Таҳқиқи Озодӣ. Аксар ширкатҳои “Фароз” аз фаъолият намондаанд

16-уми декабри соли 2019
РАДИОИ ОЗОДӢ

Як таҳқиқи фишурдаи Радиои Озодӣ нишон дод, “Фароз” – ширкати пуровозае, ки қариб се моҳ пеш хабари қатъи ногаҳонии фаъолияти он расонаҳоро такон дод, ҳамчунон фаъол аст, ҳарчанд ин хабар ба андозаи зиёд номи онро аз сари забонҳо поин овард ва бардошта шудани лавҳаҳо ҳастияшро аз назарҳо канортар бурд. Ҳуҷҷатҳое, ки Радиои Озодӣ ба онҳо дастрасӣ пайдо кард, нишон медиҳанд, мақоми ширкат ҳанӯз “амалкунанда” сабт шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Кумитаи андози Тоҷикистон ширкатҳоеро, ки ба ҷараёни барҳамхӯрӣ ворид шудаанд, дар санадҳо бо ишораи “дар ҳоли барҳамхӯрӣ” ва онҳоеро, ки фаъолияташон қатъ гаштааст, бо ишораи “барҳам хӯрдааст” номнавис мекунад. Фаъол будани “Фароз”-ро на танҳо ҳуҷҷатҳо, балки воқеият низ нишон медиҳад. Замоне ки хабари аз байн рафтани “Фароз” пахш шуд, барои бисёриҳо ногаҳонӣ ва суолбарангез буд. Он дар ҷомеа гумонҳои зиёдеро ба миён овард, аз ҷумла инро, ки мақсад аз байн бурдани номи “Фароз” ва пинҳон доштани соҳибмулкони он бо идома додани кори ин ширкат зери номҳои дигар аст. Ин мавзуъ муҳим аст, зеро ба масъалаҳои рақобат, инҳисори захираҳо ва мудохила ба рушди иқтисоди пешрафтаи бозаргонӣ пайванд мегирад.

Радиои Озодӣ, ки он замон ба пурсишҳои худ дар ин мавзуъ посух дарёфт накарда буд, рӯзи 11-уми декабр бо суолномае ба Шамсулло Соҳибов, бунёдгузори ҶСП “Фароз” ва муовини президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба таври хаттӣ муроҷиат намуд. Дар ин нома аз соҳибимтиёзи ширкат пурсида мешуд, ки:

- Оё дар ҳақиқат “Фароз” фаъолияти худро қатъ кард?

- Дуруст аст, ки ширкати “Фароз” асосан ба соҳаҳое даст мезад, ки бо харҷи камтарин бузургтарин фоидаро ба даст орад?

- Чаро президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи бисёре аз корхонаҳои ширкати “Фароз” шахсан иштирок намуд ва онҳоро боз кард?

- Пас аз қатъи фаъолияти ширкати “Фароз” назорат ба кори Комбинати металлургии Тоҷикистон ба дасти кадом ширкат мегузарад?

- Қарори қатъи фаъолияти ширкати “Фароз”чӣ гуна ва бо назардошти кадом сабабҳо гирифта шуд?

- Ширкати “Фароз” ба сурати умум чӣ қадар ва аз кӣ қарздор буд ва сарнавишти ин қарзҳо чӣ шудааст?

Ба Шамсулло Соҳибов, бино ба меъёрҳои таҳқиқоти журналистӣ фурсат дода шуд, то ба ин пурсишҳо посух диҳад, аммо Радиои Озодӣ ба ҳеч кадоми онҳо ҷавобе дарёфт накард ва тасмим гирифта шуд, бо истифода аз манобеи дигар таҳқиқоти худро пеш барад, ки оё “Фароз” воқеан аз байн рафтааст ё дар ҳоли аз байн рафтан аст? Тақдири афроду моликияти он чӣ хоҳад шуд ё баръакс, ҳарчанд номаш камтар садо медиҳад, дар фаъолияти он тағйири зиёде ба миён наомад?



