Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё хобҳои мо воқеият доранд?


Як хонандаи сомонаи Радиои Озодӣ бо номи Дидавар Бекзода, аспиранти соли дуюми Академияи илмҳои Тоҷикистон матлаберо дар мавзуи хобу хоббинӣ ба мо фиристодааст ва хоҳиш кардаст, ки ба нашр расонем.

Масъалае, ки мо дар борааш сухан мегӯем, ин масъалаи хобу хоббинӣ мебошад. Баҳс дар масъалаи хоббинӣ аз даврони қадим то инҷониб давом дорад.

Масъалаи хоббинӣ аз як ҷиҳат оддӣ менамояд, вале аз ҷиҳати дигар мушкилу печида. Чаро? Чаро ки протсессҳо (равандҳо)-и физиологиву биологие, ки дар майнаи сари инсон мегузаранд, бетаъсир нестанд. Яъне таъсири худро доранд. Мисли гуфтаи файласуф ва шоири итолиёӣ Лукретсий Тит Кар (асри 1-и пеш аз мелод таваллуд соли 99 вафот соли 55) «Аз ҳеҷ чиз, ҳеҷ чиз ба вуҷуд намеояд».

Яъне ҳар чизе ё ҳодисае сабаби худро дорост. Ягон сабабе шуда чизи дигар пайдо мешавад. Хоббинӣ бе ягон сабаб вуҷуд дошта наметавонад. Мисле, Рене Декарт-файласуфи фаронсавӣ гуфта буд: «Ман фикр мекунам, пас ман вуҷуд дорам».

Сабаби фикр кардани ман худи ман ҳастам. Сабаби худи ман ин будан ё мавҷудияти ман дар ин олам аст. Барои ҳамин, масъалаи хоббинӣ ҳам сабабҳои гуногун дорад. Аз ҳамин сабаб аз даврони куҳан то инҷониб китобҳое дар бораи таъбири хобҳо менавиштанд. Вале навиштаҳои даврони қадим, зери таъсири ҷаҳонбиниҳои асотирию, таърихӣ буданд. Навиштаҳое, ки дар бораи хоббинӣ дар гузашта навишта мешуданд, асоси илмиашон камтар буд. Ҳар кас ба қадри фаҳмиши худ оиди хоббинӣ шарҳҳое медод ва менавишт. Дар ин ҷо донишмандон дар назар дошта мешаванд.

Навиштаҳои гузашта танҳо ба замони худи он давра дахл доранд. Мо аз навиштаҳои таърихӣ ҳамчун сарчашмаҳои таърихӣ истифода менамоем. Ва он сарчашмаҳо ҳамчун навиштаҳои арзишманду таърихӣ нигоҳ дошта мешаванд. Ҳоло ки асри 21 аст, баҳсҳо оиди масъалаи хоббинӣ давом доранд. Ҳар донишманде таъбири хобҳоро ба таври худ ва аз диди фалсафаи худ шарҳу эзоҳ медиҳад, ва дар назди инсоният баъзе аз чунин саволҳое беҷавоб мемонанд:

1. Оё хобҳое, ки мо мебинем, ҳақиқат доранд?
2. Оё хобҳои мо моро аз ягон ҳодисае огоҳ месозанд?
3. Оё ин хобҳои мо моро дар ҳал намудани мушкилиҳои зиндагиамон кӯмак мерасонанд?
4. Оё хобҳои мо дар бораи оянда ба мо чизеро мефаҳмонанд?

Аз ҳамин қабил саволҳо баъзан пеши назари инсоният меоянд. Баъзан хоб меравем, хоб мебинем. Баъзан хоб меравем, вале хоб намебинем. Баъди бедор шудан хобҳоямонро фаромӯш мекунем. Баъзан қисмате аз хобҳоямон дар ёдамон мемонад. Оё сарчашмаи ин хобҳоро аз куҷо ҷӯем? Аз кӯдаки хурдсол сар карда, то пиронсолон хоб мебинанд.

