Кашфи паноҳгоҳи ҲИУ дар Исфара

Масъулини идораи корҳои дохилии Суғд бо баргузории як нишасти хабарӣ ахиран аз анҷоми як марҳилаи амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқ алайҳи гурӯҳи мансуб ба ҲИУ дар минтақаи Исфара иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи онҳо, ин марҳала бо кушта шудани чаҳор нафар ва боздошти нафаре аз аъзои гурӯҳи мазкур анҷом ёфта, ҷустуҷӯ ва таъқиби нафарони боқимонда идома дорад.

Рауф Юсупов, сардори идораи корҳои дохилии Суғд, гуфт, дар рӯзи 18–уми октябр чаҳор сокини Исфара: Абдуфаттоҳ Қайюмов, Маъруфхоҷа Баҳоваддинов, Зикридин Турсунов ва Ҳусенбой Ёдгоров, ки дар як манзил панаҳ бурда, бо нерӯҳои давлатӣ вориди даргирӣ шуданд, кушта шуданд ва як сокини дигари ин маҳал – Абдуҷамил Аҳмадов дастгир гардид.

Дар ҷараёни амалиёт як паноҳгоҳи ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистонро ошкор кардаанд, ки дар он маводи ғизоии зиёд, либосҳо ва хаймаву ҷойхобҳои низомӣ ва теъдоде аз адабиёти диниву экстремистӣ ошкор карда шудааст ...
Дар ҷараёни ин амалиёт як милиса аз гурӯҳи таъиноти махсус (ОМОН) – Хайрулло Мирзоев захм бардоштааст. Генерал–майор Рауф Юсупов нафарони кушта ва боздоштгардидаро аъзои як шабакаи густарда дар қисмати шимолу шарқи Тоҷикистон ва ҷануби Қирғизистон хонд, ки бо иттиҳоми содири як идда ҷиноёти вазнин, аз авохири солҳои навади асри гузашта ба ин су, аз ҷумла ахиран куштори Саидумар Саидов – сардори бахши кофтукови ҷиноии шӯъбаи корҳои дохилии Исфара таҳти таъқиб қарор доштанд.

Вай афзуд, мақсади ин гурӯҳи ҷиноӣ ноором сохтани авзоъ дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон буд. Ӯ ёдовар шуд, ки дар ду соли пеш дар зимни як амалиёти густарда раҳбари ин гурӯҳ – Расул Охунов аз сӯи неруҳои давлатии Қирғизистон дар вилояти Уши ин кишвар кушта гардид.

Генерал–майор Юсупов ҳамчунин гуфт, дар ҷараёни ин амалиёт дар 5 километрии деҳаи Чоркӯҳи Исфара дар баландии ду ним киламетр кормандони интизомӣ як паноҳгоҳи ҷангандаҳои Ҳаракати Исломии Узбакистонро ошкор кардаанд, ки дар он ҳама шароити зарурӣ барои будубош, маводи ғизоии зиёд, либосҳо ва хаймаву ҷойхобҳои низомӣ ва теъдоде аз адабиёти диниву экстремистӣ ошкор карда шудааст.

Ҳамчунин дар наздикии паноҳгоҳ Анвар Бобоев - як сокини Исфара, ки низ таҳти пайгард қарор дошт, беҷон дарёфт шудааст ва ташхиси аввалия сабаби маргашро сарозер шудан аз кӯҳ донистааст.

Ба маълумоти масъулини идораи корҳои дохилии Суғд, амалиётҳо бар зидди гурӯҳи ҲИУ дар минтақаи Исфара, ҳаммарз бо вилояти Бодканди Қирғизистон, дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти сарҳадбонӣ ва ҳифзи ҳуқуқи қирғиз анҷом гирифтааст. Вале бо ин вуҷуд баъзе ноҳамоҳангиҳо миёни мақомоти тоҷику қирғиз дар зимни пахши маълумот вуҷуд доштааст .

Аз ҷумла, ахиран боздошти муваққатии 4 сокини деҳаи Чоркӯҳи Исфара ҳангоми чарои ҳайвоноти хонагӣ дар хати марз аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз аз ҷониби бархе аз расонаҳои интернетии ин кишвар «боздошти ҷинояткорони таҳти таъқиби милисаҳои тоҷик» ва бархӯрди иштибоҳӣ бо гурӯҳи милисаҳои тоҷик дар дили шаб чун «ҳамла ба марзбонони қирғиз аз сӯи аъзои ҲИУ» бозтоб ёфтааст.