Мақомоти интизомии шаҳри Исфара мегӯянд, ахиран гурӯҳи сарҳадбонони қирғиз чанд манзили сокинони деҳкадаи Ворухи ноҳияи Исфараро хароб ва ду нафарро боздошт кардаанд.
Ин ҳодиса рӯзи душанбеи 4-уми апрел рух додааст. Сарҳадбонон ва кормандони интизомии тоҷик саривақт ба маҳали муноқиша ҳозир гашта, 8 марзбони қирғизро боздошт ва баъди таҳияи протокол ба ҷониби Қирғизистон супурдаанд.
Деҳкадаи Ворухи ноҳияи Исфара ҷазирақаламрави Тоҷикистон дар канори вилояти Бодканди Қирғизистон аст. Ба гуфтаи сокинони ин маҳаллӣ, сарҳадбонони қирғиз бо онҳо дар пайи баҳси таалуқияти пораи замини наздимарзӣ вориди муноқиша шудаанд.
Баҳси замин
Нарзуллоҳи Азизиён, сокини деҳкадаи Ворух, дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ дар ин маврид гуфт, «сарҳадбонҳои қирғиз чанд хонаи чӯпонҳои тоҷикро хароб карданд. Онҳо таҳдид кардаанд, ки аз ин замин берун шаванд, чунки он ба Қирғизистон тааллуқ дорад. Ба ҳаво тир кушода, сокинонро тарсондан хостанд.»
Мусоҳибам афзуд, аммо сарҳадбонон ва кормандони милисаи тоҷик саривақт ба маҳалли муноқиша ҳозир шуда, аз идомаи пешгирӣ карданд. Онҳо 8 сарҳадбони қирғизро дастгир карда, дар бораи аъмоли онҳо протокол тартиб доданд ва баъд ба ҷониби вилояти Бодканд супурданд.
Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи сокинони Ворух, вазъ дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон ором, тартиб мисли пештара ва барои сокинони кадом мамониат ва монеае пеш наомадааст.
Абдухалил Ҳайдаров, сокини ҷамоати Оқсӯи вилояти Бодканд, ҳаммарз бо ноҳияи Исфара мегӯяд, «миёни сокинони Тоҷикистону Қирғизистон муносибати хуб барқарор аст, алоқа, бозор, роҳи равуоямон як аст. Ҳеҷ муноқишаву талош миёни мо вуҷуд надорад.»
Хатти номуайяни марз
Вале бо ин вуҷуд, ба гуфтаи сокинони деҳкадаи Ворух, сари истифода аз манобеи ягонаи замину об ва роҳ миёни сарҳадбонону сокинони наздимарзии Исфараву Бодканд гоҳу ногоҳ муноқиша рух медиҳад. Аммо ин муноқишаҳо хусусияти фарогир надорад.
Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳудуди 600 километр марзи муштарак доранд, ки ҳанӯз муайян ва нишонгузорӣ нашудааст. Тақрибан 250 километр хати марз миёни вилоятҳои Суғду Бодканд рост меояд ва байни ин манотиқ наздики 20 мавзеъи баҳснок вуҷуд дорад.
Назари коршиносон
Таҳлилгари масоили минтақаӣ Бобоҷони Икром сар задани муноқишаҳои марзиро ба ҳамин омили номуайянии хати сарҳад бастагӣ медиҳад. Вай мегӯяд, «мутаассифона, дар ҳоле ки аз ҷониби ин ду кишвари ҳамсоя дар сатҳи давлатӣ дар мавриди марзбандӣ ба як хулосаи комил наомадаанд, пас шаҳрвандони тоҷику қирғиз дар як кӯчаи сарбаста қарор доранд.»
Ба назари Бобоҷони Икром, таҳти ин омил эҳтимоли рух додани муноқиша дар манотиқи наздимарзӣ боқӣ мемонад.
Соли гузашта давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон тавофуқ карданд то замони марзбандӣ мақомоти маҳаллии ҳар ду кишвар саривақт ва дар ҷойҳои муноқишаҳои эҳтимолӣ ба ҳалли саривақти онҳо ҷалб карда шаванд. Як комиссияи муштараки байнидавлатӣ чанд сол инҷониб сари муайян кардани хати марзи миёни ин ду кишвар фаъолият мебарад.
Коршинос Неъматуллоҳи Мирсаид дар ин мавриди аз байн бурдани заминаи аслии муноқиша дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон мегӯяд, «бигзор он минтақаи озод бошад. Имрӯз озод ҳаст, ҳам барои ҳаракату равуо, ҳам тиҷорат, ҳам муносибат.»
Ба гуфтаи Нарзуллоҳи Азизиён, сокини деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара, сокинони оддӣ имкони зиндагии бехалал дар маҳали зисти худ ва равуои озодонаро барои худ аз ҳама муҳим меҳисобанд. Тақсими замину марзбандӣ, мегӯяд вай, мушкилест, ки ба ҳалли он давлатҳо даст доранд.