Вале таъбири хобҳои худашонро ба дурустӣ фаҳмиданашон бисёр мушкил аст.

Баъзе одамон ба хобҳои дидаашон бовар мекунанд. Баъзе одамони дигар, баръакс, бовар намекунанд. Хоббинӣ як падидаи печидаи номаълум менамуд ва менамояд.

Вале дар асрҳои охир олимоне пайдо шудаанд, ки ба ин қабил масъалаҳо, аз ҷумла масъалаи хоббинӣ диққати махсус додаанд. Яке аз ин олимон, психолог Алфред Адлер мебошад. Ин донишманди соҳаи психология дар яке аз китобҳои муҳим ва машҳури худ бо номи «Мафҳуми зиндагиро дарёбед» масъалаи хоб ва хоббиниро бисёр ба таври реалӣ, воқеӣ ва обективона шарҳ ва ҳал намудааст. Аслан ҳақиқати мутлақ дар илм вуҷуд надорад. Вале Алфред Адлер ҳақиқатро дар масъалаи хоб ба қадри имкон ошкор карда, нишон додаст.

Алфред Адлер дар китоби худ бо номи «Мафҳуми зиндагиро дарёбед» менависад: «Ҳар инсоне хоб мебинад, вале касоне, ки маънои воқеии хобашонро бифаҳманд, хеле кам ҳастанд. Дар хоб баъзан маъниҳои аҷоиб аст».

Алфред Адлер тарафдори мактаби психологияи фардӣ мебошад. Аз гуфтаи Адлер, хобҳои аввалин таъбирҳои илмӣ надоштанд. Дар қадим мардум ба хоб бовар доштанд. Хобро хабаре дар бораи оянда мефаҳмиданд. Барои онҳо хоб маънои махсус дошт. Мисли он ки масъалаҳои оянда аз тарафи Худованд ба онҳо илҳом гардида бошад. Дар қадим китобҳое вуҷуд доштанд дар бораи таъбири хоб, ки аз оянда хабар медоданд. Одамон дар қадим бисёр ба хоб бовар доштанд. Барои рафъи хатар аз хобҳое, ки медид, қурбонӣ мекард. Масалан, юнониҳову мисриҳо барои он ки хоби хуб бинанд, дуо мекарданд, амрикоиҳо ғусл (шуста ва пок) намуда, дуо мехонданд. Алфред Адлер мегӯяд, ки дар хоб ҳуш ва огоҳӣ кам кор мекунад. Дар хоб инсон фақат дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли мушкилие мебошад, ки онро дар бедориаш дорад. Аз назари Адлер, байни бедорӣ ва хоб пайвастагӣ вуҷуд дорад. Ӯ мегӯяд, ки агар мо ба ягон мушкилӣ гирифтор шавем, хоби хуб рафта наметавонем.
Гоҳе мешавад, ки хобҳои даҳшатангез мебинем. Мумкин аст аз тахти хоб ба поён афтем. Ин далели робитаи пайвастаи байни бедорӣ ва хоб мебошад. Дар хоб ҳамон мушкилие, ки дар зиндагӣ дорем, онро мебинем.

Инсон он гоҳ хуб хоб меравад, ки асабаш ором бошад ва ягон ташвишу изтироб надошта бошад. Яке аз сабабҳо ва омилҳое, ки ба хоби роҳати шахс халал мерасонад, рӯъёҳо (хаёлҳо) мебошанд.

Хулоса, далели хоб дидан рӯ ба рӯ шудан бо мушкилиҳое, ки дар зиндагӣ дорем, вобаста мебошад.

Алфред Адлер мегӯяд, ки агар мо дар рӯз дучори уқда (коплекс)-и худбузургбинӣ бошем, ҳатман шаб ҳам дар хобамон дар бораи худбузургбинии худамон хоб мебинем. Худбузургбинӣ худро бузург эҳсос намудан мебошад. Масалан, инсоне шоир аст, аммо он қадар шоири машҳур ва маъруф нест. Шояд шоири хуб бошад. Шоир худро шоири аз ҳама бузург тасаввур мекунад. Вале чизи асосӣ ин аст, ки бузургии ӯ фақат дар фикру хаёлу тасаввури худи ӯ мебошад. Ҳамин хел падидаро дар психология уқда (коплекс)-и худбузургбинӣ меноманд.

