Радиои Озодӣ

Лилия: “Дар Сурия ба мо чун малика муносибат мекунанд."

Тарҳи бахши русии Радиои Озодӣ (Радио Свобода) ва телевизиони "Настоящее Время"

25 октябри 2020

Лилия бори аввал соли 1997 аз Перм ба Сурия рафт. Як ҳамсабақи суриягияш ӯро ба тамошои ин кишвар даъват кард. Онҳо якҷо Донишгоҳи дорусозии Пермро хатм кардаанд. Аҳмад ба Лилия пешниҳоди издивоҷ дод. Духтари рус аввал розӣ набуд.

Ин бахше аз тарҳи Радио Свобода ва Настоящее Время аст"Шаби арабӣ. Қиссаи чаҳор зани рус дар Сурия".

Лилия достони шиносоӣ ва зиндагияшро дар Сурия чунин қисса мекунад: Баъд аз як соли шиносоӣ, Аҳмад ба ман пешниҳоди издивоҷ кард. Мо дар масҷид никоҳ кардем ва розӣ шудам барои як муддат ба Сурия биравам. Солҳои 90-ум дар Перм, ки онҷо зиндагӣ мекардам, дуздиву куштор зиёд буд. Мехостам бубинам, ки мардум дар кишварҳои дигар чӣ гуна зиндагӣ доранд. Писарамро ба бибиаш монда, ҳамроҳи Аҳмад ба Димишқ рафтам.

Зиндагӣ дар оилаи калон

Аз Димишқ мо ба Абу-Камол, шаҳраке дар марзи Ироқ, омадем. Хонаводаи Аҳмад, падар, модарандар ва 15 бародараш дар он ҷо зиндагӣ мекарданд. Падари ӯ муассиси аввалин дорухона дар ин минтақа буд ва миёни сокинон нуфуз дошт.

Хонаводаи Аҳмад маро чандон хуш қабул накарданд. Либосу хӯрок, хулоса, ягона корам ба онҳо писанд набуд. Бо забони худ маро таҳқиру масхара мекарданд. Пас аз 3 рӯз Аҳмад маро ба шаҳри дигар бурд. Он ҷо дар идорае аз ман чанд маротиба изи ангушт гирифтанд. Вақти берун шудан аз ин идора, Аҳмад гуфт, мо ҳамин ҳоло издивоҷ кардем. Ман ҳайрон шудам ва гуфтам, чӣ тавре, ки издивоҷ кардем, ҳамон тавр боз ҷудо мешавем."

Занони хориҷӣ дар ҳаммом. Димишқ, Сурия
Бозори Димишқ, Сурия
Бозори Димишқ, Сурия
Фурӯшгоҳе дар Димишқ, Сурия
Сайёҳон дар Сурия

Бо визаи сайёҳӣ, Лилия наметавонист дар Сурия бештар аз се моҳ бимонад. Барои бештар мондан вай бояд ё ҳуҷҷати иҷозаи кор мегирифт ва ё издивоҷ мекард. Аҳмад инро медонист, вале ба Лилия намегуфт.

Вақте ба хона омадем, падари Аҳмад ӯро барои бидуни иҷоза бо ман издивоҷ карданаш сарзаниш кард. Хонаводааш ӯро аз ҳуҷҷатҳои дорухона, ки бояд барояш медоданд, маҳрум карданд.

Вай ҳам қаҳр кард ва мо сару либосамонро ҷамъ кардему ба шаҳри Ал-Маёдин рафтем. Он ҷо мо як хонаи хурдро ба иҷора гирифтем ва зиндагии камбағалонае доштем. Баъзан ҳатто барои хӯрок ҳам пул надоштем ва ҳамсоя ба мо кумак мекард. Баъд аз ним сол ман билохира як миқдор маблағ пайдо кардаму ба Перм баргаштам.

Лилия ба ёд меорад, ки баъди бозгашт ба Русия дар соли 1999 ӯ ба Аҳмад занг зада гуфт, ки дигар ба Сурия барнамегардад. Аҳмад намехост аз ҳамсараш ҷудо шавад ва талош кард то зиндагии якҷояашонро дар Русия идома диҳанд. Онҳо ба Қазон кӯчиданд ва соҳиби фарзанд шуданд. Аҳмад кӯшиш кард дар ин ҷо соҳибкорӣ кунад, аммо муваффақ нашуд ва баъд аз ду сол ин оила дубора ба Абу Камол ва баъдан ба Димишқ баргаштанд.

"Вақте аз кор бармегардӣ, хонаат вайрон шудааст."

Муноқишаҳо дар Димишқ аз соли 2011 шиддат гирифтанд. Ноболиғон дар шаҳри Даръо бо овезаҳои “Мардум дар орзуи сукути режим ҳастанд” боздошт шуданд. Ин шиори "Баҳори араб" буд, ки дар намоишҳои Миср ва Тунис низ садо дод. Ҳазорҳо сокини шаҳр бо талаби раҳоии наврасон ба хиёбонҳо баромаданд. Ҳангоми пароканда кардани эътирозгарон чанд нафар кушта шуданд. Тазоҳуроти зидди ҳукумат дар шаҳрҳои дигар ҳам оғоз шуд.