Бо забони санадҳо

“Фароз” Ҷамъияти саҳомии пӯшида, мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, таҳти шумораи 0410000058 дар Феҳрасти ягонаи давлатӣ ҳамчун ниҳоде барои воридоти гази моеъ сабт шудааст ва бо эълони қатъи фаъолияти он лавҳаи “Фароз” аз пештоқи даҳҳо маркази фурӯши сӯзишворӣ канда шуд. Акнун ин ном зиёд ба чашм намехӯрад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз чанд ниҳоди ҳамсон дидан карданд. Дуруст аст, ки номи “Фароз” аз пештоқи онҳо бардошта ё пок карда шудааст, вале онҳо мисли пештара кор мекунанд ва кормандонашон мегӯянд, бо ҳеч дигаргуние рӯбарӯ нашудаанд.

Пас, метавон гуфт, марказҳои ширкат ҳамоно ба фурӯши сӯзишворӣ идома медиҳанд. Вале “Фароз” танҳо бо фурӯши маводи сӯхт машғул набуд. Он як ширкати монополисти иқтисоди Тоҷикистон ба шумор мерафт ва назорати бисёр соҳаҳои сердаромади кишвар, аз беҳдошту сайёҳӣ гирифта, то ҷамъоварии шираи камолро дар ихтиёр дошт. Ҳоло гуфтан душвор аст, ки “дошт” ё ҳамоно “дорад”.

Дар маҷмуъ, “Фароз” муассиси 58 ширкати фаръии дигар аст, ки дар арсаҳои гуногун пешқадамиро дар даст доранд: аз нашри шаҳодтномаҳои ронандагӣ ва рақами мошинҳо гирифта, то ҷамъоварии ширинбияву заҳри мори афъӣ, аз ташхиси саломатии одамон гирифта, то истихроҷи маъдану боркашонии байналмилалӣ. Ин ширкат даҳҳо ширкати дигари хурдтарро ҳамчун сайёраҳо гирди офтоб дар атрофи худ мечархонад ва онҳоро ба фаъолияти худ шарик мекунад.

Соҳаҳои зери назорати ширкати “Фароз”
Соҳаҳои зери назорати ширкати “Фароз”

“Фароз” моҳи сентябри имсол дар изҳороте ба матбуот гуфт, шӯрои мудирон тасмим гирифт, ширкат барҳам дода шавад ва моҳи август ба ин мазмун ба унвонии Кумитаи андоз нома фиристодааст. Дар шарҳи ин тасмим Азамат Қосимов, директори генералии “Фароз”, рӯзи 17-уми сентябр гуфт, рақобат кардани ширкат бо рақибоне, ки худ тавлидкунандаи маводи сӯхт ҳастанд, душвор шуда ва фаъолияти ширкат зараровар аст.

Эълони расмии “Фароз” дар бораи барҳам додани ширкат. Моҳи сентябри соли 2019
Эълони расмии “Фароз” дар бораи барҳам додани ширкат. Моҳи сентябри соли 2019

Худи ҳамон рӯз “Фароз” 108 номгӯ аз молу амволаш, аз ҷумла чаҳор анбори бузурги сӯзишворӣ ва гази моеъ дар вилояти Суғду Хатлон, 19 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе ва вилояти Хатлон, 10 пойгоҳи автомобилӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар, 10 макони бозрасии фаннии васоили нақлия, 37 мошини боркашон ва интиқолдиҳандаи газ ва маводи нафтӣ ва 8 мошини сабукравро ба фурӯш гузошт.

Бахше аз номгӯи дороиҳои ширкат, ки ба фурӯш гузоштаанд
Бахше аз номгӯи дороиҳои ширкат, ки ба фурӯш гузоштаанд

Хабари барҳам хӯрдани “Фароз”, ки яке аз ширкатҳои пештози Тоҷикистон ва бидуни рақиб дар бисёре аз арсаҳо дониста мешуд, барои бисёриҳо дар Тоҷикистон ғайричашмдошт буд. Аз он санае, ки “Фароз” аз барҳам хӯрдани худ бинобар тоб наовардан дар рақобат хабар дод, ҳукумати Тоҷикистон ҳадди ақал ду бор ба ин ширкат барои бунёди терминалҳои мусофиркашонӣ дар назди марзҳои ҷумҳурӣ ва дохили кишвар қитъаҳои замин ҷудо кард.

