Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар рӯзи сеюми мушкили дастрасӣ ба Интернет сабабҳои ин ҳолатро шарҳ дод.
Якум - ба обрӯи онҳо халал мерасонад. Муҳимтар аз ин ин кор барои ширкатҳои мухобиротӣ зиёни молиявӣ меорад. Аз ин рӯ зарур аст, ки ташкили маъмулии корро роҳандозӣ кунанд ва ҳамзамон мутахассисони фаннио ба кор ҷалб намоянд
Масъулини Хадамот мегӯянд, дар паи «корҳои профилактикӣ дар хатҳои Интернет» мушкили дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонӣ эҷод шудааст. Ин дар ҳолест, ки тӯли се рӯзи ахир истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон аз суръати паст ва дастнорас будани бархе сомонаҳо, аз ҷумла вебсайти «Радиои Озодӣ», шикоят мекунанд.
“Мушкил то чанд рӯзи дигар давом мекунад”
Тоҳир Ёқубов, як масъули Шабакаи ҷумҳуриявии таҳвили маълумот, ниҳоди зертобеи Хадамоти алоқа мегӯяд, феълан «барои мутобиқгардонии хатҳои Интернет корҳои профилактикӣ» бурда истодаанд.
Ҷаноби Ёқубов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, корҳои таъмирӣ ё профилактикии онҳо то чанд рӯзи дигар давом меёбад ва то он вақт мушкили дастрасӣ ба Интернет боқӣ хоҳад монд.
Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи сабаб ва ҳадафҳои ба истилоҳ корҳои профилактикӣ ин масъули Хадамоти алоқа гуфт: “ҳадаф аз корҳои профилактикӣ ин мутобиқгардонии маршрутҳои Интернет аст ва баъди ин кор сифати Интернет хуб мешвад. Азҷумла боз кардани сомонаҳо тезтар мешавад. Рузҳои наздик бояд ба охир бирасонем ва ин кор каме вақтро талаб мекунад.”
Тоҳир Ёқубов мегӯяд, қабл аз шурӯи корҳои таъмирӣ, ширкатҳои таъминкунандаи Интернетро огоҳ карда буданд, ки дар корашон чунин вазъро пешбинӣ намоянд.
Ин масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҷузъиёти аз ин бештар надод.
“На ИМО даромада мешавад, на Инстаграм”
Мушкили дастрасӣ ба Интернет ва масдуд шудани бархе сомонаҳои хабаррасони мисли «Радиои Озодӣ» ва «Азия-Плюс» аз охири ҳафтаи гузашта шуруъ шуд. Аллакай рузи якшанбеи 5 август истифодабардагон аз дастнорас шудани бархе шабакаҳои иҷтимоӣ ба монанди Фейсбук ва паёмрасонҳо шикоят карданд. Дар ин миён дастрасӣ ба бархе сомонаҳои хабарӣ ҳам масдуд шуд ва танҳо бо қулфшиканҳо ворид шудан ба он имконпазир аст.
Камол Иброҳимов, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ду рӯз аст, ки ӯ наметавонад вориди шабакаи Инстаграм шавад. Иброҳимов муштарии шабакаи ТоҷНет буда, аз тариқи интернети кабелӣ вориди Интернет мешавад.
“Вақте мехоҳам ба Инстаграм ворид шавад, боргирӣ (заргузка) мешавад, аммо намедарояд. Аввал ман фикр кардам, ки ин мушкил танҳо барои ман аст, аммо имрӯз пурсидам дигар рафиқонам ҳам гуфтанд, ки чунин мушкил доранд,” - афзуд ин сокини Душанбе.
Камол Иброҳимов ва садҳо тани дигар низ аз вуҷуди мушкил ҳангоми вуруд ба Интернет шикоят мекунанд.
