Бошандагони хобгоҳи корхонаи хусусии «Сирандуд»-и Хуҷанд аз он ҳарос доранд, ки соҳиби корхона бо хусусӣ кардани ин хобгоҳ онҳоро ба кӯча меронад.
Дар ин хобгоҳи оилавӣ, дар ҳуҷраҳои духонагии як бинои панҷошёна, воқеъ дар канори ҷанубии Хуҷанд, 40 оила ба сар мебаранд. Ба гуфтаи онҳо, сарвари корхона соли 2005 корхонаро моли хусусии худ кард ва акнун мехоҳад пули ҳуҷраҳоро аз бошандагон рӯёнад. Аммо онҳо барои харид маблағ надоранд. Чунки «Сирандуд» солҳои охир фаъолият надорад ва коргарони собиқи он мегӯянд, ҳатто тавони пардохти маблағи иҷораро надоранд.
Вақте ки барои аз асли ҳодиса огоҳ шудан ба хобгоҳи корхонаи «Сирандуд» омадем, гурӯҳе аз коргарони собиқадори он гуфтанд, ки ба умеди дубора фаъол шудани корхона ба сар мебаранд ва аз тарси муҳрумшавӣ аз сарпаноҳашон ёрои тарки хобгоҳро надоранд.
Сокинони хобгоҳ мегӯянд:
Корхонаи «Сирандуд»-и Хуҷанд зарфҳои сирдори рӯзгор мебаровард, аммо бинобар касодӣ тайи тақрибан 10 соли ахир фаъолияти он қатъ шудааст. Баҳси соҳибӣ ба хобгоҳи оилавии «Сирандуд» барои Дадоҷон Пӯлодов, сарвари корхонаи «Сирандуд», ҳам, ба гуфтаи худаш, ба мушкили рақами як табдил ёфтааст.
Аммо вай дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ шикоёти бошандагони хобгоҳи корхонаро беасос номида, гуфт, «ман аз онҳо як сомонӣ ҳам талаб накардаам. Чунки ман шароити онҳоро нағз медонам. Ин гапҳо нодуруст ва тӯҳмат аст».
Сарвари корхонаи «Сирандуд» мегӯяд, танҳо талош дорад, то хобгоҳро хусусӣ карда, ба коргарон супорад ва корхонаашро аз пардохти андозҳо ва масъулияти таъмиру тармими ин хобгоҳ озод кунад. Аммо вай мушаххас накард, ки чӣ тавр ҳуҷраҳоро дар ихтиёри коргаронаш хоҳад гузошт, бар ивази маблағ ё шарти дигар.
Дар ҳоле ки оқои Пӯлодов бинои хобгоҳро чун як ҷузъи корхона моли худ медонад, дар рӯйхати корхона, ки вай харидорӣ кардааст, хобгоҳ сабт нашудааст. Баҳси хобгоҳи «Сирандуд» ба додгоҳи иқтисодӣ кашида шудааст. Дар пайи арзи бошандагони хобгоҳ ҳукумати Хуҷанд аз додгоҳ хостааст, ба кӣ тааллуқ доштани хобгоҳро муайян кунад. Агар ҳаққи соҳибии раиси корхонаи хусусӣ собит нагардад, бино ба ҳисоби ҳукумат гузаронида хоҳад шуд.
Атаев Наҷмидин, муовини раиси ҳукумати шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, касе нияти аз хобгоҳ рондани коргаронро, ки то 30 сол дар «Сирандуд» кор кардаанд, надорад.
Масъалаи хобгоҳи корхонаи «Сирандуд» дар ҳоле сар задааст, ки ба гуфтаи Дадоҷон Пӯлодов, вай ба хотири аз нав фаъол сохтани корхона дар заминаи он як корхонаи муштараки Русияю Тоҷикистонро таъсис додааст. Вай афзуд, ки ҳоло сари навсозии таҷҳизот ва ба зудӣ ба кор андохтани он кӯшиш доранд.
Вале бошандагони хобгоҳ мегӯянд, ки чунин ваъдаро 5 сол инҷониб аз забони раисашон мешунаванд.

- Марҳамат Саидова: «Раис гуфтанд, ки пули хонаро супор. Ман гуфтам, ки аввал кор фармоед, ҳозир дар ҳеҷ куҷо кор намекунам, аз куҷо пул ёбам? Раис гуфтанд, кӣ рав, хонаро холӣ кун! Ман бо кӯдаконам куҷо меравам дар ин рӯзҳои хунук?»
- Муҳаббат Бобоназарова: «Ман худам бемор, аз ҳамин корхона ба нафақа баромадаам. Аммо ҳозир ҳам кори сабук мекунам. Шароит нест, як дирам нест, ки хонапулӣ диҳам. Ҳозир табобат гирифта истодаам, пулам нест ба духтур диҳам. Оё ман ҳақ надорам, ҳамин қадар сол кор карда, ба ҳамин чанд ваҷаб сарпаноҳ соҳиб шавам?»
- Алиҷон Раҳимов: «Мо хавотир, ки фардо хобгоҳ хусусӣ шавад, омада «хонаро холӣ кунед» мегӯянд. Аз ҳозир ҳамин хел гуфта истодаанд. Мо аҳли оила 4 кас дар як хонаи танг зиндагӣ мекунем . Дар бозорча шишта, ба зӯр рӯз мегузаронем».