Хатти барқи "Ҷануб-Шимол" ифтитоҳ шуд

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи хатти барқи "Ҷануб -- Шимол", 29 ноябри соли 2009.

Ифтитоҳи хатти баландшиддати «Ҷануб-Шимол» аз муҳимтарин рӯйдодҳои сафари серӯзаи кории раисҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Суғд буд. Ҷаноби Раҳмон ин иқдомро гоме устувор дар бунёди шабакаи ягонаи барқи кишвар номид.
Маросими расмии ифтитоҳ дар зеристгоҳи шимолии воқеъ дар минтақаи Ғончӣ, 100-километрии Хуҷанд баргузор гашт. Сокинони Суғд ва мутахассисону коршиносони суғдӣ бунёди хатти барқи навро хуш истиқбол карданд. Вале ба гуфтаи онҳо, ҳарчанд ин хат имкони интиқоли нерӯи барқи тавлидоти Тоҷикистон ба қисмати шимолро фароҳам хоҳад сохт, вале ба норасоии шадиди энергетикӣ дар кишвар хотима нахоҳад гузошт.
Мо ин масъаларо борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла СММ, форумҳои ҷаҳонии об эълон кардаем ва такроран изҳор мекунем, ки ягон лоиҳаи мо бар зидди ҳамсояҳоямон нигаронида нашудааст...

Бо фаъол сохтани ин хати нав нерӯи барқ мустақиман аз нерӯгоҳҳои қисмати ҷанубии Тоҷикистон ба вилояти Суғд интиқол дода мешавад, ки то кунун тавассути қаламрави Узбакистон сурат мегирифт . Вилояти Суғд ба ҷуз НБО–и Қайроқум, бо тавоноии то 3 миллион киловатт-соат нерӯи барқ дар шабонарӯз, дигар манбаи бузурги тавлиди барқ надорад ва дар баҳору зимистон аз нерӯгоҳи Норак тавассути Узбакистон барқ мегирад.

Ҷаноби Раҳмон дар суханронии худ дар маросими ифтитоҳи хати барқи «Ҷануб–Шимол» гуфт, вақте дар бораи муҳимияти ин хати нав суҳбат мекард, гуфт, ки сокинони Тоҷикистон дар тӯли 18 соли ахир «ба сабаби нарасидани қувваи барқи дар дохили кишвар истеҳсолшаванда» ва «мавҷудияти як қатор монеъаҳои сунъӣ дар интиқоли он дар хориҷ» танқисӣ мекашанд.

Вай аз кишвари мушаххасе ном набурд, вале зоҳиран манзураш Узбакистон буд, ки дар зимистони соли гузашта аз тронзити нерӯи барқи Туркманистон аз қаламраваш ба Тоҷикистон ба далели тавон надоштани шабакаи энергетикиаш иҷозат надод. Ва ифтитоҳи хати «Ҷануб–Шимол» ҳам ба замоне тавъам афтод, ки Узбакистон ва Қазоқистон берун рафтани худ аз системаи шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказиро эълон доштанд ва як сабаби ин иқдоми худро ба беиҷозат ва барзиёд истифода шудани нерӯи барқ аз сӯи баъзе кишварҳо ва як кишвари манзурашон – Тоҷикистон номиданд.

Сокинони оддӣ ва мутахассини суғдӣ аз фаъол шудани хати барқи «Ҷануб–Шимол» хуш истиқбол карданд. Вале аз нигоҳи мутахассисин, ин ҳанӯз маънии аз байн рафтани норасоии шадиди барқро надорад. Инъом Сангинов, муовини сардори идораи шабакаҳои барии вилояти Суғд, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, баъди ба кор даровардани ин хати нав наметавон гуфт, ки амнияти энергетикӣ ба даст меояд ва меъёргузорӣ дар тақсими барқ аз байн меравад. Барои ин, аз нигоҳи вай, ё НБО–и Роғун бунёд карда шавад ё ки истихроҷи гази табиӣ ба роҳ монда шавад.

Дар ин маврид раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар зимни суханрониаш гуфт, чун кишвараш захираҳои бузурги гази табиӣ ва нафт надорад, бунёди НБО-и Роғун ва дар канори он дигар нерӯгоҳҳои хурд роҳи ягонаи поён гузоштан ба бӯҳрони энергетикӣ мебошад. Нерӯгоҳе, ки кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ, ба хусус Узбакистон ба бунёди сарбанди он мухолифати шадид нишон медиҳанд.

Ҷаноби Раҳмон дар зимни суханронӣ назари худро дар бораи ин мушкил чунин баён дошт, ки «мо ин масъаларо борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла СММ, форумҳои ҷаҳонии об эълон кардаем ва такроран изҳор мекунем, ки ягон лоиҳаи мо бар зидди ҳамсояҳоямон нигаронида нашудааст. Баръакс, мо ҳангоми амалӣ кардани лоиҳаҳои худ манфиати онҳоро ҳатман ба инобат мегирем».

Манзур аз «ҳамсояҳо» дар суханронии ҷаноби Раҳмон мантиқан кишварҳои поёноби Осиёи Миёна, ба навбати аввал Узбакистон аст, ки бунёди сарбанди нерӯгоҳи Роғун маҷрои обро ба заминҳои кишти онҳо кам хоҳад кард ва Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон, борҳо нигаронии худро дар ин маврид изҳор доштааст. Вале раисҷумҳури Тоҷикистон дар зимни суханрониҳо дар сафари кориаш ба вилояти Суғд борҳо рӯи ин нукта таъкид дошт, ки кишвараш нерӯгоҳи Роғунро бо ҷалби маблағи сокинон ва сармояҳои хориҷӣ ҳатман хоҳад сохт. Нерӯгоҳе, ки ҷаноби Раҳмон онро ба унвонҳои «ягона наҷотбахш», ҳалкунандаи мушкили «ҳаёту мамот» ва «иншооти бузурги миллӣ» ва «сарнавиштсоз» барои кишвараш ном бурд.