Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо СПИД қайд мешавад

Дар маркази ҷавонони шаҳри Хуҷанд намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, ниҳодҳои беҳдоштӣ ва сокинони оддӣ бо баргузории як аксия бахшида ба рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории норасоии масунияти бадан аз роҳҳои пешгирӣ аз ин вабои аср сӯҳбат карданд. Навиштаҷоту огоҳиномаҳо, аксҳову расмҳо, брошюру адабиёт ва саҳнаҳое, ки дастандаркорони аксия аз толор манзури ҳозирин гардониданд, ба маъние буд, ки танҳо ба сар бурдани зиндагии ба тарзи солим, маълумоту огоҳии комил ва эҳтиёт инсонро аз гирифторӣ ба ангезандаи ин беморӣ наҷот медиҳад.
Дар миёни садҳо иштирокдори ин чорабинӣ танҳо як тан аз гирифторони ангезандаи ин беморӣ бо ошкор сохтани ному насаби худ ҳозир гашт бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кунад. Василий Гизбрехт, сокини 38-солаи шаҳри Хуҷанд, нақл кард, ки ангезандаи ин беморӣ 9 сол пеш дар зиндони рақами 1–и шаҳри Душанбе аз покуи риштарошии як нафари сироятёфта ба ҷисми вай роҳ ёфт.

Василий (дар акс дар байн) дар маҳбас гирифтори СПИД шудааст.
Василий Гизбрих ҳоло 38-солааст. Ў мегӯяд, ҳудуди 8 сол мешавад, ки ба вируси норасоии масъунияти бадан гирифтор аст. Василий мегӯяд, замоне олудаи ин маризb шудааст, ки ҳамроҳ ба гурӯҳи маҳбусон аз як дастгоҳи риштарошӣ дар маҳбас истифода кардааст: «Ман дар маҳбас мубталои ин беморӣ гардидам. Дар он ҷо шахсе пайдо шуд, ки гирифтори ин беморӣ буд ва ҳамагон аз бемории ӯ огоҳ буданд, зеро бо баробари ворид шудан ба маҳбас ӯро аз дигарон ҷудо намуданд. Он замон дар бемористони маҳбас ман бистарӣ будам ва ба корҳои ӯ ёрӣ мерасонидам. Соли 2000-ум дар маҳбас пайдо кардани дастгоҳҳои риштарошӣ мушкил буд. Рӯзе азбаски ришҳоям расида буданд, кормандони шӯъбаи тафтишот ва амалиётҳои фаврӣ маҷбур карданд, то ришҳоямро тарошам. Ҳангоми риштарошӣ бари рўямро хуншор намудам ва дар натиҷа аз теғи дастгоҳи риштарошӣ вирус маро сироят кард».

Василий, ба гуфтаи худаш, баъд аз раҳоӣ аз зиндон умрашро дар ҳамкорӣ бо марказҳои беҳдоштӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ барои огоҳонидани сокинон аз ин бемории мудҳиш бахшидааст. «Ман дар зиндагӣ бо одамони хуб вохӯрдам ва ба шуури ман ин маънӣ роҳ ёфт, ки мо, ҳама бояд бо ин мушкил, ки хоси тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, якҷоя мубориза кунем.» - мегӯяд вай.

Аз нигоҳи Василий, баргузор намудани чунин аксияҳо маълумоти сокинонро аз ВИЧ-СПИД ва роҳҳои эҳтиёт аз он баланд мебарад. Вай бо табассум мегӯяд, танҳо ба сар бурдани зиндагии ба тарзи солим, маълумоту огоҳӣ ва эҳтиёт инсонро аз гирифторӣ ба ангезандаи инм аризӣ наҷот медиҳад.

Солҳои охир шумори гирифторони ВИЧ-СПИД дар шимоли кишвар афзоиш ёфта, умдатан, теъдоди сироятшудагони ин маризӣ дар миёни ҷавонон бештар ба қайд гирифта шудааст. Нурулло Ҳусейнов, як корманди маркази пешгирӣ ва мубориза алайҳи вируси норасоии масъунияти бадан дар вилояти Суғд, мегӯяд, ахиран ба ҳангоми як санҷиши тиббӣ дар ҷисми ду зани танфурӯш нишонаҳои ин вирус маълум карда шудааст.

Ба гуфтаи Саид Бобоҷонов, сардори шуъбаи вогиршиносӣ аз маркази мубориза алайҳи СПИД дар Хуҷанд, дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд ба мисли Василий 432 нафар гирифтор ба сар мебаранд. Имсол шумори гирифторони ин ангезанда 72 нафар афзуда, 10 нафари бемори пештара вафот кардаанд. Аз ин гуфтаи ин мақоми масъул бармеояд, ки ВИЧ-СПИД дар минтақаи Суғд рӯ ба густариш ниҳодааст.

Бино бар иттилоъи расмӣ, 70 дарсади ин шуморро ҷавонони 15 то 45-сола ташкил медиҳанд. Аз шумори умумии сироятшудагон, 50 дарсад тариқи сӯзандору ва 40 дарсад тавассути алоқаи ҷинсӣ гирифтор шудаанд.

Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон 1740 гирифтори расмӣ ба ВИЧ-СПИД сабтином шудааст. Аз ин шумор, 1388 нафарашон мард ва 352 нафарашон зан будаанд. Аз оғози соли ҷорӣ 318 ҳодисаҳои нави гирифторӣ ба ин маризӣ сабтиномшудааст.

Иддае аз коршиносон омилҳои авҷ гирифтани ин маризиро дар миёни ҷавонон аз камиттилоӣ оид ба роҳҳои сироятёбӣ нисбат медиҳанд. Фитрати Ҳикмат, коршиноси ҷавон, мегӯяд, дар гўшаву канори Хуҷанд бозорҳои фаҳшо амал мекунанд ва бар илова, шуморе аз ҷавонони мардикор аз Русия мариз шуда, бармегарданд.

С. Бобоҷонов афзуд, бо сӯҳбатҳои ошкоро, дастрасии аҳолӣ ба маълумот ва баргузории чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ метавонанд паҳншавии ангезандаи бемории мазкурро коҳиш дод. Ба гуфтаи вай, тақрибан сеяки гирифторон аз маркази мазкур ба таври ройгон доруҳои махсуси коҳишдиҳандаи таъсири ин беморӣ дарёфт мекунанд.

Василий Гизбрехт, мусоҳиби аввали мо, низ инро тасдиқ мекунад. Вале, ба гуфтаи вай, дастрасии сироятёфтагон барои табобат аз бемориҳои оддӣ, вале барои сироятёфтагони ВИЧ-СПИД хатаровар, дар бемористонҳои маъмулӣ бо мушкилӣ даст медиҳад. Василий афзуд, ҳанӯз ҳам миёни сокинон ақидае барҷост, ки одамони бадахлоқ сироят меёбанд. Ва афроде, ки мисли Василий дар вазъи ғайримаъмулӣ, тасодуфан ва ё ғайриихтиёр (масалан - ҳангоми гузаронидани хун ва ё аз модари бемор) мубтало шудаанд, аз ин назари насанҷидаи мардум дар зиндагӣ ранҷ мебаранд. Ҳарчанд ки Василий, ба гуфтаи худаш, кӯшиш мекунад ба муомилаҳои сарди одамон чандон аҳамият надиҳад ва бо ҳама яксон муносибати меҳрубонона дошта бошад. Дар навбати аввал онеро ҳам, ки дар зиндон аз ночорӣ аз истифодаи покуи риштарошии ӯ сироят ёфта буд, бахшидааст…