Ҷасади Марҳабо, Нигина ва Мавлудаи ҳомила, ки ҳарсе аз як оила буда, шоми душанбе ба ҳангоми чидани олуча аз зарбаи шадиди раъду барқ ҷон бохтаанд, рӯзи 9 июн ба хок супорида шуд. Нигина ва Мавлуда - арӯс ва Марҳабои 17-сола духтари хонаводаи муовини раиси маҳаллаи Тоҷикободи ноҳияи Рӯдакӣ Боймуҳаммад Саидов будаанд.
Исмоил Шарифов, раиси маҳаллаи Тоҷикобод дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, зарбаи раъд ба ҳадде шадид будааст, ки бар асари он бадани онҳо сиёҳ шудааст. Ӯ гуфт, агар Марҳабо ҳамон лаҳза доду фарёд намекард, мардум аз ин ҳодиса бехабар мемонданд. "Ҳини вуқӯи ҳодиса як корманди бунгоҳи тиббӣ аз назди боғ убур мекардааст ва садои Марҳаборо шунида, мардумро ба ҷойи ҳодиса даъват намудааст," -- афзуд ӯ.
Шарифов мегӯяд, Марҳабо ва Нигина (соҳиби се фарзанд будааст) дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Мавлудаи обистан дар бемористон ҷон медиҳад. Пизишкҳо баъд аз муоина ба ин хулоса расидаанд, ки кӯдаки ӯ ҳанӯз ҳангоми зарбаи раъду барқ ҷон додааст. Бинобар ҳамин, онҳо зарур нашумориданд, ки Мавлударо ҷарроҳӣ кунанд ва кӯдакро аз батни модар берун оранд.
Падари ин хонадон Боймуҳаммад Саидов -- муовини раиси маҳаллаи Тоҷикобод, ки нав аз сари қабри пайвандонаш баргашта буд, мадори ҳарф задан надошт ва нахост сӯҳбат кунад. Далер Раҳмонов, сардори шӯъбачаи минтақавии умури дохилӣ дар ҷамоати Зайналободи ноҳияи Рӯдакӣ, ки рустои Тоҷикобод дар итоаташ ҳаст, гуфт, ин фоҷиа дар соати 5-и бегоҳи рӯзи душанбе ва баъди боронгарии кӯтоҳ рух додааст. Вай афзуд, онҳо ба ҷои ҳодиса рафта таҳқиқ кардаанд, ки ҳодиса дар боғи хоҷагии деҳқонии ин хонавода, ки дар сари роҳ воқеъ аст, рух додааст.
Ба гуфтаи сокинони маҳаллаи Тоҷикобод, ин барои бори аввал нест, ки дар ин минтақа бар асари раъду барқ одамон ба ҳалокат мерасанд. Ду сол пеш як кӯдаки хурдсол низ дар вақти аз як деҳа ба деҳаи дигар рафтан, дучори раъд шуда, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида будааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, дар аввали моҳи равон дар пайи зарбаи раъду барқ, як сокини вилояти Суғд ҷон бохта, ҳафт тани дигар ҷароҳатҳои мухталиф бардоштаанд. Ориф Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба сокинон ҳушдор дод, ки ҳини боришоту раъду барқ дар баҳор, аз рафтан ба саҳро ва майдонҳои боз, худдорӣ кунанд.
Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, ҳодисаи раъду барқ дар деҳаи Тоҷикободи ҷамоати Зайналободи ноҳияи Рӯдакӣ ҳафтумин мавриди зарби раъду барқ аз аввали соли ҷорӣ то кунун дар кишвар аст, ки бар асари он одамон қурбон шуда ва ё осеб мебинанд.