Хабаргузории Ассошиейтед Пресси Покистон навиштааст, Тоҷикистону Покистон ба тавофуқ расидаанд, ки ҷаҳорумин мулоқоти Кумиссиюни муштараки вазоратхонаҳои ҳар ду кишварро баргузор кунанд. Ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ки ин мулоқот аз 9 то 12-ӯми феврал дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Рӯзи шанбе ин тавофуқот дар мулоқоти Раҷо Парвиз Ашраф-вазири обу энержии Покистон ва Зубайдулло Зубайдов-сафири Тоҷикистон дар Исломобод ба даст омад. Дар ин мулоқот ҳамчунин қарордоди сеҷонибаи тиҷоратии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон, сохтмони роҳи Тоҷикистону Покистон аз водии Вахон ва иҷрои тарҳи CASA-1000, ки нируи барқи Тоҷикистону Қирғизистонро ба Афғонистону Покистон интиқол медиҳад, баррасӣ шуд. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Покистон боздид кунад.