Тақдири норӯшани маҳбуси афвгаштаи рус

Максим Евдокимов, шаҳрванди Русия, бо татбиқи қонуни авф аз маҳбаси шаҳри Хуҷанд озод шуда, вале наметавонад ба ватанаш баргардад.
Максими 27-сола ба Озодӣ нақл кард, ки 1,5 моҳ пеш ӯро аз маҳбаси низомаш пурзӯри шаҳри Хуҷанд бо татбиқи Қонуни афв раҳо карданд. Вале барои бозгашт ба Русия маблағ надорад.

Максим мегӯяд, дар Хуҷанд ҳамсари бо никоҳи шаҳрвандӣ ва як кӯдаки ҳаштмоҳа дорад, вале ҳамсараш тавони кӯмаки молӣ ба вайро надорад. Дар зодгоҳаш, дар шаҳри Нижний Тагил модараш ба сар мебурдааст, вале бемору нотавон буда, наметавонад пул фиристад. Ба гуфтаи худаш, дигар каси наздике надорад, ки дар чунин рӯзи сахт дастгириаш кунад. Дар консулгарии Русия дар Хуҷанд низ ба вай ҷавоби рад додаанд.

Максим як сол пеш ҳангоми бо роҳи ғайриқонунӣ барои мардикорӣ ба Русия бурдани гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон дар вокзали Хуҷанд аз ҷониби кормандони интизомӣ боздошт шудааст. Тирамоҳи соли гузашта бо ҳукми додгоҳ мутобиқи банди 247 - «қаллобӣ» ба 8 соли ҳабс дар зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шудааст.

Аммо масъулини маҳбаси низомаш пурзӯри Хуҷанд баръакси Максим мегӯянд, мехостанд ӯро ба ватанаш интиқол диҳанд, аммо худи ӯ нахост. Диловар Арабов, сардори идораи зиндони мазкур дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт, ки ӯ Максимро ба консулгарии Русия бурдааст ва дар он ҷо гуфтааст, ки барояш чипта харида, бо қатораи Хуҷанд ба Русия гусел мекунам. Ҷаноби Арабов мегӯяд, чун Максим фаҳмидааст, ки маблағи роҳро ба дасташ нақд доданӣ нестанд, баъд аз ду рӯз дар истгоҳи роҳи оҳан ҳозир мешавам, гуфта, дигар ғайб задааст.

Ба маълумоти идораи корҳои ислоҳотӣ дар вилояти Суғд, аз зиндонҳои шимоли Тоҷикистон бо татбиқи қонуни авф наздики 800 маҳбус аз ҳабс озод карда шудаанд, ки чанд нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Тақдири ояндаи яке аз онҳо - Максим Евдокимов, ки аз зиндони Хуҷанд раҳо шудааст, норӯшан боқӣ мемонад. Ин шаҳрванди Русия мегӯяд, баъди ба озодӣ баромадан дар Хуҷанд дар хонаи шиносҳо ва дӯстони собиқаш ба сар мебарад. Ҳатто барои хӯрок ва сабти муваққатии номаш дар хадамоти муҳоҷират маблағ надорад. Дар чунин ҳолат ягона роҳе, ки метавонад Максимро ба ватанаш баргардонад, ихроҷи иҷборӣ (депортатсия) ва бозгашти бепул ба ватанаш аз ҳисоби давлати Тоҷикистон аст. Ба вай ин роҳро кормандони интизомӣ аз дилсӯзӣ пешниҳод кардаанд. Вале Максим мегӯяд, намехоҳад аз Тоҷикистон депортатсия шавад, зеро он гоҳ дар тӯли 5 сол роҳи бозгашт ба Хуҷанд, назди ҳамсару кӯдакаш баста хоҳад гашт. Вай афзуд, мехоҳад худ ба Русия баргашта, пул кор кунад ва омада зану кӯдакашро бо худ барад.