Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ало, ҳоҷӣ?" Зангҳо ба Макка ва аз Макка


Дар ин шабу рӯз, ки ҳудуди 6300 шаҳрванди Тоҷикистон ба хотири анҷоми фаризаи Ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ қарор доранд, ширкатҳои мобилӣ кам-кам дарк кардаанд, ки барои ин муштариён низ бояд мубориза бурд.

Зоирон маъмулан ҳудуди як моҳ дар Арабистони Саудӣ мемонанд ва табъан тамоми ин муддат дасти хешу табор ва дигар наздикони онҳо аз гӯшии телефон канда нест, ки оё бо ин азизи онҳо дар Маккаву Мадина чӣ мегузарад?

Оё зоирони тоҷик дар Арабистони Саудӣ ва наздикони онҳо дар Тоҷикистон барои тамос ва гирифтани аҳволи якдигар бештар аз кадом роҳ истифода мекунанд? Албатта, дар сурати дастрасӣ ба Интернет ҳар нафар метавонад даҳҳо роҳи робитаи арзон ва ҳатто бепул бо дуртарин гӯшаи дунё, аз ҷумла байни Тоҷикистон ва Саудияро пайдо кунад. Вале як бахши ағлаб ба далели масруфияти зиёд дар анҷоми маросими Ҳаҷ ба телефони мобил бартарӣ медиҳанд, ки ҳамеша дар бари зоир аст ва ба фарқ аз Интернет, дар ҳар куҷои Маккаву Мадина ё Арафоту Муздалифа - дастрас.

Тарифи вижаи "Ҳаҷ-2013" барои зоирони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00
Линки мустақим

Ба ин далел, дастикам як ширкати телефонҳои мобили Тоҷикистон сабқатро барои ба даст овардани ин артиши бузурги зоирон шурӯъ кардааст.

Ширкати ”Tcell” дар рӯзҳои Ҳаҷ-2013 барои муштариёне, ки аз хидмати роуминги ин ширкат истифода мебаранд, сабукиҳо эҷод кардааст. Дар чорчӯби маъракаи вижае бо номи “Ҳаҷ-2013” муштариёни ин ширкати мобилӣ имкон пайдо мекунанд, бо тарифҳои поёнтар аз Арабистони Саудӣ бо пайвандони худ дар Тоҷикистон гуфтугӯ кунанд. Агар аз Тоҷикистон ба зоир занг зананд, ҳар дақиқаи гуфтугӯ барои ӯ дар Арабистони Саудӣ 60 дирам тамом мешавад. Вале агар худи ӯ ба Тоҷикистон занг занад, барои ҳар дақиқаи сӯҳбат аз ӯ 4 сомониву 40 дирам хоҳанд ситонд. Барои зангҳо дар дохили Арабистони Саудӣ ширкат барои ҳар дақиқааш 3 сомониву 30 дирам таъйин кардааст. Як СМС дар чорчӯби роуминги ”Tcell” бо тарифи “Ҳаҷ-2013” 1 сомониву 10 дирам нарх дорад.

Шаҳноз Комилзода, сухангӯи ширкати “Мегафон” гуфт, ин ширкат бештар рӯи иртиботот байни хонаводаҳо дар Тоҷикистон ва муҳоҷирони тоҷик дар Русия тамаркуз мекунад ва ахиран тарифи вижае бо номи “Хуш омадед” пешниҳод кард, ки ҳамагӣ 30 дирам барои ҳар дақиқаи гуфтугӯро дар бар мегирад. Ба гуфтаи Шаҳноз Комилзода, ин дар ҳоли ҳозир арзонтарин қимати сӯҳбати телефонӣ аз Тоҷикистон ба Русия аст. Аммо истифода аз хидмати роуминги “Мегафон” дар кишварҳои Осиё дар нархномаи ширкат аз 5 сомонӣ (барои зангҳое ки дохил мешаванд) то 25 сомониро ташкил медиҳад.



Холиқназар Ҷумъаев, сухангӯи ширкати “Вавилон” ба Озодӣ гуфт, ин ширкат тарифи вижае барои зоирони тоҷик таҳия накардааст, вале роуминги “Вавилон” маъмулан яке аз арзонтаринҳост ва аз ҷумла дар Арабистони Саудӣ. Ин ширкат чанд сол ба ин сӯ хадамаи вижае бо номи NGN(New generation network ё Шабакаи насли нав)-ро ба роҳ андохтааст, ки дар сурати доштани хатти Интернет муштарӣ метавонад бо дилхоҳ шумораи телефони мобил ё телефони хона дар Тоҷикистон бо қиматҳои муодили телефонҳои дохилӣ сӯҳбат кунад. Аммо истифода аз ин хадама дар шароити адои фаризаҳои Ҳаҷ, ки зоирон маҷбуранд чандин бор табдили макон кунанд, кори сода нест. Хусусан барои зоирон, ки аксаран мардуми солхӯрдаанд ва бо фанновариҳои навин огоҳии чандоне надоранд.

Як ҳоҷии тоҷик, ки соли гузашта зиёрати Маккаву Мадина кардааст, аз таҷрубаи худаш гуфт, бо вуҷуди ироаи имтиёзҳо аз сӯи ширкатҳои ватанӣ, боз ҳам қарордоди муваққат бо ягон ширкати маҳаллии телефонҳои мобил дар худи Арабистони Саудӣ бештар сӯдманд аст, чунки аз зангу сӯҳбатҳои телефонӣ бо аҳли хонаводаҳои худ дар Тоҷикистон дида, зоирон бештар ба тамос бо зоирони дигар аз Тоҷикистон дар худи маконҳои зиёрат бештар эҳтиёҷ доранд. Ӯ мегӯяд, издиҳоми зоирон аз кишварҳои мухталиф дар Маккаву Мадина чунон бузург аст, ки зоирон зуд-зуд якдигарро гум мекунанд ва дар чунин сурат ҳар дафъа аз тариқи роуминг ҷустуҷӯ кардани ҳамроҳони худ, албатта, дар ниҳоят барои ҳар зоир бо қимати гароне тамом хоҳад шуд.

Имсол аз Тоҷикистон ҳудуди 6300 нафар қасди зиёрати “Хонаи Худо” кардаанд. Арабистони саудӣ имсол квотаи Ҳаҷ барои ин кишварро то ҳадди 7800 нафар боло бурд, вале баъдан ба далели зарурати анҷоми корҳои бозсозӣ дар Макка квотаи ҳар кишварро 20 дарсад пойин бурд. Бино ба иттилоъи Кумитаи дини ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷамъи зоирони тоҷик ду нафараш дар Саудия вафот кардаанд – яке аз марги нобаҳангом ва дувумӣ бар асари садамаи нақлиётӣ.
XS
SM
MD
LG