Чанд рӯз баъд аз номаи “Фароз” ба Кумитаи андоз аз нияташ ҷиҳати барҳамхӯрӣ 30-юми август бо қарори ҳукумат ва имзои президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин ширкат барои бунёди терминалҳо ва ё таваққуфгоҳ барои мошинҳо замин ҷудо карда шуд.

Дертар, рӯзи 1-уми ноябр, пас аз дуним моҳи тасмими аз байн рафтани “Фароз” боз бо қарори ҳукумат, шумораи 555 ва имзои президент Раҳмон ба ширкати “Фароз” дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ барои бунёди терминалҳои мусофиркашонӣ ба самти Ҳисору Шаҳринав ва Турсунзода 3 гектар замин ҷудо карда шуд. Рӯшан нест, чаро президент ин ду тарҳи муҳимро ба ширкате додааст, ки варшикастагии худро эълон намудааст. Ба камияш ин ду қарори ҳукумат нишон медиҳанд, ки “Фароз” ҳамоно фаъол ва тавоност.

Радиои Озодӣ ба асноде дастрасӣ пайдо кард, ки нишон медиҳад “Фароз” ва ҳадди ақал 46 ширкати дигари вобаста ба он фаъоланд.

Як манбаи наздик ба ин ширкат ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, “Фароз” ҳоло ҳам аз Комбинати металлургии Тоҷикистон дар Анзоб даҳҳо тонна маъдани сурмаро ба Чин мефиристад. Бино ба ҳуҷҷатҳо ин маъдан гӯиё барои таҳқиқи лабораторӣ ба Чин фиристода мешавад. Вале дар яке аз ҳуҷҷатҳо, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошта шуд, дида мешавад, барои чунин таҳқиқ рӯзи 1-уми апрели соли 2019 ба як озмоишгоҳи кимиёӣ дар шаҳри Шинҷони Чин 60 тонна маъдан ба Чин фиристода шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, фиристодани миқдори зиёди маъдани антимунити дорои сурма зери унвони намунаҳои озмоишӣ пайваста сурат гирифтааст, дар ҳоле ки барои таҳқиқи лаборатории ин миқдор маъдан зарур намеояд.

Комбинати металлургии тоҷик дар шаҳри Ҳисор
Комбинати металлургии тоҷик дар шаҳри Ҳисор

Дар омади гап, дар Тоҷикистон ҳаққи ба хориҷ баровардани ин миқдор маъданро танҳо Комбинати Анзоб дорад, ки таҳти назорати “Фароз” аст. Ва ҳамчунин комбинати Анзоб чунин ташхиси кимиёиро дар дохили худ анҷом медиҳад ва ба хориҷ маъдан намебарорад. Ширкати хурде, ки бо дастур ва мусоидати “Фароз” ин амалиётро анҷом медиҳад ва ба ин ширкат ҳақ мепардозад, ҳоло ба фурӯш гузошта шудааст. Пайванди онро бо “Фароз” раиси ин ширкат ба як харидори хориҷӣ тасдиқ намуда, афзуд, ки он дар оянда низ таҳти “сарпарастии раҳбари “Фароз” амал хоҳанд кард, яъне аз ҳимояти ӯ ва имтиёзҳое, ки фароҳам меорад, бархӯрдор хоҳад монд.

Сардори ин ширкати хурд ба харидор ваъда кард, ки дар сурати зарурӣ мулоқоти рӯбарӯеро бо Шамсулло Соҳибов созмон хоҳад дод, то шарту шароити хариди ширкат ва ҳамкории оянда бо сарвари “Фароз” баррасӣ шаванд. Зоҳиран, ширкат пас аз фурӯхта шуданаш низ зери чатри бунёдгузори “Фароз” хоҳад монд. Ин низ нишон медиҳад, ки “Фароз” танҳо ба ном аз байн меравад, дар амал боқӣ мемонад.

Таҷаммӯи коргарон дар назди «Фароз».
29-уми апрели соли 2019
Таҷаммӯи коргарон дар назди «Фароз». 29-уми апрели соли 2019

Ширкати “амалкунанда”

Дар Тоҷикистон тамоми соҳибкорони инфиродӣ, ширкату созмонҳо ва ташкилот дар Кумитаи андоз сабти ном мешаванд.

