Ҳукми додгоҳии масъулони «Востокредмет»

Ба маълумоти додгоҳи вилояти Суғд, додгоҳи мазкур бо ҳукми худ 4 масъули собиқи корхонаи «Востокредмет», воқеъ дар шаҳри Чкалов, ба шумули сарвари ин корхона – Шавкат Бобоҷоновро ахиран ба муҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон кард.
Бо ҳукми додгоҳ Шавкат Бобоҷонов – раҳбар ва Матин Зиёев – сарвари бахши амнияти дохилии корхонаи мазкур ба 10 сол, бо банди «сӯииистифода аз мақоми хидматӣ», сармуҳандис – Александр Ботов ва Александр Бабошин – сардори бахши сохтмони «Востокредмет» ба 22 сол бо ҷурми «хиёнат ба ватан» ва як шаҳрванди Узбакистон – Виссарион Тен бо гуноҳи «ҷосусӣ» ба манфиати кишвари дигар низ ба 20 сол аз рӯи Асноди ҷиноии Тоҷикистон ба ҳасб маҳкум карда шуданд.

Раҳбари корхонаи «Востокредмет» дар моҳи июни соли равон ва масъулини дигари маҳкумгашта дар моҳи июн аз ҷониби кормандони мақомоти амниятии вилояти Суғд мавриди боздошт қарор гирифта буданд.

Мурофиаи ин нафаронро додгоҳи вилояти Суғд дар додгоҳи шаҳри Чкалов анҷом додааст. Мурофиаи парванда ба далели пинҳон доштани маълумоти дорои сирри давлатӣ дар паси дарҳои баста анҷом ёфт.

Наил Киреев – вакили мудофеъ, ки аз Шавкат Бобоҷонов – раҳбари собиқи маҳкумгаштаи корхонаи «Востокредмет» ҳимоят мекард, дар суҳбат ба Озодӣ гуфт, ӯ ва зерҳимояаш аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд. Вай афзуд, вай ва дигар вакилони мудофеъ дар бораи ошкор накардани маълумот дар бораи ҷараён ва қарори додгоҳ забонхат додаанд, бинобар ҳамин наметавонад ҷузъиёти парвандаро ошкор намояд, вале аз қарори додгоҳ ба мақоми болоии додгоҳӣ шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд.