Боз як журналист латукӯб гардид

Журналисти қазоқ Бахтиҷон Нурпеисов пас аз ҳодиса.

Дар Қазоқистон боз як журналисти нашрияи мустақил аз ҷониби ашхоси номаълум латукӯб гардид. Ин воқеа шоми 5 феврал рух дод.
Хабарнигори рӯзномаи «Обшественная позитсия» Бахитҷон Нурпеисов дар наздикии мағозаи «Арзон»-и шаҳри Алмаато мавриди ҳамла қарор гирифт ва ба асари зарбаҳои ашхоси номаълум сараш сахт ҷароҳат бардошт ва дар ҳоли вазнин ба бемористон интиқол дода шуд.

Ба гуфтаи Бахитҷон вақте ӯ аз кӯчаи Утепов-- Каблуков мегузашт, шахси номаълуме омада ба вай чизе гуфт ва аз суханони вай ба ҷузъ калимаи "сиёсат" чизеро нафаҳмид. Баъд он шахс сараш зад ва чун ӯ аз по афтод боз чанд зарбаи дигар ба бадану сари вай расид.

Фақат баъди ду соат Бахитҷон ба ҳуш омада, бо азобе худро то ба хонаашон расонд. Рӯзноманигор афзуд, ки вай чанд нафар будани ашхоси ба вай дарафтодаро намедонад ва фақат аввал як касро дида буд.

Сардабири рӯзномаи «Обшественная позитсия» ҳамла ба ҳамкорашро ба фаъолияти журналистии ӯ марбут медонад.
Хонум Таукина мегӯяд, «ин амали ашхоси номаълумро мо ба фаъолияти рӯзноманигории ӯ баста медонем. Зеро нахуст ба назди вай омада ба ӯ чизе аз сиёсат ҳарф заданд. Вай чун дар ҳоли вазнин қарор дошт онро дар хотир надорад. Сониян, аз ӯ ҳуҷҷати хабарнигорӣ ва шиносномаашро гирифтанд. Ҳамчунин ҳама манбаи иттилоотиаш, мисли дастгоҳи аккосӣ, диктофон, дафтари ёддошт ва телефони ҳамроҳашро гирифтанд. Вале ба пулаш кордор нашуданд. Мо чунин меҳисобем, ки ин воқиа ба чопи шумораи охири «Обшественная позитсия» , ки дар он дар бораи мошинҳои ҳокими шаҳри остона Имонгалӣ Тошмуҳуммадов ва боҷааш Ракишев иттилое дарҷ гардида буд, бастагӣ дорад.

Саидқозӣ Матаев-- раиси Иттиҳоди журналистони Қазоқистон аз идораи корҳои дохилии шаҳри Алмаато талаб кард, ки ин воқеа пурра бозрасӣ гардад. Вай мегӯяд, ин бори нахуст нест, ки рӯзноманигорони нашрияҳои озод мавриди ҳуҷум қарор мегиранд.

Матаев таъкид мекунад, «он нукта рӯшан аст, ки касе ба рӯзноманигорони нашрияҳои ҳукуматӣ кордор нест. Нашрияҳои мустақил бошанд, ҳамеша мавриди таъқиб қарор мегиранд. Фақат дар якуним моҳи охир ин сеюмин ҳодиса аст. Аввал журналисти бахши қазоқии родиои Озодӣ Ермек Болтай латукӯб гардид. Баъд рӯзноманигори нашрияи «Тасжарған» Артем Миусовро шахси номаълум корд зад ва акнун Бахитҷон Нурпеисовро латукӯб карданд».