Чӣ гуна садҳо миллион долларро аз як кишвари Осиёи Марказӣ ба берун бурданд?

23-юми ноябри соли 2019
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Kloop ва OCCRP

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ якҷо бо Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop бахши дувуми таҳқиқоти рӯзноманигориро дар бораи ба хориҷ бурдани беш аз 700 миллион доллар аз Қирғизистон нашр карданд.

Яке аз чеҳраҳои калидии таҳқиқот – тоҷири уйғур аз Чин Айэркен Саймаитии 37-сола – рӯзи 10-уми ноябри имсол дар шаҳри Истанбули Туркия кушта шуд.

Вай пештар дар бораи фасоди густарда дар Хадамоти гумруки Қирғизистон далелҳои зиёдро дар ихтиёри хабарнигорон гузошта, як мақоми пешини ин идора ва як шабакаи соҳибкорони уйғурро барои бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба кишвар ворид кардани мол, ба даст овардани миллионҳо доллар ва гурез аз андоз муттаҳам карда буд.

Ин тоҷири уйғур соли 2017 аз Қирғизистон фирор карда, исрор дошт, ки аз амнияташ хавф дорад. Вай ба хабарнигорон санадҳоеро пешкаш карда буд, ки тибқи он, ин соҳибкор миллионҳо долларро аз Қирғизистон берун кардааст. Ӯ гуфта буд, бахши зиёди ин муомилаҳо шустушӯи пул мебошад.


Бахшҳои таҳқиқот:


Бахши бузурги ин сармоя ба шабакаи зери назорати Ҳабибулло Абдуқодир, як уйғури зодаи Чин мутааллиқ будааст, ки шаҳрвандии Қазоқистонро дорад. Намояндагони оилаи Абдуқодир, намояндагони Хадамоти гумрук ва ниҳодҳои қудратии Қирғизистон ба дархости шарҳи санадҳои матраҳшуда посух надодаанд.

Аммо Айэркен Саймаити ба хабарнигорон гуфта буд, аз соли 2011 то 2016 танҳо худи ӯ аз Қирғизистон беш аз 700 миллион долларро ба хориҷ бурдааст. Ӯ ба хабарнигорон санади пулҳои фиристода, шартнома ва ҳуҷҷатҳои дигарро дод, ки тақрибан ними ин маблағро тасдиқ мекунанд. Ин санадҳо маълумот дар бораи афроди интиқолдиҳандаи пул, сана, дарёфткунандаҳо, ҳисобҳо ва кишварҳоеро, ки пул ба онҷо фиристода шудааст, дар бар мегирад.

Саймаити ҳамчунин гуфта буд, Раимбек Матраимов, яке аз кормандони пешин ва қудратманди Хадамоти гумруки Қирғизистон дар гузарондани бори шабакаи зери назорати Ҳабибулло Абдуқодир дар минтақа нақши муҳим бозидааст Матраимов барои шарҳи ин масъала дастрас нест. Бисёре аз пайвандони ӯ низ ба дархост дар бораи шарҳи қазия ҷавоб надоданд.

Таҳқиқоти бахши қирғизии Радиои Озодӣ, OCCRP ва Kloop нишон дод, ки ҳамсари Раимбек Матраимов яке аз сармоягузорони ширкатест ки дар Дубай ба тиҷорати хона машғул аст ва зери назорати Ҳабибулло Абдуқодир аст.

Саймаити пеш аз он ки кушта шавад, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, барои дарёфти шаҳрвандии Туркия ариза супурдааст ва тахмин мезад, ки бояд онро то 14-уми ноябр бигирад. Ӯ гуфт, баъди он нақша дорад, санадҳои зиёди молиявиро ба хабарнигорон бидиҳад.

Аммо ӯро рӯзи 10-уми ноябр дар қаҳвахонае дар Истанбул бо зарби тири туфанг куштанд. Пулиси Туркия дар робита ба ин ҳодиса чанд нафарро дастгир кардааст, аммо то ҳанӯз ангезаи куштор норӯшан аст.

Баъд аз як рӯзи нашри таҳқиқот дафтари раёсати ҷумҳури Қирғизистон баён дошт, ки Сооронбой Ҷеенбеков ҳеч робитаи тиҷоратӣ бо марде, ки дар маркази таваҷҷуҳи таҳқиқот қарор гирифтааст, надорад. Сухангӯи раёсати ҷумҳурӣ Толгонай Стамалиева дар баёнияе, ки рӯзи 22-юми ноябр ба нашр расид, гуфт, Ҷеенбеков қабл аз расидан ба мақоми президентӣ бо Ҳабибулло Абдуқодир фарди марказӣ дар ин таҳқиқот мулоқот карда буд, аммо ҳеч гоҳ бо ӯ тарҳҳои муштараки тиҷоратӣ надошт.