Рӯзи сешанбе дар праймеризҳои се иёлат пирӯз гардида, Ҳилларӣ Клинтон шонсҳои ғалаба дар сабқати ҳизби демократро аз нав соҳиб гардид.
Дар интихоботи муқаддамотӣ ё праймеризҳои Ҳизби демукроти ИМА Барак Обама ба 12-умин пирӯзии пайдарпай ноил шуд, вале дар як вақт дар се иёлати дигар дар баробари номзади дигари ин ҳизб Ҳилларӣ Клинтон ба мағлубият мувоҷеҳ гардид.
Акнум хонум Клинтон метавонад, ки баъди пирӯзӣ дар иёлоти Тексас ва Оҳайо дар сабқати номзадҳои ин ҳизб ба мақоми раёсатҷумҳурии Иёлоти муттаҳидаи Амрико пирӯз шавад.
Дар ҳамин ҳол сенатори 71-солаи иёлати Аризона Ҷон Маккейн дар интихоботи қаблии ҷумҳурихоҳон дар ин ҳар чаҳор иёолат низ ғалаба намуда, миқдори зарурии ороъи интихобкунандагонро (1215 вакили интихобкунандаи тарафдор) барои пешбарӣ шудани номзадиаш ба даст овард. Номзади дигари ин Ҳизби ҷумҳурихоҳ Майк Хакабӣ, губернатори собиқи иёлати Арканзас, ноилоҷ эълом кард, ки аз сабқат хориҷ мешавад.
Акнун рӯзи чаҳоршанбе раисиҷумҳур Ҷорҷ Буш сенатор Ҷон Маккейнро дар Кохи сафед ба ҳузураш мепазирад, то номзадии ӯро дар интихоботи ниҳоӣ ба мақоми президенти кишвар расман дастгирӣ кунад.
Агар сабқати ҷумҳурихоҳон, чунонки интизор мерафт, ором гузашт, вале сабқати демократҳо хеле тезутунд ва дромотик сурат гирифт. То рӯзи сешанбе тақрибан ҳама фол мезад, ки кадоме аз номзадҳои демократҳо дар иёлоти бузурги Тексас ва Оҳайо дастболо мешавад. Агар сенатори Иллинойс Барак Обама дар ин иёлот пирӯз мегардид, сенатори Ню-Йорк собиқ бонуи аввали кишвар Ҳилларӣ Клинтон ҳама шонсҳои эҳтимолӣ барои пирӯзии ниҳоиро аз даст медод.
Вале хонум Клинтон якбора – ба ҷуз аз ин ду иёлат – дар иёлати Род-Айленд низ ғалаба кард.
Гуфта мешавад, дар иёлати Оҳайо 141, дар Род-Айленд – 32, дар Вермонт – 15 ва дар Тексас 193 вакили ҳизб дар праймеризҳо ширкат намуданд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки барои пешбарии расмӣ аз ин ҳизб ба номзади демократҳо лозим аст, ки на камтар аз 2025 раъйи анҷумани Ҳизби демократи Амрикоро дар моҳи август касб кунад. Бино бар иттилоъи қаблии ожонсии «Associated Press», феълан Барак Обама аз дастгирии 1466 вакил ва Ҳилларӣ Клинтон аз дастгирии 1376 вакили интихобкунандаи ҳизб бархӯрдор ҳастанд.
Баъди пирӯзӣ дар Оҳайо хонум Клинтон ишора намуд, ки муваффақият дар инҷо ҳамеша шарти асосии пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ будааст: «Дар таърихи муосир ягон номзад – демукрот ё ҷумҳурихоҳ – бидуни пирӯзӣ дар праймеризи ин иёлат Кохи сафедро ба даст наовардааст».
Дар ҳамин ҳол сенатор Ҳ. Клинтон изҳор намуд, ки мубориза бо Барак Обамаро идома хоҳад дод. «Ман бесаброна имкони идомаи баҳсамон дар мавриди масоъили мубрами кишварро интизор ҳастам», эълом намуд Ҳилларӣ Клинтон.
Дар ҳамин ҳол Барак Обама аз мағлубияташ дар се иёлат зиёд маъюс набуда, иддаъо кардааст, ки «мо дар роҳи пирӯзии ниҳоӣ дар номиносюн ҳастем».
Акнун номзадҳои ҳизби демократ ба муборизаҳои дигар омодагирӣ мекунанд, ки калонтарини онҳо 22-вуми апрел дар Пенсилвания баргузор мегардад. То он кокусҳо ё праймеризҳо дар Вайоминг (8-уми март) ва Миссисипӣ (11-уми март) доир мешаванд.