Сарбози гурезаи муҳоҷир афв шуд

Додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб аз мақомоти интизомии Русия дархост кардааст, то Тағоймурод Икромов, як сарбози фирории тоҷикро аз боздоштгоҳи муввақатӣ дар ин кишвар раҳо кунанд.
Икром Зоиров, муовини додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, Тағоймурод соле қабл аз қисми ҳарбии 2931-и Вазорати мудофиаи кишвар, воқеъ дар ноҳияи Шӯрообод, ба Русия фирор карда буд.

Ҳарчанд додситони ҳарбӣ он замон барои боздошти ин сарбоз ба мақомоти интизомии Русия мактуб ирсол кардааст, аммо ӯ дар ҳоле боздошт гардидааст, ки мувофиқи қонун “Дар бораи авф”, ки охири соли 2009 аз ҷониби президенти кишвар тасвиб шуда буд, сарбозони муҷрим ғоибона аз ҷавобгарии ҷиноӣ раҳо мешаванд.

Ба гуфтаи ҷаноби Зоиров, онҳо дар зудтарин фурсат ҳуҷҷатҳои лозимаро ба мақомоти интизомиии Русия ирсол карданд, то шаҳрванди Тоҷикистон ғайриқонунӣ дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар набарад.

Ҷаноби Зоиров афзуд, сабаби фирори сарбоз бинобар ба пурсиш даъват нашудани ӯ номаълум боқӣ мондааст. Аммо Рустам Наботов, як коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, то ҳанӯз дар қисмҳои ҳарбӣ зӯроварӣ ва латтукӯби сарбозон вуҷуд дорад, ки ин боиси фирори онҳо аз қисмҳои ҳарбӣ мегардад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ, тайи як соли ахир аз қисмҳои ҳарбии воқеъ дар минтақаи Кӯлоб 65 нафар сарбоз фирор кардааст ва ҳамаи онҳо мувофиқи қонун “Дар бораи авф” бидуни даъвату пурсиш ғоибона авф шудаанд.