Марина бо шавҳараш, ҷавоне аз Сурия, замони таҳсил дар Чин ошно шуд. Соли 2012 пас аз хатми Донишгоҳ онҳо ба Латақия рафтанд. Шавҳарашро ба артиш даъват карданд.
Ин бахше аз тарҳи якҷояи Радио Свобода ва Настоящее Время аст"Шаби арабӣ". Қиссаи чаҳор зани рус дар Сурия.
Ӯ бо ёдоварӣ аз рӯзҳои аввали худ дар Сурия мегӯяд: “Маро суриягиҳо хеле гарм қабул карданд, вале дар аввалин ҷашни Соли нав дар инҷо гиря кардам. Ин як рӯзи маъмулии офтобӣ ва гарм буд. Аслан ҳолу ҳавои солинавӣ эҳсос намешуд. Дар Сурия анъанае ҳаст, ки дар ин рӯз мардум кабоб мепазанд, аммо ба якдигар тӯҳфа намекунанд ва касе шампон наменӯшад.
Тафовути фарҳангӣ хеле зиёд аст. Инҷо ҳама маъмулан бегоҳ барои харид ба бозор мераванд, зеро рӯзона хеле гарм аст. Барои ҳамин, бозорҳо қариб то соати 12-и шаб кор мекунанд. Рӯзҳои ҷумъа қариб ҳама ҷо баста аст. Дар ин рӯз бояд дар хона бимонӣ ва намоз гузорӣ.
Ман дар байни арабҳо зиндагӣ мекардам. Барои ҳамин забони арабиро зуд аз худ кардам. Вақте шавҳарамро ба хизмат бурданд, ман дар Донишкадаи забонҳо чун муаллимаи забони русӣ ба кор даромадам.
Вақте ба Сурия мерафтам, фикр мекардам, ҳама мисле ки дар телевизион намоиш дода мешуд, харобу валангор аст. Вале дар Латақия чунин набуд. Мегӯянд, соли 2011 мардум ба берун баромада, эътироз мекарданд, мағозаҳоро мешикастанду мошинҳоро оташ мезаданд. Соли 2012 аллакай ҳама ҷо ором буд. Ҳама ҷо кор мекард, мактаббачаҳо ба дарс мерафтанд. Сайёҳону хориҷиён зиёд буданд.
Баъдтар, дар атрофи шаҳр ҷанг сар шуд. Дар Латақия ҳам шабу рӯз таркишҳо ба гӯш мерасиданд. Тирезаҳои хона доимо меларзиданд. Мавридҳое ҳам буд, ки метарсидам хоб кунам. Вале ман аз ин кишвар берун рафтан намехостам. Зеро имкон дошт тамос бо шавҳарам канда шавад. Бо тақозои кор ӯ ба ҷойҳое мерафт, ки дар он ҷо хатти алоқа набуд. Мо ҳафтаҳо наметавонистем бо ҳам суҳбат кунем. Дар Русия метавонистам ӯро ба пуррагӣ аз даст диҳам.
Дар даргириҳо шавҳари ман ширкат накардааст, вале соли 2012 ба қисми ҳарбии онҳо гурӯҳи “Ҷабҳат-ан-Нусра” ҳамла кард. Дар телевизион хабар доданд, ки террористон ба ин қисм ворид шуда, низомиёнро асир гирифтаанд ва латукӯб кардаанд. Мо бо волидони ӯ ҳар рӯз ин хабарҳоро медидему гиря мекардем. Фикр кардам, шавҳарамро аз даст додам. Баъдан маълум шуд, ки шавҳарам ва бархе аз ҳамхизматонаш наҷот ёфтаанд. Чунин ҳолатҳо зиёд буданд.
Тирамоҳи соли 2018 вақте Исроил Латақияро тирборон кард, рӯзҳои даҳшатнокеро пушти сар кардем. Дар наздикии хонаи ман таркиш шуд, тамоми бино меларзид, чунин ба назар мерасид, ки бомбҳо дар зери тирезаи мо метарканд. Як рӯз таркиш тақрибан 20 дақиқа идома кард. Фикр кардам, зиндагиам ба охир расид, вале Худоро шукр, наҷот ёфтем.
Зиндагӣ дар ин ҷо воқеан мушкил аст. Пайваста барқро хомӯш мекунанд. Хонаҳо батареяҳои гармидиҳӣ надоранд. Мардум бо газ ва ё бухориҳои барқӣ хонаҳоро гарм мекунанд. Зимистони соли 2019 хеле сард буд. Аз хоб ларзида мехестем. Зуд зуд бе об мемонем. Вақте ба Русия рафтам, фикр кардам дар биҳиштам. Ҳеч вақт фикр намекардам, ки ба қадри оби фаровоне, ки аз қубур меоянд, мерасам. Ин ҷо ҳамеша хонаҳо рӯшану гарманд.
Латақия қариб хароб нашудааст. Нақлиёт ҳаст, автобусҳо равуо доранд. Чанде пеш ба Димишқ рафтем ва дар роҳ маконҳои зиёди вайроншударо дидем. Дар Ҳумс ҳоло ҳам ноҳияҳои харобшудаи зиёде аст. Ин макон шаҳри мурдаро мемонад, аммо ҳамзамон хиёбонҳои наве ҳам пайдо шудаанд, ки ободу зебоянд ва дар он одамон озод сайругашт мекунанд.