Зеро ба гуфтаи масъулини расонаҳо, додгоҳ дар ҳоле аз баррасии даъвои як расона худдорӣ мекунад, ки чандин даъвои мақомоти давлатӣ алайҳи расонаҳо дар додгоҳҳои шаҳри Душанбе дар ҳоли баррасист.
Бо ин вуҷуд, масъулини расонаҳо мегӯянд, ки асосе ҳуқуқие барои ба баррасӣ гирифтани даъвои масъулин алайҳи расонаҳо дар аксари ин мавридҳо вуҷуд надорад.