Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ: Дар Тоҷикистон кор ҷисмонист ва коргар арзон


Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, нерӯи корӣ дар Тоҷикистон хеле зиёду арзон аст. Аз ин рӯ, бар асоси пажӯҳиши нави бонк, корфармоён низ чандон ҳавасманд набудаанд, корхонаҳои худро бо таҷҳизоти нав таъмин кунанд.

Субҳи сокини деҳаи Чормағзакон, Саид Наботов, бо додани хошок ба барзаговҳояш оғоз мешавад. Чунки барои оилаи ӯ барзаговҳо ноновари хонааш ҳастанд.

Наботов то ба ҳол тавассути барзагов ва юғу сипор заминҳои гирду атрофи деҳаро шудгор мекунад ва аз ин роҳ ризқу рӯзии аҳли оилаашоро таъмин мекунад. Ӯ мегӯяд: “Барзаговҳоро барои он ки онҳо барои ҷуфт кардан одат кунанд, сар мекунем, яъне онҳоро барои шудгор кардан ҳар рӯз машқ медиҳем. Бо ин барзаговҳо ҳар рӯз ман метавонам то 50 сотих заминро ҷуфт кунам.”

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, бо дӯстони чорпояш ӯ бештар заминҳои нишеб ва ноҳамворро ҷуфт мекунад, маконҳоеро, ки трактор имкони шудгор кардани онро надорад. Барои шудгор кардани ҳар гектар замин ӯ аз 300 то 600 сомонӣ вобаста ба замини шудгоршаванда, музд мегирад. Наботов афзуд, медонад, ки ҳоло барои шудгори заминҳои ноҳамвор низ таҷҳизоти махсус вуҷуд дорад. Аммо мегӯяд, ӯ ва деҳқононе, ки заминашонро бар ивази пул ҷуфт мекунад, аз кишоварзӣ фоида зиёде намебинанд, ки хароҷоти харидории чунин таҷҳизоти навбаромадро ҷуброн кунад.Ин ҳамсӯҳбати мо танҳо шахсе нест, ки дар асри XXI кори сангини ҷисмониеро, ки дар кишварҳои пешрафта кайҳо боз онро техника иҷро мекунад, тавассути чорпо ва ё дастӣ анҷом медиҳанд.

Саид Наботов, барзагов ва юғу сипори ӯ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

Пажӯҳиши тозаи нашркардаи Бонкӣ ҷаҳонӣ дар мавриди “Рушди маҳорат ҷиҳати васеъ шудани имконот дар ҷустуҷуи кор“ низ собит кардааст, ки ҳудуди 60 дарсади ҷойҳои кори навтаъсис ба меҳнати ҷисмонӣ рабт доранд. Муаллифони ин пажӯҳиш навиштаанд, дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна аз 10 коргар танҳо як нафараш дар фаъолияти хеш аз компютер истифода мекунад. Ҳол он, ки ба таъкиди пажӯҳишгарон, ҳатто дар кишварҳои рӯ ба рушде мисли Боливия, Ветнам ва Шри-Ланка, ба ҳисоби миёна аз 10 коргар 3−4 нафар дар фаъолияташон аз компютер истифода мекунад.

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ омадааст, нерӯи корӣ дар Тоҷикистон хеле зиёд ва арзон аст ва аз ин рӯ кордеҳон низ чандон ҳавасманд нестанд, бизнесашонро бо таҷҳизоти навин таъмин кунанд. Барои як кордеҳ дар Тоҷикистон киро кардани Аҳмад ва Раҳмат барои иҷрои як кор ба маротиб аз харидории техника арзонтар меафтад.

Пажуҳишгарон би ин нукта низ ишора мекунад, ки ҳукумат барои соҳибкороне, ки таҷҳизоти технологияи навро ба кишвар ворид мекунанд, тақрибан ягон имтиёзе намедиҳад ва ин омил низ сади роҳи модернизатсияи корхонаҳо шудааст. Дар ҳамин ҳол, кордеҳон ба гарон будани нархи таҷҳизоти нав таъкид мекунанд ва мегӯянд, онҳо барои харидани он маблағи кофӣ надоранд.

Акобир Қурбонов, сарнозири бехатарии меҳнати Итифоқҳои касабаи Тоҷикистон мегӯяд, воқеан истифода аз меҳнати ҷисмонӣ дар корхонаҳои Тоҷикистон хеле зиёд аст. Вай мегӯяд: “Бисёре аз корфармоёне, ки мо ҳамсӯҳбат мешавем, мегӯянд нархи таҷҳизоти нав бисёр гарон аст. Аз ин рӯ, онҳо имкони модернизатсия кардани корхонаҳои худро надоранд. Вагарна онҳо ҳавасманд ҳастанд, ба ҷои даҳ коргар, як техника кори онҳоро анҷом диҳад. Ин хароҷотҳои онҳоро кам мекунад.”

Қурбонов мегӯяд, дар ҳоле, ки истифода аз меҳнати ҷисмонӣ дар кишвар зиёд аст, корфармоён коргаронро бо либосу асбобҳои зарурии муҳофизаткунанда таъмин намекунад. Вай мегӯяд, ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон як корхона дар як сол барои ҳифзи меҳнат ҳамагӣ 25 сомонӣ масраф мекунад, ки барои харидории як кулоҳи муҳофизатӣ (каска) кифоя нест. Вай мегӯяд, то 70 дарсади корфармоён барои ҳифзи ҷони коргаронашон ҳатто либосу асбобҳои заруриро намехаранд.

XS
SM
MD
LG