“Ширкатҳо: Айби мо нест, ба «боло» муроҷиат кунед”
Ширкатҳои таъминкунандаи Интернет мушкил дар ин самтро тасдиқ карда, аммо мегӯянд, ин ҳолат аз онҳо бастагӣ надорад. Чанде аз ин ширкатҳо тариқи паёмак муштариёни худро аз вазъи пешомада огоҳ кардаанд. Азҷумла, ширкати Тселл ба муштариёни худ гуфтааст, дастрасӣ ба бархе аз паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба сабаби корҳои фаннӣ дар провайдерҳои интернетӣ муваққатан қатъ шудааст.
Рӯзи 6 август дар чанд ширкати таъминкунандаи Интернет ба Радиои Озодӣ гуфтанд, пеш омадани чунин вазъ ба буҷаи онҳо зарари калон мерасонад.
Масъули яке аз ин ширкатҳо ба мо гуфт, чанд рӯз аст, ки аз уҳдаи таъмини пурраи муштариёнашон бо Интернет намебароянд. Чун, ба қавли ӯ, онҳо низ акнун Интернетро аз «Тоҷиктелеком» мехаранд ва пайдо шудани ҳаргуна мушкил дар кори ин ширкат ба кори онҳо низ таъсир мерасонад.
“Коршинос: Дар инҷо муколама намерасад”
Дар ҳамин ҳол таҳлилгарони бахши мухобирот мегӯянд, ҳама гуна маҳдудсозӣ ва ҳатто қатъи дастрасӣ ба Интернет дар замони муносибатҳои бозорӣ паёмадҳои начандон хуб доранд.
Ғафурҷон Эркаев, раиси Анҷумани дастраскунандагони алоқаи мобилии Тоҷикистон мегӯяд, мушкили аслӣ, ин набудани муколама байни мақомоти марбута аст.
Эркаев мегӯяд, ҳамагуна маҳдудият “якум ба обрӯи онҳо халал мерасонад. Муҳимтар аз ин ин кор барои ширкатҳои мухобиротӣ зиёни молиявӣ меорад. Аз ин рӯ зарур аст, ки ташкили маъмулии корро роҳандозӣ кунанд ва ҳамзамон мутахассисони фаннио ба кор ҷалб намоянд.”
Ин нахустин бор нест, ки истифодабарандагон ба мушкили дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистон дучор мешаванд. Дар гузаштаҳо, ба мушоҳидаи созмонҳои мудофеи озодии баён ва ҳам журналистони мустақил, маҳдудият дар дастрасӣ ба интернет ва телефонҳои дастӣ ба марҳилае рост меомад, ки дар кишвар таҳаввулоти муайяне руй медод. Аз ҷумла, соли 2010 дар рӯзҳое, ки мақомот дар шарқи Тоҷикистон амалиёти зидди гурӯҳҳои террористиро ба роҳ монданд, муддате дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам вебсайтҳои хабаррасон масдуд шуд. Чунин ҳолат соли 2012 ҳангоми ҳодисаҳои Хоруғ ва дар пайи даъвати “Гурӯҳи 24” ба баргузории як гирдиҳамоии эътирозӣ дар маркази Душанбе моҳи октябри соли 2014 ҳам такрор шуда буд. Он замон мақомоти хадамоти алоқа рабти ин ҳодисаҳоро ба сайтбандӣ рад карда буданд.
Ҳоло бархе корбарони тахмин мезананд, ки шояд маҳдудият дар дастрасӣ ба вебсайтҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ки майдони баррасии таҳаввулоти ахири кишвар шудааст, бо ҳодисаи ҳамла ба туристони хориҷӣ рабт мегирад. Мақомоти тоҷик масъулияти ин ҳамларо ба дӯши ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ вогузор карда гуфтанд, ки ин созмон зери пӯшиши парчами гурӯҳи “Давлати исломӣ” амал мекард. Худи ин созмон даст доштанаш дар ин ҳамларо қотеона рад карда иттиҳоми мақомотро “беасос ва ғайримантиқӣ” номидааст.