Омӯхтани забони арабӣ, сафар ба Имороти Муттаҳидаи Араб, пулкоркунӣ ва бозгашт ба ватан. Бо ин нақшаҳо Екатерина Шмидтка, донишҷӯ аз Санкт-Петербург, соли 2009 вориди Димишқ шуд. Вай дар онҷо ба Донишкадаи забони арабӣ дохил шуд, вале дар солҳои зиндагии осоишта дар Сурия натавонист, забонро пурра аз худ кунад. Танҳо ҷанги шаҳрвандӣ ва маҳбаси Сурия ӯро маҷбур кард, бо забони арабӣ гап занад.
Ин бахше аз тарҳи якҷояи Радио Свобода ва Настоящее Время аст. "Шаби арабӣ. Қиссаи чаҳор зани рус дар Сурия".
Екатерина зиндагии пурмоҷарои худро дар Сурия чунин қисса мекунад: Омӯхтани ин забон осон набудааст. Дар гурӯҳи мо донишҷӯён аз 18 кишвари дунё таҳсил мекарданд ва мо бештар байни ҳам ба забони англисӣ суҳбат мекардем. Аз сӯйи дигар, лаҳҷаи суриягӣ аз гӯиши адабӣ пурра фарқ дорад. Ҳамин тавр, ман дар Сурия ба муддати тӯлонӣ мондам. Аввал дар марказ зиндагӣ мекардам, баъд ба як минтақаи камбизоати Димишқ кӯчидам. Ба фикрам, ман он ҷо ягона хориҷӣ будам ва касе бо забони англисӣ сӯҳбат намекард. Дар ҳамин шаҳр ҳам эътирозҳо сар шуданд.
Аввалин намоишҳои эътирозӣ дар Димишқ барои мо ҷолиб ба назар мерасид. Аввалан онҳо ба ҷонибдорӣ аз президент Башор Асад мебаромаданд. Баъд эътирозҳо ба зидди президент шуруъ шуданд. Мо ҳам мехостем дар он ширкат кунем, аммо аз инки хориҷӣ будем, тарсидем.
"Мухобирот" – Ин номи хадамоти амнияти Сурия аст. Дар асл ин ниҳод ба назорати аҳолӣ машғул аст.
Ҳар донишҷӯе, ки аз хориҷ меояд ва беш аз 3 моҳ дар Сурия мемонад, як “дӯсте” пайдо мекунад, ки аз ҳамин ниҳод аст. Албатта, на ҳама донишҷӯён инро пай мебаранд. Онҳо бо либоси мулкӣ мегарданд ва хориҷиёнро таъқиб мекунанд. Агар кадом кору рафтори онҳо писандашон наомад, ба мақомот хабар медиҳанд.
Боре бо як нафар шинос шудам, ки соли 1996 корманди низомӣ будааст. Ӯ хоб дидааст, ки ба сӯйи президенти собиқи Сурия, Ҳофиз Асад, тир андохтааст. Субҳ хобашро ба ҳамкорон нақл мекунад ва баъди зуҳр ӯро ба зиндон меандозанд. Он ҷо ӯро шиканҷа карда, гуфтаанд, “мо коре мекунем, ки дигар хобҳоят ҳам ватандӯстона хоҳанд буд.” Барои хоб ӯ панҷуним сол дар маҳбас монд. Соли 2011 аллакай дар озодӣ мардумро ба тазоҳурот даъват мекард.
Худи суриягиҳо ҳангоми суҳбат мегуфтанд, онҳо инқилоб мехоҳанд. Онҳо фикр мекарданд, ки “баҳори араб”-и онҳоро Аврупо дастгирӣ хоҳад кард. Фикр доштанд, дар 3 моҳ Сурия ба Озодӣ ва демократия даст меёбад. Мепурсидам, ки “Демократия чист?” Онҳо мегуфтанд: “Демократия озодӣ аст”.
Бино ба нақли Екатерина, чанд соли аввали нооромиҳо, шаҳрвандони Сурия, дар кишвар озод равуо мекарданд. Масалан, имкон дошт, ки як нафар аз Димишқ бо мусофирбар ба ҳудуди зери назорати “Давлати исломӣ” ё ДОИШ ва ё нерӯҳои озодихоҳи Сурия сафар кунад. Мусофирон аз тафтиш мегузаштанд ва касе, ки силоҳ надошт, бе мушкил аз дидбонгоҳ мегузашт.