Димишқ шаҳри зебо буд. Он ҷо мардум бо ту мисли як малика муносибат мекунанд. Ман дар мактаби забонҳо забони арабӣ мехондам. Ба маркази фарҳангии Русия мерафтам. Дар деҳа ман ҳамагӣ як дугонаи рус доштам, аммо дар Димишқ ҷамъияти русҳо зиёд буд. Он ҷо зиндаги ҷолибтар буд.

Баъд эътирозҳо сар шуданд. Аввал онҳо ба шакли осоишта баргузор мешуданд. Ҳама бе силоҳ роҳпаймоӣ мекарданду қарсак мезаданд, вале наздиконам ба ман таъкид карда буданд, ки ба ин эътирозҳо ҳамроҳ нашавам. Мегуфтанд, кормандони Мухобирот ҳамаро назорат доранд ва бароят мушкил эҷод мешавад.

Тазоҳурот ба зидди режими Башор Асад. Сурия
Тазоҳурот ба зидди режими Башор Асад. Сурия
Тазоҳурот ба зидди режими Башор Асад. Сурия, Димишқ

Торафт намоишҳои эътирозӣ бештар ва садои тир ҳам зиёдтар ба гуш мерасид. Дар маҳаллаи мо зане ҳангоми овезон кардани либос дар айвон аз зарби тир ҷон бохт. Тир ба пешониаш зад. Ёдам ҳаст, як субҳ тирезаро кушода дидам, ки дар берун одамони силоҳдор тирпаронӣ доранд. Ҳам пулис бо силоҳ буду ҳам ҷониби дигар.

Сурия

Кӯдаконро ба мактаб мефиристӣ ва намедонӣ, ки чӣ тавр рафта мерасанд. Нора, духтарам нақл карда буд, ки боре дар назди мактаби онҳо ҷасадҳои зиёдеро диданд, ки рӯйи замин хобида буданд.

Сокинони Сурия

Мо ҳамеша ҳуҷҷатҳоямонро бо худ мегирифтем. Зеро намедонистем, ки баъди бозгашт аз кор хонаи мо дар ҷояш ҳаст, ё не. Ҳар рӯз одамон аз шаҳр берун мешуданд. Масалан, куриёиҳо хеле зуд ба кишвари худ баргаштанд. Чиниҳо ҳам инчунин. Олмониҳо то ба охир дар Сурия монданд. Русҳо аз соли 2013 аллакай гурӯҳӣ ба ватан бармегаштанд. Хоҳишмандон ба сафорати Русия дар Сурия омада, худро номнавис мекарданд ва бо ҳавопаймои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ватан оварда мешуданд.

Лилия то соли 2014 дар Димишқ монд. Ба гуфтаи ӯ, ҳар рӯз дар ин ҷо вазъ бадтар мешуд.

Берун овардани шаҳрвандони Русия аз Димишқ, соли 2013
Берун овардани шаҳрвандони Русия аз Димишқ, соли 2013
Берун овардани шаҳрвандони Русия аз Димишқ, соли 2013

“Нархи молу маҳсулот ҳама гарон шуд. Охири соли 2012 писари ман, Эрик, гум шуд. Ӯ бо дустонаш ба таксӣ ба шаҳри дигар рафт ва ду рӯз бо мо тамос нагирифт. Ба воситаи шиносҳо ман фаҳмидам, ки Эрик дар зиндон аст. Баъд аз ду моҳ ӯро озод карданд.”

Лилия мегӯяд, бо даст додани аввалин имконият ба Олмон гурехтанд. “Ман хеле мехостам ба Димишқ баргарданд, вале дигар ҷойи бозгашт нест. Дугонаи ман ба он ҷо рафта буд ва мегӯяд, маҳаллае, ки мо дар он зиндагӣ мекардем дигар нест. Онро тахриб кардаанд. Ҳоло мо дар Олмон зиндагӣ дорем.”

Соли 2015 ба кишварҳои Аврупо беш аз 1,2 миллион паноҳанда рафтааст. Дар Олмон тақрибан ба ҳамаи гурезаҳои суриягӣ паноҳандагӣ дода мешуд. Бо гузашти панҷ сол вазъ тағир ёфтааст. Акнун Иттиҳоди Аврупо талош дорад, шумори муҳоҷиронро камтар кунад.

Фирориёни суриягӣ дар Олмон

Қиссаҳои дигарро дар инҷо хонед:

Екатерина: "Он ҷо ҳаёти одам арзиш надорад.";

Омӯхтани забони арабӣ, сафар ба Имороти Муттаҳидаи Араб, пулкоркунӣ ва бозгашт ба ватан. Бо ин нақшаҳо Екатерина Шмидтка, донишҷӯ аз Санкт-Петербург, соли 2009 вориди Димишқ шуд.

Марина: "Хеле мехостам аз ин ҷо равам. Аммо ба куҷо?"

Марина бо шавҳараш, ҷавоне аз Сурия, замони таҳсил дар Чин ошно шуд. Соли 2012 пас аз хатми Донишгоҳ онҳо ба Латакия омаданд. Шавҳарашро ба артиш даъват карданд.

Светлана: "Зиндагӣ дар зери бомб беҳтар аз Русия аст.”

Светлана чанд рӯз пас аз табаддулоти моҳи августи соли 1991 ба Сурия рафтааст. Вай он замон гаштугузори танкҳоро дар маркази Маскав дида, ба хулосае омад, ки сари вақт бо хориҷие издивоҷ кунад.