Никоҳ ва талоқ. Синну сол ва сабаб

Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон аз афзоиши мавориди аз ҳам рехтани оилаҳои ҷавон нигарон кард.
Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, гуфт, танҳо дар нимсолаи аввали соли равон дар кишвар беш аз 1,500 оила аз ҳам ҷудо шудаанд, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи як соли пеш аз 100 ҳолат бештар аст.

Як омили аслии афзоиши башиддати вайроншавии оилаҳоро масъулини умури занон ба издивоҷи бармаҳали духтарон марбут медонанд. Тибқи қавонини Тоҷикистон, танҳо ҷавондухтарони синни аз 17 боло иҷозаи издивоҷро доранд, вале дар ҳолати истисноӣ ва бо иҷозаи додгоҳ духтари 16-сола низ метавонад оила барпо кунад. Ба қавли раҳбари Кумитаи кор бо занон ва оила, ба хусус дар навоҳии дурдасти кишвар аксаран духтарон ҳатто мактаби миёнаро пурра хатм накарда, бо талаби волидон оиладор мешаванд.

Бинобар ин, бо ҳадафи коҳиш додани раванди вайроншавии оилаҳои ҷавон Кумитаи кор бо занон пешниҳод дорад, ки синни издивоҷи духтарон 1 сол боло бурда шавад.

Хонандагои гиромӣ, фикри Шумо дар ин бора чист? Сабабҳои афзоиши талоқро дар чӣ мебинед? Боло бурдани синни издивоҷ метавонад ин мушкилро ҳал бикунад?