Соли 2012 мо барои аёдати як дӯстамон ба наздикии шаҳри Ҳалаб рафтем. Аз сабаби дидбонгоҳҳои зиёд дар роҳ, рӯзона то он деҳ нарасидем ва тасмим гирифтем, ки дар меҳмонхонае дар Ҳалаб шабро рӯз кунем. Дар ҳар меҳмонхонаи Сурия одамони мухобирот ҳастанд. Вай аз мо шиноснома пурсид ва субҳи рӯзи дигар моро ба бозпурсӣ даъват кард. Онҷо аз мо пурсиданд, ки пайрави кадом дин ҳастем. Дугонаи ман Кристина насронӣ аст ва росташро гуфт. Аз ӯ пурсиданд, ки ин чӣ навъи дин аст ва то куҷо вай ба Худо бовар дорад? Кристина дар ҷавоб ба ӯ Инҷилро пешниҳод кард. Дар Сурия намояндагони динҳои дигар ҳастанд, аммо паҳн кардани Инҷил ҷиноят аст. Барои ин, одамро зиндонӣ мекунанд. Он вақт мо инро намедонистем.
Яке аз кормандони хадамоти амнияти Сурия, ки моро бозпурсӣ кард, гуфт, мехоҳад як шабро бо ман гузаронад. Ман рад кардам. Ӯ ба ғазаб омад, маро дашном дод ва гуфт, қассос мегирад. Рӯзи дигар ӯ моро ба идораи пулис бурд.
Ман беист гиря мекардам. Шароит дар он ҷо даҳшатнок буд. Ба мо як дафъа хӯрок медоданд. Кормандони пулис моро таҳқир мекарданд, мезаданд ва ба ҳоламон механдиданд. Мо дар онҷо 10 рӯз мондем, баъд ба маҳбас бурданд. Онҷо даҳшатноктар буд.
Рӯйи фарш ҳама ҷо одамон мехобиданд. Ҷойи холӣ набуд. Ҳама либоси якранг доштанд. Баъзе одамонро латукӯб карда буданд.
Моро дар як “камера” ё ҳуҷрае бо 20 нафар, аксаран ҷинояткорон ва танфурӯшон, ҷо карданд. Ҳуҷра на тиреза ва на об дошт. Нафас кашидан мушкил буд. Рӯзе ҳамагӣ ду бор моро барои қазои ҳоҷат иҷоза медоданд. Ҳама ҷо ифлос буд. Бемории хоришак шудем. Вақте касе мехост ҳавои ҳуҷраро тоза кунад, кормандони маҳбас мегуфтанд: “Ту ҳаво хӯрдан мехоҳӣ?” ва аз мӯйи сари ӯ кашида, то хуншор шудан мезаданд.
Дар як рӯз як маротиба хӯрок медоданд. Духтарони ҳуҷраи мо пайваста бемор мешуданд ва ба мо фақат як доруи “Аналгин” медоданд. Мо рӯйи фарши сангӣ мехобидем. Кристина дар ин шароит бемор шуд. Гурдаҳояш дард мекарданд. Ӯ аз дард дод мезад, на хӯрда метавонист ва на хобидан. Баъд аз ҳуш мерафт. Ман дарро мезадам ва хоҳиш мекардам, ки ба ӯ мадад кунанд, вагарна мемирад. Онҳо дар посух мегуфтанд: “Агар мурд, баъд моро хабар кун.” Он ҷо чунин қоида буд.
Ҳаёти одам ягон зарра арзиш надошт. Дар ин зиндон ҳамаро соатҳо шиканҷа мекарданд. Ба ғайр аз мо, шояд барои онки мо хориҷӣ ҳастем. Ба мо мегуфтанд, ки мо маҳбусони сиёсӣ ҳастем. Маълум набуд, ки то кай дар маҳбас мемонем. Хушбахтона, ҳанӯз дар идораи пулис ба як дӯстам аз боздошт хабар додам. Баъд аз 20 рӯз сафорати Русия моро пайдо кард.
Пас аз як ҳафта моро ба зиндони Димишқ оварданд ва билохира сафир ба назди мо омад ва моро ба Русия фиристоданд.
Екатерина Шмидтка баъдан чанд бор ба Сурия баргашт то зиндагии мардуми онро дар аксҳо тасвир кунад. Соли 2017 ӯ ба Туркия ва Олмон рафт то бо паноҳандаҳои Суриягӣ суҳбат кунад. Ӯ дар он ҷо филми мустанадеро аз ҳаёти маҳбусон таҳия кард.