Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блоги зинда: СҲШ: раёсати даврӣ ба дасти Тоҷикистон гузашт

Амнияти марзҳо пас аз хуруҷи Амрико аз Афғонистон ва вокуниш ба бӯҳрони давомдори Сурия дар садри дастури кори нишасти сарони СҲШ -- Созмони ҳамкориҳои Шанхай қарор дорад.

Нукоти асосӣ:

- Сарони кишварҳои СҲШ дар эъломияи ниҳоии ин нишаст вазъи Сурияро нигаронкунанда номиданд ва аммо ба мудохилаи беруна мухолифат карда, хостори ҳалли сиёсии бӯҳрон аз тарафи худи суриягиҳо шуданд.

- Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфт, ки бояд кишварҳои Осиёи Марказӣ дар масъалаи истифодаи захираҳои оби минтақа ба ризоият даст ёбанд.

- Сарони кишварҳои узв дар СҲШ гузориши солонаи Дабири кулли он ва раҳбарияти Шӯрои зиддитеррористии созмонро тасдиқ ва нақшаи кори СҲШ-ро то сол 2017 тасвиб намуданд.
13:12 13.9.2013
Сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон дар дидоре дар Бишкек гуфтаанд, мехоҳанд, дар шаҳри Душанбе як ҳамоиши бузурги соҳибкорону тоҷирони ду кишвар бо иштироки васеи ҷониби Эрон дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон баргузор шавад. Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Рӯҳонӣ, ки пеш аз оғози ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд, аз ҷумла таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардидааст.
Мулоқоти Ҳасани Рӯҳонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек
Мулоқоти Ҳасани Рӯҳонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек
13:15 13.9.2013
Дар оғози нишасти сарони СҲШ Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон, хабар дод, ки моҳи оянда дар як конфаронси байнулмилалӣ дар Бишкек рӯи авзоъ дар Афғонистон ва масоили амниятӣ дар Осиёи Марказӣ баъд аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар соли 2014 тамаркуз хоҳад шуд.
13:17 13.9.2013
Дар дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои афғони ӯ Ҳомид Карзай дурнамои амният дар марзи байни ду кишвар баррасӣ шуд. Тоҷикистон ва Афғонистон 1300 километр марзи муштарак доранд, ки дидбонии бархе аз қисматҳои он мушкил аст.
13:52 13.9.2013
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дурнамои вазъ дар Афғонистонро баррасӣ кард.
Сухани президент Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони СҲШ

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG