Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Суғд аз раъду барқ як тан ҳалок шуд ва 7 тан осеб диданд


Дар пайи зарбаи раъду барқ, як сокини вилояти Суғд ҷон бохта, ҳафт тани дигар ҷароҳатҳои мухталиф бардоштаанд.

Ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, дар пайи зарбаи раъду барқ як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд фавтида, ҳафт тани дигар захм бардоштанд. Ба гуфтаи намояндаи ситоди ҳолатҳои изтиророӣ дар ин маҳал, ин ҳодиса баъд аз зуҳри рӯзи 30-юми май дар ҷамоати Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст.

Ширинҷон Мамадқулов, намояндаи ин ситод дар ноҳияи Ғафуров ба Радиои Озодӣ гуфт, раъду барқ ин сокинонро дар деҳаи Сафедораки ҷамоати Чашмасори ин маҳал вақти рафтанашон барои таъзият ба хонаи як сокин, дар сари кӯча дарёфт кардааст: “Аз зарбаи барқ Эрмубин Тоҷибоева, сокини 64-солаи деҳаи Сурхчашмаи ноҳияи Ғафуров ба ҳалокат расида, 7 нафар ҳамроҳаш -- як марду шаш зан ҷароҳатҳои мухталиф бардоштаанд.”

Вай афзуд, се нафар аз зарардидадагон бо осебҳои вазнин дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи вилоятӣ ва яке дар беморхонаи чашм бистарӣ карда шудаанд. Ду нафари дигар аз ин гурӯҳ, ки ҷароҳатҳои нисбатан сабук бардоштаанд, баъди муоинаи табибон ба манзилашон баргаштаанд. Як нафари онҳо аз шаҳраки Консойи Қайроқум буда ва дигарон истиқоматкунандаи ноҳияи Ғафуров мебошанд.

Дар пайи бориши шадиди соли ҷорӣ шашумин мавриди зарби раъду барқ дар шимоли Тоҷикистон аст, ки одамон қурбон шуда ва ё осеб мебинанд.

XS
SM
MD
LG