Аз рӯъёҳо (хаёлҳо)-и шахс мешавад фаҳмид, ки ӯ чӣ орзӯе дорад. Адлер мегӯяд, хоб як пуле (купруке) байни мушкилии зиндагӣ ва тарзи фикри инсон мебошад.

Аксар шахсҳо хоб мебинанд, ки парвоз мекунанд. Таъбир ва маънии чунин хоб ин аст, ки он шахс мехоҳад аз ҳама мушкилот фирор кунад. Ӯ худро мебинад, ки аз поён ба боло парвоз мекунад, зеро шахсест, мансабталош ва баландпарвоз. Ӯ ҳатто дар хоб ҳам наметавонад худро аз дасти ин мансабталошӣ озод кунад.

Баъзе аз одамон хоб мебинанд, ки аз ҷой афтодаанд. Ин хоб нишон медиҳад, ки шахси хоббинанда ҳамеша нигарони шикасти худ аст ва қудрати рӯ ба рӯ шудан ва аз байн бурдани мушкилоти худро надорад. Ин қабил хобҳо аксар барои шахсоне пеш меоянд, ки дар кӯдакӣ ҳамеша таҳти назар ва муроқибати зиёд буда, онҳоро аз анҷоми ҳар амал тарсондаанд. Масалан, даст назадан ба сандалӣ (плита), он ҷо нарав, ки мемирӣ, наздики оташ нарав, месузӣ ва ғайра. Ин гуна бачаҳоро ҳамеша аз хатар тарсондаанд. Ҳол он аст, ки ҳамеша зиндагӣ бо хатарҳое рӯ ба рӯ аст ва ҳеҷ кас ба ӯ кӯмак накардааст, ки чӣ гуна ба хатар рӯ ба рӯ шавад ва худро наҷот диҳад.

Хулоса, ба таври куллӣ рӯъёҳо (хаёлҳо) боқимондаҳои хаёл ва орзуҳову хоҳишҳои ҳар шахс мебошад. Ин хоҳишҳо аз зиндагии ӯ мебошанд. Яке аз мисолҳои дигаре, ки хобро возеҳ ва равшантар нишон медиҳад, ин аст, ки Алфред Адлер чунин мегӯяд. Ин мисол дар бораи як духтаре буд, ки бародарашро дар натиҷаи тасодуф аз даст дода буд. Духтаре, ки бародараш дар натиҷаи тасодум (авария) мурда буд, ҳамеша хоб медид, дар ҷое қарор дорад, ки ба хатар афтоданаш зиёд аст ва ба ӯ дастур медиҳанд, ки эҳтиёт бошад ва ё дар об меафтад ва аз хоб мепарид. Аз ин хоби духтар бармеояд, ки ин гуна хобҳо дунёи фикр ва ҳолати зиндагии рӯзонаи ӯ мебошанд.

Эзоҳ: Алфред Адлер психологи австриягӣ буд. Солҳои зиндагияш 1870-1937 мебошад. Алфред Адлер муҳимтарин қисмати мутолеоту таҳқиқоташро дар бораи психологияи фардӣ анҷом дод. Алфред Адлер дар китоби «Мафҳуми зиндагиро дарёбед», тамоми қудратро рӯи як фард бо шахсияти солим мутамарказ кардааст.

Дидавар Бекзода, аспиранти соли дуюми Академияи илмҳои Тоҷикистон.
Дидавар Бекзода, аспиранти соли дуюми Академияи илмҳои Тоҷикистон.


Дидавар Бекзода, аспиранти соли дуюми Академияи илмҳои Тоҷикистон.
XS
SM
MD
LG