Хонадони Абдуқодир, як оилаи бонуфузи уйғур дар Қирғизистон, барои ба берун баровардани миллионҳо доллар аз ин кишвари Осиёи Марказӣ аз хадамоти “пулкашон”-ҳо истифода кардааст. Зоҳиран бисёре аз тоҷирони қирғиз ин шабакаи махфии пулкашонҳоро медонистанд ва ба ин восита маблағи зиёдеро ба Туркия ва кишварҳои дигар бурдаанд.
Бино ба гуфтаи Айеркен Саймаити, тоҷири уйғур, ки худро яке пулшӯёни хонадони Абдуқодир медонист ва моҳи гузашта дар Туркия кушта шуд, "пулкашон"-ҳо аз Бишкек ба Истанбул асосан барои тоҷирони хурд пули нақд мебурданд.
Аммо пулҳои хонадони Абдуқодир барои хариди матоъ ва ё маҳсулоти дигар истифода намешуд, балки аз Истанбул ба воситаи бонкҳо ба гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон интиқол меёфт. Саймаити қаблан дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфта буд, “ман пулҳоро ба Олмону Бритониё ва Дубай фиристодаам.”
Ин пулҳо ба империяи пинҳонии боркашоние вобаста буд, ки ба хонаводаи Абдуқодир тааллуқ дошт ва ба қавли мақомоти тафтишот бахше аз он андозу боҷи гумрукии солҳо пардохтнашуда аст.
Нақлҳои Саймаити ба журналистон маълум кард, ки аъзои хонаводаи Абдуқодир чӣ гуна тиҷорати пинҳонии худро идора мекарданд. Борҳое, ки бе санад ё бо санадҳои сохта аз Чин ба Қирғизистон меомад, аз онҷо ба бозорҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия тақсим мешуд.
Қисме аз ин пулҳои хонаводаи Абдуқодир дубора ба Қирғизистон бармегашт ва яке аз дастраскунандагони он Бунёди хайрияи хонаводаи Раимбек Матраимов, аз муттаҳидони Абдуқодир ва “муаллифи нақшаи коррупсионӣ дар Хадамоти гумруки Қирғизистон” будааст.