СММ вазъи Ховари Миёнаву Эронро баррасӣ мекунад

Имрӯз дар Ню-Йорк иҷлосияи 65-уми Маҷмааи Кулли Созмони Милали Муттаҳид ифтитоҳ мешавад. Дар ин нишаст ба ҷуз масоили иқтисодӣ, ҳамчунин вазъ дар Ховари Миёна ва сиёсати Эрон ҳам баҳсу баррасӣ хоҳад шуд.
Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ, дар нишасти хабарӣ дар Ню-Йорк дар робита ба имкони ширкати Маҳмуди Аҳмадинажод дар музокирот оид ба халъи силоҳ дар сатҳи олӣ гуфт: "Раисиҷумҳур Аҳмадинажод мехоҳад дар музокирот оид ба халъи силоҳ дар сатҳи олӣ, ки 24 сентябр баргузор мешавад, ширкат намояд. Ман аз ӯ дархост дар бораи ширкат дар ин мулоқотро дарёфт кардаам ва ҳоло ба таҳияи аснод дар робита ба ин дархост машғулам".
Иҷлосияи 65-уми Маҷмааи Кулли СММ то 30 сентбяр идома хоҳад кард.