Мувофиқи санадҳое, ки Радиои Озодӣ аз “Феҳрасти ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ” дастрас кард Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Фароз” таҳти рақами “0410000058” дар ин феҳраст сабти ном шудааст. Бино ба ин санад Соҳибов Шамсулло Маҳмадуллоевич молик ва ё муассиси “Фароз” зикр шудааст, ки ба иттилои пойгоҳи OCCRP – Cозмони таҳқиқи фасод ва ҷиноятҳои муташаккил аз ӯ яке аз домодҳои президент Эмомалӣ Раҳмон ном мебарад.

Дар ин феҳраст ширкатҳое, ки фаъолият намекунанд, бо ибораи “барҳам дода шудааст” ва ширкатҳое, ки дар ростои барҳамхӯрӣ ҳастанд, бо ибораи “дар ҳоли барҳамхӯрӣ” ишора мешаванд. Аммо дар санади таъсиси ширкати “Фароз” “амалкунанда” навишта шудааст, ки ба фаъол будани ширкат далолат мекунад.

Мудирияти ширкати “Фароз”, ки дафтари марказиаш дар кӯчаи Ҷаббор Расулови шаҳри Душанбе қарор дорад, ба номаи расмии Радиои Озодӣ дар мавриди фаъол будан ва ё барҳам хӯрдани ин ширкат посухи расмӣ надод. Аммо як намояндаи дафтари матбуоти “Фароз” дар аввалҳои моҳи октябр ба дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе ҳозир шуд ва гуфт, ширкат барҳам хӯрдааст ва онҳо аз ин рӯ наметавонанд ба номаҳо посух диҳанд. Вай нахост номаш зикр шавад ва гуфт, ҳарчанд ширкат барҳам хӯрдааст, ба ӯ супориш додаанд, ки ба дафтари Радиои Озодӣ равад ва бигӯяд, ба пурсишҳо ҷавоб дода наметавонанд.

Ин шахс ва ҳамаи ҳамкорони ӯ аз “Фароз” ба ширкати дигаре гузаронда шуданд, ки низ моли “Фароз” буд ва кори худро идома доданд. Ба фарқ аз онҳо Азамат Қосимов дар санадҳо ҳамчунон раиси ин ширкати амалкунанда зикр мешавад.

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз, дар як посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ рӯзи 21-уми октябр тасдиқ кард, ки саҳмдорони “Фароз” ба қароре омадаанд онро барҳам диҳанд. Кумита дар посух гуфтааст: “Дар сурати барои барҳамдиҳии фаъолият расман муроҷиат намудани ҶСП “Фароз” кумита омода аст, ин посухи ширкатро баррасӣ кунад.” Ҷумлаи охири кумита ба замони оянда рабт дорад ва чунин бармеояд, ки ҳанӯз “Фароз” барои қатъи фаъолияташ расман дархост накардааст ва танҳо аз нияти худ барои барҳамхӯрӣ кумитаро огоҳ кардааст.

Агар саҳмдорони “Фароз”ҳанӯз расман ба Кумитаи андоз муроҷиат накардаанд, пас, номаи августии раҳбари онро ба ин кумита метавон ғайрирасмӣ шумурд? Ва ҳам натиҷагирӣ ин хоҳад буд, ки тамоми ин хабар як мақсад дошт, то барҳам хӯрдани “Фароз” дар сархатти расонаҳо қарор гирад ва номи он аз сари забонҳо афтад?

Cоҳиби “Коммертсбонки Тоҷикистон” ва “Cуғуртаи аввалини миллӣ” кист?”

Пас аз он ки “Фароз” дар мавриди қатъи фаъолияташ изҳорот пахш кард, Бонки миллии Тоҷикистон дар торнамои расмии худ ба таври ғайримунтазира асомии моликони “Коммертсбонки Тоҷикистон” ва “Суғуртаи аввалини миллӣ”-ро, ки қаблан ширкати “Фароз” қайд шуда буд, иваз кард. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ, дар гузашта гуфта буд “Коммертсбонки Тоҷикистон” ба “Фароз” тааллуқ дорад. Аммо ҳоло дар торнамои расмии Бонки миллӣ молики “Комерсбонки Тоҷикистон” ширкати “Суғуртаи аввалини миллӣ” зикр шуда, молики ин ширкати суғурта шахсе ба номи Файзулло Ширинов муаррифӣ шудааст.

