Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсии зиддикоррупсия: Журналисти ТВ бо ришва боздошт шуд


Бинои Шабакаи аввали Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон.
Бинои Шабакаи аввали Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон.

Мақомоти тафтишотӣ муҳаррири идораи сиёсии Шабакаи аввали Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистонро дар гирифтани пора муттаҳам мекунанд.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, Хайрулло Мадисоев, муҳаррири идораи сиёсии Шабакаи аввали Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистонро ҳангоми гирифтани 3 ҳазор доллар аз шаҳрванди “Н” боздошт кардаанд.

Олим Забирзода, сухангӯи ин ниҳод рӯзи 15 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯи хулосаҳои аввалияти тафтишот, корманди Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон Хайрулло Мадисоев ҳамроҳ бо муҳандис-заминсози ҷамоати Лоҳур Абдусаттор Мирзоев барои миёнҷигарӣ дар гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз як сокини ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ бо номи “Н” гӯё 6 ҳазор доллари ИМА талаб кардааст.

Тафтишот мегӯяд, Хайрулло Мадисоев ба ин нафар, ки бо ӯ аз қабл шинос будааст, ваъда мекунад, ки дар якҷоягӣ бо Абдусаттор Мирзоев, муҳандис-заминсози ҷамоати Лоҳур барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ мусоидат хоҳад кард. Хайрулло Мадисоев рӯзи 9 апрел аз ҷониби кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба ҳангоми аз шаҳрванд "Н" гирифтани 3 ҳазор долллар аз пули ваъдагии 9 ҳазор доллар, боздошт шуд.

Оҷонсии зидди коррупсия феълан алайҳи Хайрулло Мадисоев, муҳаррири идораи сиёсии Шабакаи аввал ва Абдусаттор Мирзоев, муҳандис-заминсози ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди “б”-и кодекси ҷиноӣ (ситонидани ришва дар ҳаҷми махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Ин дар ҳолест, ки мавқеи худи журналисти боздоштшуда ба ин ҳодиса маълум нест ва санҷидани дурустии ин иттиҳот тавассути манобеи мустақим имкон надорад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки ба манзили зисти журналист рафта буданд, дари хонаи ӯро баста дарёфта нафареро аз наздиконаш пайдо накарданд.

Бар тибқи иттилои ҳамкоронаш дар телевизиони давлатӣ, худи Мадисоев дар як хонаи иҷора зиндагӣ мекунад. Зимнан, дар телевизион мегӯянд, дар бораи ҷузъиёти боздошту иттиҳоми ҳамкорашон хабаре надоранд, вале бовар доранд, ки ин ҳодиса ба фаъолияти журналистии ӯ иртибот надорад.

Хайрулло Мадисоев як корманди собиқадори телевизиони давлатии Тоҷикистон аст, ки на камтар аз 20 соли охир дар ин муассиса кор кардааст. Дар гузашта ӯ дар шӯъбаи кишоварзии телевизион ба унвони гузоришгар фаъолият мекард.

XS
SM
MD
LG