Аслан мехостам, нависам, ки ба ИНҚИЛОБ омода шавед, вале бо ду сабаб аз чунин сарлавҳаи моҷароомез худдорӣ кардам. Шитоб накунед, ҳоло шарҳ хоҳам дод.
АВВАЛ ин ки, ба фикрам, бисёриҳо дар Тоҷикистон вожаи "инқилоб"-ро хуш надоранд ва бархе ҳатто аз ин калима метарсанд. Худо накунад, онро бо ягон ранги хос бинависӣ -- кабуд, норанҷӣ ё сабз ва ё ҳар ранги дигаре. Аммо ҳақиқаташ ин аст, ки мо дар остонаи як инқилоб қарор дорем, инқилобе, ки бисёр чизҳоро аз реша иваз хоҳад кард ва бархе аз нишонаҳои он аз ҳоло намудор мешаванд.
ДУВВУМ, агар барои мардуми Ғарб ин падида воқеан як ИНҚИЛОБ аст, барои мо, мардуми қаламрави Иттиҳоди Шӯравии собиқ чандон инқилобӣ нест, чун дар гузашта айни чизро доштем ва ҳоло ҳам аз ҷабри он мавҷе идома дораду идома дорад.
ШАФ-ШАФ шояд кофист, мағзи гап ин аст, ки фанновариҳои садаи 21 на танҳо шеваи кори журналистон, балки бархӯрди муштариёнро ба моли онҳо низ тағйир додааст. Бинишҳои қолабӣ акнун шикастаанд ва қалъаи журналистон аз тарафи мардум мавриди ҳамла қарор гирифтааст.
Онҳое, ки ҳамарӯза аз шабакаи ҷаҳонии инетрнет истифода мекунанд, ба матлаб пай бурдаанд. Ҳоло на фақат журналистонанд, ки хабару таҳлил менависанд, яъне маълумот пахш мекунанд, балки миллионҳо нафар аз мардуми қаторӣ низ машғули ин кор шудаанд. Саре занед ба YouTube, Facebook, CNN, BBC, New York Times ва садҳо расонаи ҳамагонии дигар.
Ин рақобат нест, балки сабқат, ҳамкорӣ ва такмили ҳамдигарист. Бо вуҷуди тамоми таҷҳизоту суръати баланди кор ва намояндагиҳову хабарнигорон дар гӯшаву канори олам ягон расона қодир нест, аз тамоми рӯйдодҳо огоҳ бошад ва ҳеҷ кас пешакӣ намедонад, дар куҷо заминларзае мешавад ё тӯфон, дар куҷо ҳавопаймое суқут мекунад ва ё сиёсатмадоре дар соҳили баҳр бо чӣ машғул аст.
Дар ин ҳолат ЖУРНАЛИЗМИ МАРДУМӢ кор хоҳад дод. Агар чунин сарсупурдаҳо намебуданд, аҳли башар аз видеоҳои тазоҳурот дар Эрон ва куштори Нидо Оқосултонӣ маҳрум мемонд. Нахустин аксҳо аз суқути ҳавопаймои мусофирбар дар Халиҷи Ҳудзонро як мактаббача бо телефони ҳамроҳаш бардоштааст. Навори афсари рус Димовсикий дар интернет ба чандин хабару таҳлил аз рақобатҳои сиёсӣ дар Русия асос гузошт. Ва чунин намунаҳо аллакай хеле зиёданд.
ХУЛОСА, акнун навбати Шумо, хабарнигорони мардумии Тоҷикистон мерасад. Таваҷҷӯҳ ба навиштаҳои мардум дар давраи шӯравӣ "хабарнигорони коргару деҳқон"-ро ба дунё оврада буд. Албатта, онҳо дар чаҳорчӯби сахти идеологӣ кор мекарданд, вале анъанаи мавҷудияти онҳо ва ҳатто донишгоҳи хоси онҳо муҳим буд.
Бигзор сомонаи мо низ нақши як чунин донишгоҳ ва майдони иттило ва андешаи озодро касб кунад. Ба зудӣ, дар ин сомона як сафҳаи махсусро боз мекунем, ки бо ворид шудан ба он ҲАР ЯКИ ШУМО хоҳед тавонист, аксу видео ё паёму гузоришҳои садоии худро ба он гузоред ва ба таваҷҷӯҳи ҳазорон нафар бигузоред. Барои ҳар маводе, ки Шумо хоҳед фиристод, то 50 мегабайт ҷой ҷудо мекунем, яъне ҳар бор Шумо хоҳед тавонист, то 50 мегабайт мавод равон кунед.
ОРЗУМАНДЕМ, ин сафҳаро ба ҷойгоҳи худ табдил хоҳед дод ва бигзор акс ё видеои хонаводгие, сӯҳбат ё таронаи дӯстдоштаи ҳамватане дар он гузошта шавад. Ҳама чиро хоҳем пазируфт, ба ҷуз аз фаҳш, нажодпарастӣ ва тӯҳмат. Зеро ҳадаф нек аст, хабардор будан ва хабардор кардан, тифоқу муттаҳид будан ва худу ҳамдигарро шинохтан аст.
Инак, навбат ба Шумо мерасад. Омода бошед. На ба инқилоб, балки ба ПЕШРАФТ!