Файзулло Ширинов дар гузашта мудири ширкати “Мину фарм” дар Хатлон буд, ки ба ҷамъоварии шираи камол, решаи ширинбуя (аз ин решаҳо, ки солона зиёда аз 10 миллион доллар даромад меоранд, дорувор ва ҳам қиём барои тавлиди Кока-кола омода мекунанд) ва парвариши мору ҷамъоварии заҳри он машғул аст. “Фароз” дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук ва ҳам дар мусоҳибаҳои алоҳида ин ширкатро ба худ марбут дониста буд.

“Сафеддара” дар ноҳияи Варзоб
“Сафеддара” дар ноҳияи Варзоб

Кори “Фароз” ҳамеша барор доштааст, бароре, ки тақрибан бе заҳмати зиёд ба даст меомад. Барои намуна, соли 2014 бо харҷи 40 миллион доллари буҷаи давлатӣ дар Душанбе бозори “Пойтахт-90” сохта шуд. Ин дар ҳоле буд, ки бозори қадимаи Душанбе “Шоҳмансур” баста ва тахриб гашт. Дертар ин бозор номашро “Меҳргон” кард ва ба дасти “Фароз” гузашт. Пештар аз ин маркази тиҷорати “Вефа” ва ширкати “Авто Лото” низ ба ихтиёри “Фароз”гузаронида шуданд.

Маълум нест, ки бозори “Меҳргон” ки ҳоло амалан ба бозори рақами яки фурӯши маводи хӯроквории пойтахт бадал шудааст, бинобар кадом муомила ба дасти “Фароз” гузашт.

“Коммертсбонки Тоҷикистон” низ дар ибтидо як созмони қарзҳои хурд буд бо номи “Музаффарият”. Онро дар соли 2002 Музаффар Ҷумъаев дар Хуҷанд таъсис дод. Вале замоне ба назарҳо афтод, ки Бонки Ҷаҳонӣ аз шеваи кори он ситоиш кард ва онро барои расондани қарзҳои хурд ба кишоварзон интихоб намуд. Соли 2015 Бонки Миллии Тоҷикистон меъёрҳои кори ташкилоти хурди қарздиҳандаро дигар ва аз онҳо доштани сармояҳои бузургро талаб кард. Ҷумъаев ночор монд ва маҷбур шуд, ширкаташро ба “Фароз” фурӯшад. Харҷи ин муомила ошкор нагаштааст, менависанд муҳаққиқони OCCRP.

Варшикастагии ширкат ё варшикастагии ном?”

Солҳои охир номи “Фароз” маънии муваффақиятро медод. Бисёр соҳибкорон бо шунидани ин ном ихтиёран ё бо камтарин фишор омода мешуданд, тиҷорати худро ба “Фароз” супоранд. Соли 2016 шахсе аз номи “Фароз” осоишгоҳи “Ҳавотоғ” ва даромади чандмоҳаи онро ба даст гирифт. Дертар, дар додгоҳ, ӯ пайвандашро бо “Фароз” рад кард. Вале ин намуна нишон медиҳад, ки чӣ қадар номи “Фароз”, ба истилоҳ “даркушо” будааст.

Бардошти куллӣ ин аст, ки “Фароз” ҳамеша аз имтиёзҳои давлатӣ бархӯрдор буда, асосан ба риштаҳое даст мезанад, ки даромади зудрас медиҳанд ва ба шумори зиёди муштариён бастагӣ доранд (таҳлили таркиби хун, дарёфти парвонаи ронандагӣ ва ғайра). Чӣ гуна чунин ширкати комёб дар авҷи парвоз ихтиёран худро нобуд мекунад ва варшикастагиро далел меорад?

