Баррасии додгоҳии ду узви ҲИУ дар Суғд

Додгоҳи вилояти Суғд ба бозбинии парвандаи ду сокини шаҳри Исфара ба гумони фаъолият дар Ҳаракати исломии Узбакистон оғоз кардааст.
Додгоҳ Қудратулло Неъматуллоев ва Абдусамии Нурмуҳаммадӣ барои ҳамдастӣ дар содири як идда ҷиноёти вазнин, аз ҷумла ҳамлаҳои мусаллаҳона ба боздоштгоҳи муваққати Қайроқум дар моҳи январи соли 2006 ва қароргоҳи марзбонон дар Исфара, дар миёнаҳои соли 2006 айбдор меҳисобад, ки чаҳор афроди низомиро кушта бар ҷой гузошта буд.

Фарҳод Зиёдуллоев, додраси додгоҳи вилояти Суғд ва раиси мурофиаи парвандаи ин афрод гуфт, онҳо дар охири соли 2005 ба ҲИУ пайваста бо аъзои дигари ин ҳаракат дар содири як қатор ҷиноёти вазнин ҳамдастӣ доштанд.

Аз ҷониби додгоҳ алайҳи Қудратулло Неъматулоев мутобиқи беш аз 20 банди Асноди ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси воҳиди низомӣ, терроризм, даъват ба сарнагун намудани сохтори қонунии давлати Тоҷикистон ва нисбат ба Абдусамии Нурмуҳаммадӣ аз рӯи ду банд – барангезиши кинаву адовати милливу мазҳабӣ ва сӯиқасд ба содири ҷиноят иттиҳомот эълон шуд.

Боздошти ин афрод дар нимаи дуюми соли равон аз сӯи кормандони интизомиву амниятӣ сурат гирифтааст.

Рауф Юсупов, сардори идораи умури дохилаи Суғд, чанде қабл гуфта буд, ки Қудратулло Неъматулоев бо дархости мақомоти Тоҷикистон шаҳри Маскав - пойтахти Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод карда шудааст.

Ҷамшед Сабуров, вакили дифои Абдусамӣ Нурмуҳаммадӣ, гуфт, боздошти зерҳимояаш дар шаҳри Исфара аз ҷониби кормандони интизомиву амниятӣ сурат гирифт. Вай афзуд, ки зерҳимояаш дар соли 2006 аз ноогоҳӣ ба гурӯҳи ҲИУ дар Исфара пайваста, ба онҳо кӯмак мекард, вале чун аз фаъолияти ҷиноии онҳо бохабар гашт, ба Русия фирор кард.

Анвар Нурмуҳаммадов, вакили дифои Қудратулло Неъматуллоев, ба Озодӣ гуфт, зерҳимояаш иттиҳомоти бар дӯшаш гузоштаи додгоҳро қисман қабул дорад.