Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони тоҷик, дар Бозиҳои олимпӣ шикаст хӯрд


Ҷаҳонгир Маҷидов
Ҷаҳонгир Маҷидов

Паҳлавони тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса дар рақобати аввалинаш шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Ҷаҳонгир Маҷидови 24-сола дар вазни то 100 кило рӯзи 1-уми август дар даври аввал аз Аурелиен Диессии 26-сола аз Фаронса дар муддати 30 сония бо имтиёзи “иппон” ба суди рақибаш мағлуб гардид.

Ба ин тартиб, дар мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ аз 14 варзишгари тоҷик то ҳоло як нафар – Сомон Маҳмадбеков – медал ба даст овардааст. Ӯ дар мусобиқаи ҷудо дар вазни то 81 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум Фарес Бадавии фаластиниро шикаст дод. Сомон дар даври севум бар Франк Де Вит аз Нидерланд пирӯз шуда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Аммо паҳлавони тоҷик дар чорякфинал аз қаҳрамони секаратаи ҷаҳон Тато Григалашвилии гурҷӣ мағлуб шуд.

Маҳмадбеков муборизаро дар даври тасаллобахш идома дода, бар паҳлавони узбек Шарофиддин Болтабоев ғолиб омад. Сомон барои медали биринҷӣ бар Антонио Эспозитои итолиёӣ дастболо шуд.

Дарвоқеъ, Сомон Маҳмадбеков пас аз 16 сол дастоварди паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиевро, ки дар Олимпиадаи Пекин-2008 дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кило барандаи медали биринҷӣ гардида буд, такрор кард.

Шаш варзишгари тоҷик – муштзанҳо Баҳодур Усмонов дар дар вазни то 63,5 кило ва Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило, ҷудокорон Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило, Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило - рақобатҳои худро бе медал ба анҷом расониданд.

Муштзани тоҷик Давлат Болтаев бошад, муборизаро дар Олимпиадаи Порис идома медиҳад. Вай, ки 28-уми июл дар мусобиқоти бокс дар аввалин рақобаташ пирӯз шуд, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Болтаеви 25-сола шаби якшанбе дар вазни то 92 кило бар Георгий Кушиташвилии 28-сола аз Гурҷистон бо ҳисоби 3:2 пирӯз гардид.

Рақиби Болтаев дар чорякфинал Ҷек Марлейи 21-сола аз Ирландия мебошад. Рақобати онҳо шаби 2-юми август соати 01:08 бо вақти Душанбе доир мегардад. Марлей дар 1/8 финал бар Матеуш Березнитский аз Лаҳистон (Полша) бо ҳисоби 4:1 дастболо шудааст.

Боз як паҳлавони тоҷик - Темур Раҳимов - дар риштаи ҷудо дар Олимпиадаи Порис рақобат хоҳад кард. Вай дар вазни беш аз 100 кило, ки дар даври аввал озод аст, 2-юми август дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Эрик Абрамов (Олмон) ва Тсетсентсенгел Одхуу (Муғулистон) қувва меозмояд.

Фахриддин Мадкамов дар шиноварии тарзи озод ба масофаи 100 метр миёни мардон рӯзи 2-юми август вориди рақобат мешавад.

Екатерина Бордачева дар шиноварии тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон 3-юми август ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Даванда Фаворис Музрапов дар Олимпиадаи Порис дар риштаи варзиши сабук 3-юми август аввалин рақобаташро дар давидан ба масофаи 100 метр баргузор мекунад.

Виктор Рассадин ягона намояндаи Тоҷикистон аз риштаи гуштии озод дар Олимпиадаи Порис мебошад. Вай, ки зодаи Ёқутистони Русия аст, соли гузашта шаҳрвандии Тоҷикистонро пазируфт ва 9-уми август аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпии Порис дар вазни то 74 кило баргузор менамояд.

Мунира Абдусаломова ягона намояндаи Тоҷикистон аз риштаи таэквондо дар Олимпиадаи Порис мебошад. Вай 10-уми август дар аввалин рақобаташ дар вазни беш аз 67 кило иштирок хоҳад кард.

ДАР ОЛИМПИАДАИ ПОРИС ЧИН ПЕШСАФ АСТ

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Олимпиадаи Порис беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 205 кишвари ҷаҳон ширкат меварзад. Варзишгарон барои 329 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 32 намуди варзиш мубориза мебаранд.

Дар ҳамин ҳол дастаи мунтахаби Чин дар ҳисоби медалҳо бо назардошти сифати онҳо дар ҷойгоҳи аввал аст. Варзишгарони ин кишвар то ҳоло 20 медал (10 тилло, 7 нуқра ва 3 биринҷӣ) гирифтаанд.

Мунтахаби Фаронса бо касби 26 медал (8 тилло, 10 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар зинаи дувум мебошад. Мунтахаби Ҷопон бо касби 15 медал (8 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) мақоми севумро соҳиб шудааст.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин дастаҳои мунтахаби Австралия (7 медали тилло, 6 нуқра ва 3 биринҷӣ), Британияи Кабир (6 медали тилло, 6 нуқра ва 5 биринҷӣ), Кореяи Ҷанубӣ (6 медали тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ), Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (5 медали тилло, 13 нуқра ва 12 биринҷӣ), Италия (3 медали тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ), Канада (2 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) ва Олмон (2 медали тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) дохиланд.

Инчунин дастаҳои Ҳонконг (2 тилло), Шведсия, Нидерланд, Гурҷистон, Зеландияи Нав, Белгия, Қазоқистон, Африқои Ҷанубӣ, Хорватия, Гватемала, Ирландия, Руминия, Аргентина, Озарбойҷон, Эквадор, Словения, Сербия ва Узбекистон ҳам яктоӣ медали тилло гирифтаанд.

То ҳоло варзишгарони 48 кишвар медал ба даст овардаанд, аз ҷумла намояндагони 28 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз гардидаанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, инчунин тимҳои Австрия, Миср, Испания, Юнон, Словакия ва Тоҷикистон бо яктоӣ медали биринҷӣ дар ҷойгоҳи 44-ум қарор доранд.

ҶОИЗАҲО БА ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ ПОРИС

Дар асоси низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ медали тилло мегиранд, ба маблағи 300 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд. Барои медали нуқраи олимпӣ ҷоизаи молӣ ба маблағи 250 000 сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар Олимпиадаи Порис-2024 барандагони медали тилло мешаванд, манзили сеҳуҷрагӣ, медали нуқра - дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Дар зимн, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони аз соли 1996 ширкат варзида, то имрӯз панҷ медал (1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Аммо дар Олимпиадаи Токио-2020 варзишгарони тоҷик натавонистанд медал бигиранд.

XS
SM
MD
LG