Аз ҳақ набояд гузашт, ин ширкат бахше аз даромадашро ба сармоягузорӣ дар Тоҷикистон равона кард. Аз ҷумла, бунёди Комбинати маъдани Ҳисор (21 миллион доллар), навсозии варзишгоҳи “Сафеддара” (10 миллион доллар). Аммо тарҳи аввал аз ҳама гуна андозу пардохтҳо озод буд ва пойгоҳи лижароние, ки наздики 5 миллион доллар нархгузорӣ мешуд, бо 200 ҳазор доллар ба дасти «Фароз» расид.

Комбинати металлургии тоҷик дар шаҳри Ҳисор. Соли 2016
Комбинати металлургии тоҷик дар шаҳри Ҳисор. Соли 2016

Ин ҳам гуфта мешавад, ки комёбии «Фароз» аслан аз замоне сар шуда буд, ки раҳбари пешини он Умаралӣ Қувватов онро барои расондани маводи сӯхт ба нерӯҳои НАТО дар Афғонистон таъсис дод. Ҳарчанд мақомоти «Фароз» мегӯянд, Қувватов ҳаргиз дар ин ширкат кор накардааст, расонаҳои Русия дар соли 2011 ӯро раҳбари «Фароз» меномиданд ва дар видеои як нишасти хабарӣ ӯ дар паҳлӯи мудири кулли ширкат Азамат Қосимов нишастааст. Пас аз маҳрум ва ронда шуданаш аз Тоҷикистон Қувватов «Гуруҳи 24»-ро таъсис дод, аммо дар соли 2015 дар Истанбул кушта шуд.

Бо гузашти солҳо низ ҳар куҷо номи яке меомад, номи дувумӣ ҳам зуҳур мекард. Ба ин тартиб, номи “Фароз” ҳамчунин ба одамкушӣ, ғасби моликият, фасоду ришват, ишғолгарии бемайлон, муштзӯрӣ ва носерамии хонавода низ ҳаммаъно гашт.

Биноан, бархе аз коршиносон, варшикастагии “Фароз”-ро на молӣ балки маънавӣ меноманд. Дар яке аз охирин мусоҳибаҳояш сухангӯи ширкати "Фароз", Дилором Раҳимова, 13-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "заҳмату ободсозиҳои ширкати "Фароз" дар самтҳои мухталифи кишвар ба ҷойи миннатдорӣ мавриди танқиду шикоят қарор гирифт. Ин талошҳо нодида гирифта шуд, навистанд, навистанд, навистанд ва роҳбарият тасмим гирифтанд, ширкатро барҳам диҳанд".

Аммо то ҳанӯз ошкор нагаштааст, ки тасмим аз куҷо меояд ва чӣ андоза ба маъракаҳои ояндаи сиёсии кишвар рабт дорад.

“Фароз”: Аз куҷо то куҷо?”

“Фароз” ширкати бисёрсоҳавие аст, ки мувофиқи сандҳо ҳанӯз соли 2002 таъсис ёфтаас. Ширкат аз оғоз ба хариду фурӯши маводи сӯхт бензин ва солярка ва гази моеъ машғул буд. Солҳои охир аз воридкунандагони асоси гази моеъ дар Тоҷикистон аст.

Аммо ин ширкат дар тиҷоратҳое ба монанди ҷамъоварии шираи камол саёҳати лижаронӣ ва варзишҳои зимистонӣ дар бозори Тоҷикистон яккатоз аст. Ҳамчунон “Фароз” дар тавлиди дорувор аз заҳри мор, шираи камол, истеҳсоли равған, оҳану пӯлод, боркашонӣ, бонкдорӣ, суғуртаи мошинҳо, нашри китоб, чопи рақамҳои мошин, шаҳодатномаҳои ронандагӣ, мактабҳои ронандагӣ, ташхиси ҳолати техникии мошинҳо, насби таҷҳизоти газӣ дар мошин, хадамоти ҳаммому сауна (СПА Ҳаёт) дар бозор ҳузур дорад. Ахиран “Фароз” ҳамчунон литсейеро дар Душанбе таъсис дод, ки бо усули таълими бритониявӣ фаъолият мекунад ва қимати солонаи таҳсил беш аз 3 ҳазор доллар аст.