Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафаргул милисаро зад ва...


Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як сокини пойтахтро бо ҷурми кандани погону тугмаҳои либоси нозири минтақавӣ шартан ба чоруним соли зиндон маҳкум карда, вале дар ҳоли ҳозир барояш 2 соли санҷиш муқаррар намудааст.

Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахти Тоҷикистон сокини маҳаллаи Испечак-2 Сафаргул Мирзоеваро шартан ба чоруним соли зиндон маҳкум кард, вале барои ин хонум 2 соли санҷиш муқаррар шудааст. Мақомоти додгоҳ мегӯянд, агар Сафаргул Мирзоева дар ин давраи санҷишӣ «рафтори намунавӣ» нишон диҳад, аз адои ҳукм раҳо хоҳад ёфт, вале агар дар ин 2 сол даст ба ягон қонуншикании дигар занад, ин чоруним сол ба ҳукми баъдиаш изофа мешавад.

Додгоҳ мегӯяд, ки Сафаргул Мирзоева дар як хархаша погонҳо ва тугмаҳои либоси низомии нозири минтақавии шӯъбаи дуюми корҳои дохилии ноҳия, капитан Шӯҳрат Гардалиевро канда, ба замин партофтааст.

Дафтари матбуоти додгоҳи Синои пойтахт рӯзи 29 май ба Радиои Озодӣ гуфт, Сафаргул Мирзоева бо ҷурми тавҳин ва харошидани сару рӯи капитани милиса Шӯҳрат Гардалиев бар асоси моддаи қисми 2-юми моддаи 237-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ибтидо ба 4 солу 6 моҳ, бо адо намудани чазо дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ маҳкум шуда буд. Вале баъдтар додгоҳ бар асоси асоси моддаи 71-уми Кодекси ҷиноӣ ҳукми Мирзоева Сафаргулро шартан татбиқ накарда, барои ӯ ду сол мӯҳлати санҷишӣ муқаррар кард.

Тавре додгоҳи Сино хабар медиҳад, Сафаргул Мирзоева дар ҷараёни рейди нозирони минтақавии шӯъбаи дуюми корҳои дохилии ноҳияи Сино бо капитани милиса Гардалиев Шӯҳратро, ки ҳамроҳи мудири бахши иқтисод ва савдои ноҳияи Сино Дилором Шералиева «барои бартараф намудани савдои кӯчагӣ дар маҳаллаи Испечак-2» сафарбар шуда буд, вориди муноқиша шудааст.

Нозирони милиса вақте ки монеи савдои ба истилоҳ ғайриқонунии Сафаргул Мирзоева дар сари роҳи мошин дар маҳаллаи Испечак-2 шуда, ҳамзамон ӯро ҳамроҳи духтараш ба навор мегиранд, духтари ӯ Зилол Абдуллоева монеъи наворгирии кормандони милиса мешавад. Дар ҳамин лаҳза Гардалиев Шӯҳрат барои ором кардани онҳо мехоҳад мусоидат кунад, вале тавре додгоҳи Сино мегӯяд, Сафаргул Мирзоева «дидаю дониста, ки Гардалиев Шӯҳрат корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад ва дар тан либосҳои низоми дорад ва ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиаш қарор дошт, дар назди кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти Сино ва шаҳрвандони дар гирду атроф ҷамъ омада дашномҳои қабеҳ дода, бо истифодаи зӯроварӣ рутбаи низомӣ ва тугмаҳои куртаи низомиашро канда, ба замин партофта, шаъну шарафашро паст задааст.»

Додгоҳи ноҳияи Сино мегӯяд, «мувофиқи хулосаи коршиноси Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ-судии вазорати тандурустӣ, таҳти №- 8652 аз 11 ноябри соли 2013, ҷарохатҳои ҷисмонии бадани шаҳрванд Гардалиев Шӯҳрат Одилович дар шакли харошаҳо ва хуномосҳо мансуб ба зарари саломатӣ нестанд.» Хулосаи коршиноси Маркази ҷумҳуриявии эксиертизаи тиббӣ-судии физико-техникии вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №-135 аз 22 ноябри соли 2013 низ нишон медиҳад, ки «осебе, ки дар куртаи низомии Гардалиев Шӯҳрат Одилович дарёфтгардида осеби дарида мебошад. Он аз таъсири ҷисмҳои кунду сахт буда ва мумкин аст, ки ҳангоми кашидан ба ҳар самти муқобил ба вуҷуд омада бошад.»

Бо назардошти ин, додгоҳи Сино Мирзоева Сафаргулро дар ибтидо бо моддаи 237 қисми 2 бо амали «авбошӣ» гунаҳгор дониста, ӯро ба мӯҳлати чор солу шаш моҳ маҳкум ба зиндон кард, вале баъдан бар асоси моддаи 71 «бо назардошти хатарнок набудани зарари ворида» иҷрои ҳукми Мирзоева Сафаргул Ҳомитовнаро ба таъхир гузошта, шартан татбиқ накард ва дар иваз барои ӯ ду сол мӯҳлати санҷишӣ муқаррар шуд.
XS
SM
MD
LG